Базми шодӣ анъанаи зебосту мардумӣ, ки бо маросими пурмуҳтаво рангину дилкаш ҷилва мехӯрад ва дар худ намунаҳои нахустин зиндагинома ва боварҳои аҷдодро нигоҳ медорад. Намоишномаи ҷолиб ва ғалатӣ низ ҳаст. Ёд биёред маросими «саршӯён», «арӯсбаророн», «арӯсбарон» ва сурудаҳои ба ин расм хосро. Танҳо як базми одӣ ва ба хотири хӯрдану рақсидан нест. Базмест хосияти қудсӣ дорад ва мусиқию матни сурудаҳо тақвиятбахши ин манзараанду таҳрикдиҳанда.
Базм дар муддати асрҳову солҳо тағйироти миқдориро сипарӣ кардааст, на сифатиро. Яъне, дигаргуниҳо дар мазмун ҳаст, вале дар моҳият, ки шодмонӣ аз комгории ду навҷавон дар роҳи зиндагии мухтор ва бунёди ҷаҳони нав мебошад, нест.
Базми шодӣ як анъанаи устувор ва занҷирадори бо маросим ва рамзҳо ифода ёфта, аз силсилаи расмҳои пай дар пай аст, ки бо қонуну қоидаҳои маъмул, урфу одат пойдор мегардад. Яъне, сенарияест, ки бобоёну падарон бунёд ниҳода, вобаста ба ҳар насл мукаммал мешавад. Ҳамаи амалиёт барои инсон ва ба хотири инсон рӯйи кор меояд. Ва мардум барои нишоту рангинӣ ҷаҳони беҳу беҳтаре созмон медиҳаду орзуву ормонро ба шароит мувофиқу мутобиқ месозад ва моддиётро бо эҳтиёҷи ботинӣ мутобиқу ғанитар мегардонад.
Инсон дар асрҳои тӯлонӣ дарёфт, ки оила дахлнопазир, муҳимтар ва муқаддастар аз созмонҳои дигари иҷтимоӣ аст. Ба бахту саодат замина мегузорад, муҳаббат ва садоқатро меафзояд ва бавуҷудоварандаи насли солим аст. Барои муҳаббат ва дарёфти саодати шоиста муҳим мебошад. Асадии Тӯсӣ дар «Гаршоспнома» муколамаи Қайсари Румро бо духтараш меорад. Шоҳ аз хостаи духтараш -Гаршосп, ки ориётабор аст, изҳори нигаронӣ мекунад. Ва духтар асноди мантиқӣ рӯи шоҳ мекашад:
Занонро бувад шӯй кардан ҳунар,
Бари шӯй беҳ зан, ки назди падар...
Зан арчанд бочизу бообрӯй,
Нагирад дилаш хуррамӣ ҷуз ба шӯй.
Чу ним аст танҳо зан, арчӣ накӯст,
Дигар нимаш сояи шӯйи ӯст...
Ҷузъи таркибии базми шодӣ суруду таронаҳои шодибарангез ва мусиқист. Арӯсӣ ва базми шодӣ дар водии Кӯлоб бе намунаи ин шеваи мардумӣ чизе нест. Яъне, коста ва номукаммал аст.
Сурудаҳои базму шодӣ таърих аст ва таърих дар адабиёти шифоҳӣ. Сабки шоёни сароиш каломи пурмазмуну шодибарангез, чида ва полудаву қудсӣ мисли ояҳои китобҳои осмонист. Ҳар суруд як китоби зиндаи таърихи санъати тоҷик ба шумор меравад. Мусиқии асл ва матнҳо, ки ба ҳам тавъаманд, кори олист ва гулчини таронаҳои мардумӣ ороиши он аст. Сабки сароиш, нолишҳо ва авҷу фуруду фарозҳо бо сароянда ва салиқаву таҷрибааш дар иртибот мебошад.
Арзишмандии таронаҳо дар арӯсбаророн ба ҳикмати шинохти инсон иртибот дорад. Масалан, «Гул баро аз хона, Дар дасти гул дастмона» ё «Бурор, бурор хушрӯра, Хушрӯи серабрӯра».
