Ӯ дар Қирғизистон дида ба ҳастӣ во намуда, дар Ӯзбекистон камол ёфт. Бо амри тақдир маскуни Тоҷикистон гардиду маҳбуби дили ҳазорҳо мухлисони савту наво. Солҳои 1970–1980 аксар дилбохтаи истеъдоди нотакрори ҳунармандони ансамбли эстрадии «Гулшан» буданд. Раҳима Шалоэр низ яке аз сарояндагони шинохтаи даста маҳсуб меёфт. Дуэти машҳури ӯ бо Баҳодур Неъматов - «Гулумой» ва «О, дил» ҳанӯз ҳам шунавандагони худро аз даст надодаанд.
Моҳи июни соли равон, замони баргузории ҷашни 55-солагии ансамбли эстрадии «Гулшан» бо номи «Шарораи хотираҳо», ки дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев доир шуд, ҳунармандони дерини ин гурӯҳро, ки дар гӯшаву канори дунё пароканда буданд, ба ҳам овард. Раҳима Шалоэр бо дӯстони деринаш - Махфират Ҳамроқулова, Тамара Пӯлодова, Борис Катаев, Маҳбуба Боирова, Татяна Барило ва дигарон, ки замоне бо ҳам дар ин гурӯҳи овозадор фаъолият доштанд, вохӯрд, аз ташрифу ҳузури онҳо фараҳманд гардид. Аҳли толор ҳам ба по хеста, дар ҳамовозӣ бо сарояндагони маҳбуби дилҳояшон таронаҳои дерину дилошӯбро замзама мекарданд. Ҷаззобияти сурудҳои он давр то кунун аз қалбҳо зудуда нагаштааст. Ин ҷашнвора барои ҳунармандони баҳамомада воқеан шарораи хотираҳоро мемонд. Дар фарҷоми ҳар тарона ҳунармандон ҳамдигарро бо дидаҳои пурашк ба оғӯш мегирифтанд…
Ӯ муддате чанд бознишаста буд, баробари ба саҳнаи барояш муқаддас баромадан, ончунон месуруду арғушт мерафт, ки Раҳимаи ҷавони 25 - соларо мемонд. Дар саҳна чеҳраи хандону шукуфони ӯ боз ҳам шукуфтатар мешуд. Сирри зиндадилӣ ва дилрабоиро ин ҳунарманд дар зиндагии пур аз ҳусни тафоҳум ва муҳаббату самимият доштан ба атрофиён медонад.
Орзуи кӯдакӣ
Қиблагоҳи Раҳима раиси хоҷагии қишлоқ буд. Баъди анҷоми рӯзи корӣ, агарчи падар ба хона хаста бармегашт, баҳри болидахотирии фарзандонаш ба даст аккордеон мегирифту бо шӯру шавқ менавохт. Фарзандон аз ғояти фараҳмандӣ гирди ӯ мерақсиданду месуруданд. Ин буд, ки шуълаи муҳаббат ба пешаи санъатварӣ дар қалби ӯ ҷӯш зад. Зери навоҳои дилангези падар бо сидқ месуруду худро рӯи саҳнаи бузург тасаввур мекард.
- Он айём орзу мекардам, ки мутрибони зиёде рӯи саҳнаи калон навозанду ман суруд хонам. Падару модарам аз орзуҳоям бохабар буданд. Аз ин рӯ, маро зуд-зуд ба тамошои консертҳо мебурданд. Дастгириву раҳнамоии онҳо буд, ки пас аз хатми мактаб ҳуҷҷатҳоямро ба Институти давлатии театриву бадеии шаҳри Тошканд ба номи А. Н. Островский супурдам, - бо ҳарорат мегӯяд Раҳима Шалоэр.
Ошноӣ бо «Гулшан»
Раҳима тариқи оинаи нилгун пешаварони санъаткорони ансамбли «Гулшан»-ро тамошо мекарду аз ҳунари волои онҳо завқ мебурд. Ҳама сурудҳои Лайло Шарифоваро аз ёд намуда буд.
