Аз оғози соли 2019 дар саросари кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ҷараён дорад, ки он ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст.
Озмуни мазкур миёни хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва намояндагони касбу кори гуногун дар чор давр доир мешавад. Беҳтарин китобхонон (ғолибони) даври якум, дуюм ва сеюми озмун аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (ноҳияҳо, шаҳру вилоятҳо) ҳавасманд гардонда мешаванд.
Даври якум дар маркази деҳот ва шаҳрак, даври дуюм дар маркази (ноҳия) шаҳр (ба истиснои шаҳри Душанбе), даври сеюм дар маркази вилоятҳо ва шаҳри Душанбе доир мегарданд. Дар даври ҷумҳуриявӣ ғолибони даврҳои вилоятӣ, минтақавӣ ва шаҳрӣ то 20 декабри соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» аз ҳар минтақа вобаста ба номинатсияҳои пешниҳодшуда якнафарӣ ба комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳамчунин, рӯйхати асарҳои адибону нависандагон, ки вобаста ба номинатсияҳо пешниҳод гардидаанд, аз ҷониби иштирокчии озмун қироат хоҳад шуд. Озмун аз рӯи чор номинатсия гузаронда мешавад, ки дар ҳар кадоми онҳо 3 ҷойӣ бо маблағҳои 13, 15, 17, 25, 30 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст:
1. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик;
2. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик;
3. Номинатсияи аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик;
4. Номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон.
Шоҳҷоиза 50 ҳазор сомонӣ буда, ба довталабе тақдим мегардад, ки аз рӯи чор номинатсияи пешниҳодшуда зиёда аз 70 % осори назмию насриро мутолиа ва ҳифз намудааст.
Комиссия ва масъулони озмун - намояндагони ниҳодҳои гуногуни кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошанд.
Омӯзгорон ва устодоне, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Сипоснома»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» сарфароз хоҳанд гашт.
«Тоҷикистон – Ватани азизи ман»
Озмун бо мақсади дарёфти шахсони боистеъдод аз соҳаи санъат, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад.
Тибқи талабот озмун аз рӯи номинатсияҳои бастакор (композитор), сароянда, навозанда, шоир ва ровӣ доир мешавад. Синни иштирокчиён дар номинатсияи композиторӣ аз 12 то 45 - сола, дар номинатсияҳои навозанда, сарояндагии академӣ, эстрадӣ ва анъанавӣ, шоирӣ ва ровигӣ аз 14 то 40 - сола муқаррар карда шудааст.
Дар озмун шоирон, бастакорон, сарояндагон, навозандагон, ровиёни ҷавони соҳибистеъдод, ки асарҳояшонро дар шакли якка ва гурӯҳӣ пешниҳод менамоянд, иштирок карда метавонанд. Хоҳишмандон шеъру суруд ва оҳангҳои нав, асарҳои мусиқии композиторони ватанӣ ва ҷаҳонӣ, намунаҳои мусиқии анъанавӣ, академӣ ва муосири тоҷикро, ки ба талаботи низомнома ва шартҳои озмун ҷавобгӯянд, бояд пешниҳод намоянд.
Теъдоди иштирокчиёни даври якум маҳдуд набуда, ба даври дуюм то 18 нафар ғолиб пешниҳод мегардад. Аз ҷониби ҳайати ҳакамон аз ҳар шаҳру ноҳия ва вилоятҳо то 10 - 12 ғолиби даври дуюм ба даври сеюм интихоб карда мешавад.
Ҳунарнамоии иштирокчиён тибқи қуръапартоӣ сурат мегирад.
Ғолибони озмун, ки бо шоҳҷоиза, диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардидаанд, ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо мекунанд.
Ба барандаи Шоҳҷоизаи озмун 50 000 сомонӣ, ҷойи якум - 30 000 сомонӣ, ҷойи дуюм - 20 000 сомонӣ ва ҷойи сеюм -15 000 сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст. Дар номинатсияи бастакор (композитор) танҳо шахсоне метавонанд иштирок намоянд, ки маълумоти миёнаи ибтидоии махсус, миёнаи махсус ва олии мусиқии касбӣ дошта бошанд.
Ҳамзамон, наврасони соҳибистеъдоди бахши таълимии назди Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, инчунин донишҷӯёне, ки тибқи бурсияҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимии соҳаи санъат дар хориҷи кишвар аз рӯи ихтисоси композиторӣ таҳсил менамоянд, иштирок карда метавонанд.
Ба озмун асарҳое пешниҳод мегарданд, ки фарогири мавзӯи зебоиҳои табиати Тоҷикистон, васфи Ватану ватандӯстӣ, сулҳу субот, Ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, ишқу ҷавонӣ, ғояҳои истиқлолияту озодӣ бошанд.
- Ин озмунҳо, мутаассифона, на ҳама вақт мувофиқи низомнома ҷараён меёбанд. Сабаби он дар камҳавсалагии масъулони мақомотҳост, ки аз кормандони соҳаи фарҳангу мактаббачаҳо зиёд истифода мебаранд. Шояд ба дурустӣ тарғиб нагардидани озмун боиси ба умқи он сарфаҳм нарафтани мардум гаштааст. Дар тарзи либоспӯшӣ, қироати шеър, навозиши асбобҳои мусиқӣ ва ғайра камбудиҳо зиёд буданд, - мегӯяд Қурбон Ғуломзода, сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Бонувони Тоҷикистон»