Маросими аз хонаи падар баровардани арӯс амр надорад. Як хоҳиш аст, аммо раванди сода нест. Ҳар чи ҳам набошад, инчунин раванд садсолаҳо шакл гирифта, бо андарзу ният омезиш хӯрдааст. Аз хонаи падар, аз макони омӯхта бадар рафтан бо талабу амр иҷро намешавад.
Арӯсӣ ормону орзуи ҷовидона аст. Ва оростану озин бастани дару пога, ороиши арӯс бо гӯшвору дастмонаву зираву қуфли гиребону ангуштарӣ ва сарупо ва ифода ёфтани он дар таронаҳо паҳлуи дигари арзишманди маросим будааст.
Сурудҳои шодиовар андар сартарошон моро ба умқи таърих мебарад. Сарояндагон дар симои шаҳ шахси масъул, озода ва покро ситоиш мекунанд. Бо назокату нафосат орзуву таманниётро арзонӣ медоранд. Маросим хосияти урфӣ дорад. Аҳли табор ва дӯстон ба сарояндагон ҳамовозӣ мекунанд, ки ба хурсандӣ шукӯҳу иззат меафзояд.
«Сартарошонеме метарошонеме» хосияти муайянкунандаи амал ба шумор рафта, борҳо такрор мешавад ва ҷамъомадагонро ҳушдор медиҳад ва талқин ба базм мекунад.
Усто қуланги сартарош,
Сара покиза тарош.
Очаи шаҳ ба ту мегум,
Дар сари шаҳ танга бичош.
Ба ҳунармандон аз даврони пешин эҳтиром қоил буданд ва ҳамчун шоистагон эътироф мешуданд. Бо аз бар кардани асрори суруду садои фораму донистани соз, ки насиби ҳар кас набуд, соҳибэҳтиром буданд. Сартарошон низ шахсони одӣ нестанд, ки теғу кордро ба даст бигиранд. Эшон муборак, солдида ва покдилу покдин буданд (ба ёд биёред «мӯйсаргиронро»). «Сартарошон» як маросими зебоесту озода. Матоъ омода мекунанд гирди гардану китфи шаҳ, ки мӯйҳо ба замин нарезанд. Дар он матоъ рамзи самару бахт тухмҳои ранга, пулу ороиш меандохтанд. Сартарош мӯйи тарошидаро зери дарахти самаровар таги хок мекард, ки анъанаи хеле куҳан аст ва ишора ба шарафи инсон ва қудсиёти маросим аст.
Маросими дигаре, ки дар суруду тарона муҷассам мешуд, «гулобгирон» унвон дошт, ки то андозае фаромӯш шудааст. Гулобгирон баргузида буданд чанд тан, ки аз гулу гиёҳи хушбӯй моеъ омода мекарданд, барои оростани шаҳ. Чуноне айни он дар маросими «саршӯён» ва «руғангирон» ба мушоҳида мерасид. Ва қабл аз сартарошон ба вуқӯъ мепайвандад. Доирае аз сарояндагони «гулобгирон»-ро таҳрик медиҳанд: «Гулобгирон кай меойӣ, Ай боғи Мирон кай меойӣ»!
Маросими дигаре, ки басо дилбар аст, «пеши тахт гузоштани шаҳу арӯс мебошад, ки бо ҳамовозии ҳофизон баргузор мешавад». Тахтро аз рахти арӯс месозанд, ки бо гулдӯзиҳои зебо оро ёфтааст. Нахуст муроҷиат ба шаҳбача аст: «Болои тахти заре, Арӯси нав дар баре…»
Шаҳ (шаҳбача) либоси фохир дорад ва даҳону биниашро бо рӯймолчаи гулдӯзӣ, ки шояд маҳсули дасти арӯс аст ё хоҳару модар, панаҳ мекунад. Ин ба урф вобаста аст, ки шаҳбачаро аз чашми бад нигоҳ медорад. Дар сар тоқии чакан ё дастор дорад. Дастор ҳама давру замон хоси мардон буд ва ба қавли Страбон (солноманигори юнонӣ) аз Модҳо (а. VI то милод) нишон аст. Тоқӣ бошад бо нақшҳо ребу ранг дода мешуд ва шероза дошт. Одат буд, ки соҳибсур ё сарвари хонаро ҳангоми оши маслиҳат тоқии нав мепӯшонанд. Ва дар базми шодӣ танинандоз шудани суруди «Акаи тӯйдор давлат ба сарат», аз ҳамин анъана берун шудааст. Ва низ ишора ба арӯс доранд: «Болои тахти зарнигоре, Наргиси масти пурхуморе».