- Ҳамин ки овозаи сафари ҳунарии ансамбли «Гулшан»-ро ба Тошканд шунидам, волидонамро маҷбур намудам, ки маро ба консерт бубаранд. Хуллас, маро ба консерт оварданду аввалин бор ҳунармандони дӯстдоштаамро аз наздик дидам. Ин дидор ончунон бароям хотирмон буд, ки меҳрам нисбат ба ҳунари мардуми тоҷик даҳчанд афзуд. Ва тақдир билохира маро бо ин миллат пайваст, - иброз дошт сарояндаи мумтоз.
Ишқи тоҷикписар
Айёми таҳсил тоҷикписаре бо исми Абдулҳамид Қодиров, ки дар риштаи наққошии институти мазкур тадрис мекард, ба Раҳима Шалоэр дил бохт.
-Ман низ ба ин писари тоҷик, ки хеле ҷавони назаррабову закӣ буд, дил бастам. Ҳамин тавр, оиладор шудем. Ҷозибаи ин муҳаббат маро ба Тоҷикистон овард ва орзуҳоям ин ҷо амалӣ шуданд. Соли 1972 дар ансамбли рубобнавозони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба фаъолият пардохтам ва соли 1973 маро ба ансамбли эстрадии «Гулшан» даъват намуданд.
Дар паҳлуи зани санъаткор ҳамсари бофаҳму фарҳангдӯст мебояд, то ӯро дарк созаду дастгиру мададгораш бошад. Шукр, ки қисмат маро аз ин неъмат бархӯрдор кард. Тамоми сурудҳоямро аввал шавҳарам мешунид, аз мазмун ва нозукиҳои он маро воқиф месохт. Ба шарофати ӯ ман забони тоҷикӣ омӯхтам. Ӯ бароям беҳтарин дӯст ва ноёбтарин ганҷинаи умрам буд, - ба хотир меорад ҳамсуҳбатам.
Бо амри сарнавишт ӯ такягоҳаш – ҳамсари мушфиқу меҳрубонашро дар синни 52-солагӣ аз даст дод. Кунун мебоист, ки се гулдухтари нозанинашро танҳо ба воя расонад. Ба таълиму тарбияи фарзандон ҷиддан машғул шуду вақти бештарро бо онҳо гузаронд. Ин боис гардид, ки пешаи дигареро интихоб намояд. Заҳматҳои ӯ самари хуб доданд: имрӯз фарзандонаш ихтисоси дилхоҳ доранду ҳар яке дар самти худ муваффақ гаштаанд. Духтари бузургаш касби падарро интихоб намудааст, духтари дуюм дар санъати рақс муваффақ гашта, устоди рақс мебошад. Савумӣ пешаи забондониро баргузидааст: забонҳои олмонӣ, англисӣ ва русиро балад аст.
Имрӯз муаллима ба синни мубораки 72 қадам ниҳода, дар ҳалқаи фарзандону набераҳояш худро модар ва бибии хушбахт медонад. Агарчи писар надошт, имрӯз чор наберааш, ки ҳамагӣ писаронанд, ӯро гарму нарм ба оғӯш мегиранд. Аз ин хушбахтӣ ашки шодӣ мерезаду шукр мегӯяд, ки Худованд чунин гавҳарони ноёбро баҳраш ато намудааст.
Аз ҳунарнамоии сарояндагони имрӯз тариқи садову симо ошноӣ дорад.
- Сарояндаҳо имрӯзҳо хеле зиёд шудаанд. Ин хуб аст, вале ҳунарманди асил бояд санъатро, мардумро дӯст дорад. Зуд-зуд консертҳо барпо карда, ҳунари худро бо садои зинда пешниҳод намояд, ки мухлисони имрӯза чунин талаб доранд. Мардуми тоҷик ба ҳунари санъаткори асил метавонад баҳои сазовор диҳад, - чун коршинос мегӯяд муаллима.
Ман тоҷикам
- Айёми нооромиҳо дар Душанбе зистан ниҳоят душвор гашт. Хешу пайвандон ва дӯстонам аз Россия ва Тошканд маро барои иқомат ба он ҷойҳо даъват менамуданд, вале ман доимо ба онҳо як ҷавоб медодам: - Ман тоҷик шудаам ва Ватани ман ин ҷост. Ҳеҷ гоҳ ман ин мулки биҳиштосоро тарк нахоҳам кард, зеро бахту тахт, обрӯву эътиборро ман дар ин макони дилпазир ёфтаам, - бо ҳарорат иброз дошт дар интиҳо Раҳима Шалоэр.
Меҳрона