Радиои Тоҷикистон – макони муътабар, ки замоне устодони забардасти адабиёти тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Ҷумъа Одина, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Меҳмон Бахтӣ ва даҳҳо нафари дигар, бевосита ё бавосита ин ҷо фаъолият намуда, дар бунёди расонаи умумимиллӣ саҳм гузоштаанд. Имрӯз наслҳои наву дигаре ба майдон омада, бо ҳунари воло, дониши расо, қалами хуб ва садои хушашон анъанаҳои неки ин суханварони вологуҳарро идома медиҳанд. Миёни сулолаи эҷодкорон, насли аз ҳама ҷавон ва қавӣ онҳое мебошанд, ки фаъолияташон ба даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Ин айём як зумра ҷавонони лаёқатмандро ба арсаи эҷод овард, ки на танҳо бо донишу ҳунар, балки бо кору пайкор, қуввату ғайрат ва ҷасоратмандиашон фарқ мекунанд.
Фазилати Иброҳим - духтараки ситорагарму резапайкар ва чаққону дидадаро яке аз ҳамин насли ҷавону пурғайрат аст.
Замоне ба кор омад, ки дар ин даргоҳ, аллакай як таҳаввулоти калоне рух дода, равиши кор ба тарзи нав ҷараён дошт. Бо таъсиси шабакаи «Садои Душанбе» бори аввал дар таърихи радиои тоҷик, журналистони навоваре ба кор омаданд, ки шакли ҷадиди пахши барномаҳоро ба роҳ андохтанд. Маълум, ки дигаргуниҳою таҳаввулотҳо худ аз худ ба вуҷуд наомада буданд ва дар пушти он нафари неруманде меистод, ки бо иродаи қавӣ ва донишу заковати бемисли худ ҳама рӯйдодҳоро таҳлил мекард. Ин кас роҳбари вақти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нависанда, рӯзноманигор ва режиссёри фақид Сайф Раҳимзоди Афардӣ буд. Эшон тавонист дар фурсати хеле кӯтоҳи сарварӣ бисёр чизро аз дигар бунёд кунад, бисозад ва бо хости дилу муносиби ҳунари худ ба роҳ монад. Таъсиси шабакаи «Садои Душанбе» як амале аз ин сиёсати ислоҳотгароёнаи Сайф Раҳимзод буд…
Фазилатро, ки ҳамагӣ дар зинаи савуми риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил дошт, барои кор ба шабакаи «Садои Душанбе» ҷалб намуданд. Ӯ, ҳарчанд ки дар донишгоҳ таҳсил мекард, қуввату ғайрат ва донишу малакааш на камтар аз кормандони касбӣ буд. Бо кормандони даргоҳ дар як саф истода, корро бо усули ҷадид оғоз намуд.
Маълум, ки дар паси ин ҳама, чӣ қадар заҳматҳо, ҷустуҷӯҳо ва такопӯю бедорхобиҳо ниҳонанд. Фазилат, ки иродаи қавӣ ва азми комил дошт, ин ҳамаро пушти сар кард. Баъди хатми донишгоҳ корашро идома дод ва дигар ҳеҷ гоҳ аз ин роҳи интихобкардааш даст накашид. Ин буд, ки саранҷом чун журналисти навовар ва фидоии ҳақиқии радио ба камол расид…
Бале, ӯ дар ин даргоҳ фаъолият намуда, зара -
зара таҷриба андӯхту устухон сахт кард. Ҳеҷ гоҳе аз мушкилии кор наҳаросид. Аз таассуб, таъсирпазирӣ ва сахтӣ, лаби шиква накшод, балки ҳама шикасту рехтҳои қисматро таҳаммул кард. Мардонавор аз гузашти рӯзгор, аз омаду ноомадҳои зиндагӣ сабақ бардошта, то ба ин ҳад расид…
Ӯ, бо вуҷуди ҷавон будан, имрӯз дар Радиои Тоҷикистон, ба ҳайси корманди собиқадор шинохта мешавад. Дар ибтидо чанд сол дар вазифаҳои котиби масъул ва муовини сармуҳаррир дар шабакаи «Садои Душанбе» фаъолият кард. Баъдан, лаёқат ва қобилияти хуби ташкилотчигияшро ба инобат гирифта, ӯро ба вазифаи муовини директори Радиои Тоҷикистон пешбарӣ намуданд. Пас аз муддате ӯро чун нафари таҷрибадор ба шабакаи «Овози тоҷик», ки калонтарин идора дар Радиои Тоҷикистон маҳсуб мешавад, роҳбар таъйин карданд. Баробари ба кор оғоз кардани ӯ, дар ин ҷо пешравиҳои зиёде ба вуҷуд омада, шароити кор беҳтар гардид. Ҳатто мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ иваз шуда, масъулияти кормандон низ ба кор тағйир ёфт. Фурсати зиёде нагузашта шабакаи «Овози тоҷик» аз расонаҳои бонуфузи хабарии Тоҷикистон будани худ дарак дод. Маҳз дар ин давра як зумра ҷавонони қобилу эҷодкор дар гирди ӯ ҷамъ омада, аз худ садо рӯшан карданд. Имрӯз Фазилат дар ин шабака фаъолият надорад, вале ин ҷавонони садоқатманд, худро аз шогирдони ӯ меҳисобанд…
Банда низ аз ҷумлаи эътиқодмандони ӯям. Ростӣ, дар ӯ сифатест, ки дар дигарон камтар ва ё умуман намебинем. Нахуст: ҷасорати баланд, дувум: ростию росткорӣ, савум: ҳалолкорию заҳматписандӣ, чаҳорум: наварзидани кина ва парҳез кардан аз ҳама гуна атвори шар.