Ва тарона ва рубоиҳои мувофиқе бо суруд меомезанд, ки таҳрикангезанд ва шодиафзо, талқингари покиву озодагӣ ва садоқату муҳаббатанд.
Инчунин, маросим аз мартабаи қудсии шаҳу шаҳбону далелу дастак аст. Чанд аср ин маросим бе тағйир вомондааст. Чуноне, дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ омодагии Рӯдоба арӯси Зол ба базми шодӣ хубу зебо тасвир мешавад:
Бисоте биафканд пайкар ба зар,
Забарҷад дар ӯ бофта сар ба сар.
Ва тахти заррин ниҳоданд, ки:
Ҳама пайкараш гавҳароганда буд,
Миёни гуҳар нақшҳо канда буд.
Яқин аст, ки базми шаҳону шаҳзодаҳо шукӯҳу бузургии дигар дошт. Вале мазмун якест. Дар шаҳон тахти воқеӣ ва дар тоифаҳои дигар бо рамз ишора мешавад ва аз рӯйи масъулият ва эҳтироми ширкатварзон шаҳу маҳ (шаҳу арӯс) рост меистанд.
Ишораи зебо, ки нақароти суруд танинандоз мешавад: «Ҳати шаҳ чӣ гуфтӣ, Монанди гул шукуфтӣ», аз мақоми хоси шаҳи базм аст. Чуноне «ҳати шаҳ» ҳамон ихтисоршудаи «ҳазрати шаҳ» аст. Мебояд ба ҷараёни маросим эътимод кард, ки пухта ва санҷида шудаанд.
Ҳине, ки шаҳ ба хонаи арӯс ворид мешавад, садои дӯстону аҳли табори шаҳ танин меандозад:
Мо ба ин хона ба шод омадаем,
Шод бошед, ки салом омадаем.
Ин қабил сурудаҳо шодибарангезанду бо чеҳраи хандону лаҳни ширини гуфтор фасеҳ ва гуворост. Ҳама ҷо озину ороста аст, ки шукӯҳи базмро дучанд мекунанд.
Дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ҳамин ҳолат бошукӯҳтар ба назар меояд:
Ту гуфтӣ дару бом ромишгар аст,
Замоне ба ороиши дигар аст…
Золро шодон ва бо шукӯҳу иззат пешвоз гирифтанд. Сом, ки падар буд аз модари Рӯдоба Синдухт дидори келинашро тақозо кард. Як ишораи зебои тоҷикона ҳамин ҷо аз эътибор дур намемонад. «Бад-ӯ гуфт Синдухт: «Ҳадия куҷост…?» Сом посух дод, ки чӣ мехоҳанд:
«Зи ганҷу зи тоҷу зи тахту зи шаҳр,
Маро ҳарчи бошад, шуморост баҳр…»
Посухаш мисли ҳар хусури тоҷик аст, ки ҳини рӯйбинон хонаву дару дороиро мебахшад.
Мувофиқи «Шоҳнома» шаҳу арӯсро пеши тахт мебароранд, ки дар достон тасвир ҳирфавӣ ва хеле рӯшан аст:
Ба як тахташон шод биншонданд,
Ақиқу забарҷад барафшонданд.
Сари моҳ бо афсаре зарнигор,
Сари шоҳ бо тоҷи гавҳарнигор…
Бо ин расм базм боз ҳам идома мекунад. Як силсила вожаҳои чида ва рубоиҳо вомехӯранд, ки аз қадимияти маросим дарак медиҳанд.
Сурудҳои шодиёна хазинаи бебаҳоянд, ки аз даврон ба даврон расида, аз таҷриба заҳида ва аз ҳаводисе ёдовар мешаванду як китоби пурмуҳтавоянду фарогири базму хурсандӣ.
Ҷонибек Асрориён,
фарҳангшинос