Сурудаш бо номи «Тори дутори ҷонон баҳор оварад» ба саҳифаи ҳаёташ ранги тозае бахшид. Санъатшиносе дар замири ӯ ҷавҳареро дид ва ӯро дар пайраҳаи ҳунар ҳидоятгару раҳнамо шуд. Кунун ӯйи дилбастаи ҳунар дар ин роҳ гомҳои устувор гузошту муаррифгари санъати миллӣ дар арсаи байналмилалӣ гардид…
«Мадинабону Шарифова, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон», - пас аз муаррифии ровӣ, духтараки бодомчашму резапайкаре, бо табассуми малеҳ ва мӯйҳои сиёҳи ба қад, либоси миллӣ ба бар рӯи саҳна падид омад. Бо ҳузураш саҳнаи зеборо боз ҳам зеботар намуд. Бо ҷӯри мусиқӣ суруди «Зулфи мушкин»-ро аҷаб зебо ва ҷаззоб суруд. Ин саҳнаи Фестивал-озмуни VII байналмилалӣ, эҷодиёти халқ «Деҳаи кӯдакӣ» буд, ки дар он намояндагони 30 давлати ҷаҳон ширкат доштанд. Чун суруд анҷом ёфт, кафкӯбиҳои аҳли толор то дергоҳ хомӯш нашуд. Аъзои ҳакамон, ки ҳамагӣ мутахассисони сатҳи баланди соҳаи мусиқӣ буданд, ба ҳунари ӯ қоил монда, барояш ҷойи аввалро сазовор донистанд. Мадина бо дипломи ҷашнвораи бошукӯҳ сарфароз гардид.
Ин фестивали бонуфуз шурӯъ аз соли 2007 ҳамасола дар Федератсияи Россия баргузор мегардад, ки нафарони аз 4 то 82 - сола ҳаққи дар он ширкат карданро доранд. Имсол фестивал, ки дар он Мадинабону ҳунарнамоӣ кард, дар қасри эҷодии ноҳияи Пушкини шаҳри Санкт-Петербург доир гардид.
Баъди ғолибият Мадинаро ба озмуни «Мавҷи Онега» («Онежская волна») миёни сарояндагони синни то 18 ба шаҳри Петрозаводски Россия даъват намуданд. Дар ин озмун низ Мадина бо истеъдоди воло суруди халқии «Наврӯзӣ»-ро замзама карду бо лаҳни шакаррезаш аҳли толорро ба ваҷд овард. Ва ӯ Лауреати дараҷаи 1-и Озмун-фестивали 7-уми «Мавҷи Онега» гардид…
Дарёфти ҳунар
Ин чеҳраи ширину назаррабо бароямон ошност. Духтаракест, ки ҳанӯз соли 2016 дар маросими пешвозгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода суруди «Тори дутори ҷонон баҳор оварад» -ро бо дутор замзама намуда буд. Ҳамагон мафтуни садои ширадору ҳунари хунёгарияш шуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мадина Шарифова тавсия доданд, ки дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев таҳсили хешро идома бахшад. Хурсандии духтаракро, ки чунин орзуи деринро дар дил мепарварид, ҳадду канор набуд…
Модар низ дар сайқал додани ҳунари фарзандаш саҳми бузург дорад. Истеъдоди хуби духтарашро кайҳо дарк карда буд ва бо раҳнамоиву дастгириҳои зиёди модарона ин гавҳарро месуфту рахшон мекард. Аҳли хонавода ба лаҳни дилнишини ӯ бо ҳаяҷону ифтихор гӯш меандохтанд. Ҳамин ки модар аз кор хаста бармегашт, Мадина дарҳол дутор ба даст мегирифту бо оҳанги дилангез суруд замзама мекард. Модар менозиду меболид ва хастагиаш рафъ мегардид.
-Овони хурдсолияш дарк мекардам, ки духтарам мусиқиро дӯст медорад. Ин буд, ки ҳуҷҷатҳои ӯро ба мактаби санъати бачагонаи шаҳри Турсунзода супурдам. Дар тамоми чорабиниҳои шаҳри Турсунзода Мадина даъват мегардид. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истеъдоди ӯ баҳои арзанда доданду ӯро барои рушди ҳунар раҳнамоӣ намуданд, - иброз дошт Дилбар Шарифова, модари Мадина.
Ғунчае дар боғи Истиқлол
Ҳоло Мадина Шарифова дар синфи 10-уми Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев таҳсил менамояд. Ӯ миёни ҳамсабақону омӯзгорон маҳбубият пайдо кардаву сазовори эҳтироми ҳамагон гаштааст. Иштирокчии фаъол ва гули сари сабади тамоми чорабиниҳои мактабист. Устодони ин даргоҳ - Дилшод Ғуломов, Хосият Шарифова, Қурбони Қурбониён ва дигарон дар ин ҷода ӯро ҳидоятгаранд. Муваффақияти хешро Мадина аз заҳмати устодонаш медонад. Пайваста дар такопӯсту хондани асарҳои баландмазмунро низ дӯст медорад. Ӯ хонандаи доимии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аст.
- Дар Тоҷикистон барои таҳсилу соҳибкасб гардидани насли наврас беҳтарин шароит муҳайёст. Танҳо моро мебояд, ки ин имкониятҳоро самаранок истифода барем. Шахсан мекӯшам, ки ягон лаҳзаи вақтро зоеъ нагузаронам дар озмунҳо худро номнавис мекунам, ба курсҳои забономӯзӣ меравам, барои мутолиаи китоб ба китобхона меравам ва ба модарам ёрӣ мерасонам, - гуфт Мадинабону.
Мадина Шарифова дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар номинатсияи сарояндаи жанри эстрада сазовори ҷойи аввал гардида, бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода қадрдонӣ шудааст.
Ӯ аз уҳдаи навохтани думбра, дутор, фортепиано ба хубӣ мебарояд ва ният дорад, ки танбӯру доиранавозиро низ омӯзад. Мадинабону то кунун зиёда аз 10 суруд таҳия намудааст ва алҳол пайи эҷоди суруде бо номи «Пешво» ҷадал дорад.
- Оҳангҳоро худи Мадина эҷод менамояд ва, азбаски ҷавон аст, баъзан дар ин кор ба мушкилиҳо дучор меояд ва барои ҳалли онҳо то поси шаб намехобад. Хуб мебуд, ки устодон, оҳангсозони ботаҷриба ба ӯ ёрӣ расонанд ва дар банду басти суруду оҳангҳо раҳнамояш бошанд,- мегӯяд модари Мадина.
- Мехоҳам аз бузургтарин сарояндаҳову бастакорон ва суханварон сабақ омӯзам ва ҳунари худро ба зинаҳои баланди касбӣ расонам. Мусиқиву суруди волои тоҷиконро дар саҳнаҳои бузургтарини дунё ба ҷаҳониён муаррифӣ намоям, - гуфт дар фарҷоми дидор Мадинабону Шарифова.
Фарзона ВОСЕЕВА,
шаҳри Турсунзода