Фазилат боз дар ин баробар як каси одӣ ва хоксору заминист, вале ҷиддӣ, сахтгир ва принсипнок. Бисёр мушоҳида кардаам, ки дар мушкилтарин лаҳзаҳо низ аз қавли додааш даст намекашад ва кореро, ки ваъда додааст, анҷом медиҳад.
Ҳангоми сармуҳаррири шабакаи «Овози тоҷик» буданаш, шунидам, ки 65 – солагии таъсиси шабакаро ҷашн гирифтанист. Ба дил меандешидам, ки ин кораш ношуданист. Зеро медонистам, ки аз камбуди маблағ, аз ин дида, ҷашнҳои муҳим таҷлил намешаванд, куҷо расад, ба ҷашни як шабака. Аммо ҳафтае нагузашту Фазилат ин ҷашнро дар кохи Ҷомӣ, ки он овон пойбарҷо буд, дар ҳузури роҳбарияти кумита, собиқадорони соҳа ва меҳмонони зиёд, бо иштироки беҳтарин сарояндагони дастаҳои ҳунарӣ, хеле шукӯҳоро доир намуд. Ҷашн, воқеан, мутантан сурат гирифт ва заҳматҳои кашидаи кормандони расона дар тӯли 65 сол, дар сатҳи зарурӣ нишон дода шуд.
Фазилати Иброҳим дар баробари журналисти закӣ, доно ва соҳибсухан будан, боз дорои садои ширин ва зебою марғӯладор аст. Дар радио чизи аз ҳама муҳим доштани садои хуб, пурқувват ва ширину марғӯладор аст…
Ин аст, ки садои ӯ дар таҳияи барномаҳои радиоӣ хеле зиёд истифода мешавад. Фазилат нозукиҳои ин ҳунарро аз устодони сухандон ва наттоқони маъруфи радио: Марҳабо Юсуфова, Абдурашид Хуҷамқулов ва Хайрулло Иброҳимов омӯхтааст ва дар гуфтори ӯ таъсири ҳунари ин устодон мушоҳида мегардад.
Радиои Тоҷикистон дар баробари як расонаи бонуфуз будан, боз чун мактаби бузурги тарбияи журналистон низ эътироф шудааст. Ин ҷо бештар равияҳои озмудашудаи мактабҳои эҷодии журналистони варзида таъсиргузоранд. Фазилат худро аз шогирдони мактаби эҷодии «Садои Душанбе» медонад ва Ҷонибек Асрориёнро устоди худ мешуморад.
- Ҷасоратмандӣ, ростқавлӣ, ростгӯӣ ва наҳаросида баён доштани фикрро ман аз устод Ҷонибек Асрориён омӯхтам, - мегӯяд ӯ ва меафзояд, - ӯ ба мо талқин мекард, ки аз гуфтани сухани рост наҳаросем, то тавонем аз дурӯғ ва туҳмату буҳтон бипарҳезем. Боз мегуфт: «Вақте ки сухани ростро гуфтед, ҳисоб кунед, ки рисолати шумо анҷом ёфтааст».
Фазилат бо он ки як журналисти соҳибсухан ва ровии ширинадост, пайваста меомӯзад ва касбашро такмил мебахшад. Чанд соли охир, хеле ҷиддӣ ба кори илм шуғл меварзад. Унвонҷӯи Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад.
Имрӯз дар Радиои Тоҷикистон ба уҳдаи Фазилати Иброҳим вазифаи хеле масъулиятнок, роҳбарии бахши танзим вогузор шудааст. Бахши танзимро дар ин ҷо «дили радио» мегӯянд. Барномаҳо маҳз аз тариқи ин бахш танзим гардида, ба мавҷ мебароянд.
Алихон ЗАРИФӢ,
собиқадори Радиои Тоҷикистон