SOS Ё ҚИССАИ ҲОЛИ ХАРОБИ ОСОРХОНАИ НОҲИЯИ ДӮСТӢ
Таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи фарҳанг, ба хусус, бунёду барқарорсозии осорхонаҳо ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, ки муаррифгари таъриху тамаддуни ҳар миллати куҳанбунёд аст, аз нуктаҳои муҳими паёмҳои ҳарсолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мегардад. Ба вижа, эълон шудани солҳои 2019–2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар раванди рушду эҳёи унсурҳои фарҳангӣ такони бузург бахшид. Вусъати корҳои ободонӣ ва навиду рӯйдодҳои иҷтимоӣ – фарҳангии кишвар таваҷҷуҳи меҳмонони хориҷиро на танҳо ба дидори мавзеъҳои саёҳатбоб, балки ба омӯзиши фарҳангу тамаддуни бостонии халқи тоҷик, аз ҷумла боздиди осорхонаву ёдгориҳои таърихӣ бештар ҷалб месозад.
Ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон дар масофаи 40 километр аз маркази вилоят воқеъ буда, бо ҳудуди паҳновари «Бешаи палангон», мақбараи Имом Зайналобуддин ва мавзеъҳои таърихию фарҳангу тамаддуни сокинони гуногунмиллаташ машҳур аст.
Дарвозаи калони даромадгоҳи ноҳия ва якчанд иншооти тозабунёди масири роҳ то маркази маъмурии Дӯстӣ бозгӯи ташаббусҳои созандаи ҳукумат ба рушду ободии ин гӯшаи диёри файзбор аст. Қасри фарҳанги ноҳия аз тарҳҳои ҷадиди солҳои 1980-уми асри гузашта ба шумор рафта, назираш дар ҳудуди вилоят ангуштшумор аст. Гурӯҳҳои ҳунарии ноҳияи Дӯстӣ, ки санъат ва маданияту фарҳанги сокинони гуногунмиллати ин сарзамини номоварро дар саҳнаҳои фаротар аз вилоят муаррифӣ мекарданд, дар маҳфилҳои фарҳангии ҳамин боргоҳи ҳунар рушду сайқал меёфтанд. Ин қасри муҳташам дар ҳудуди боғи фарҳангии ноҳия воқеъ аст, ки алъон мавзеи фарҳангӣ-фароғатӣ аз тарафи роҳбарияти Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмир шуда истодааст. Саҳаргоҳон аз тараддуди кормандони қасри фарҳанг эҳсос мешуд, ки ба истиқболи меҳмонон ё ҷашну маросими дарпешистодае омодагии ҷиддӣ мебинанд.
Мутаассифона, соат аз 08:30 гузашта бошад ҳам дари осорхона, воқеъ дар ошёнаи дувуми қасри фарҳанг, баста буд. Нимпардаҳои чанголудаву оинаи шикастаи дари хонаи ёдгориҳои таърихӣ гувоҳи ҳол буд, ки ҳузури сокинону меҳмонон як тараф, баъзан рӯзу ҳафтаҳо ҳам масъулон кушодани дари онро фаромӯш мекунанд. Баъди интизориҳои тӯлонӣ билохира мудири шуъбаи хоҷагидории қасри фарҳанг калиди ҳуҷраи ҳифзи ёдгориҳои таърихиро пайдо намуду вориди он шудем.
Манзараи ҳузновари ҳуҷра на ба толорҳои осорхонаҳо монандӣ дошту на ба анборхонае, ки ашёву лавозимотро ба тартиб гузошта бошанд.
– Дар ноҳияи мо осорхона вуҷуд надорад ва ёдгориҳои таърихӣ дар ҳамин ҳуҷра нигоҳ дошта мешаванд,- иқрор шуд зимни суҳбат хоҷагидори қасри фарҳанг, ки худро Қадриддин муаррифӣ кард. – Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии қасри фарҳангро аз бахши бойгонӣ девори чӯбин аз ҳам ҷудо мекунад. Соли гузашта аз асари расиши барқ қариб санаду ёдгориҳои бостониро аз даст диҳем.
Дар фаршу токчаи тирезаи ҳуҷра ва болои чанд хишти шикаста хумдонҳои гуногунҳаҷми қадимӣ, ки таърихи 2,5 - 3 - ҳазорсола доранд, гузошта шудаанд. Дар осорхона 43 нигораи нодир нигоҳ дошта мешавад, ки таърихи аз асри 3 пеш аз милод то охири асри ХХ –ро дар бар мегирад. Таҳти рақами 6 хумдони бузурге номнавис шудааст, ки таърихи 2400 - сола дорад. Ин нигораи қадимиро аз хокдони деҳаи Тоҷикободи деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуроди ноҳия ёфтаанд.
Ҷӯрахон Ҳасанов, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ, бо изҳори қаноатмандӣ аз рафти корҳои ободонию бунёди иншооти фарҳангии ҳудуди ноҳия, изҳор дошт, ки бо фароҳам омадани имкониятҳои моддӣ дар мадди аввал мушкилиҳои осорхонаро бартараф хоҳанд кард.
-Ин офтобаву кӯзаҳои аз мису оҳан сохташударо, ки ба даврони робитаҳои тиҷоратии мардумони Осиё ва Юнони замони ҳукмронии Искандари Мақдунӣ рост меоянд, аз оҳанпорафурӯшон харида будам,- мегӯяд Ҷ. Ҳасанов.
Қадимтарин нигораи осорхона ҷоми шоҳонаест, ки ба асри 3 пеш аз милод марбут буда, далели мавҷудияти тамаддуни Оксҳои қадим дар ин сарзамин аст. Ба гуфтаи Санг Носиров, мудири ҳифзи ёдгориҳои таърихии қасри фарҳанг, ҷоми мазкур аз замини деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродов пайдо шудааст. Тасвирҳои пурмуаммои дар тани ҷом боқӣ монда, аз ривоҷи санъати рассомию дигар ҳунарҳои мардумоне дарак медиҳанд, ки 3 ҳазор сол пеш аз мо умр ба сар бурдаанд. – Тасмим буд, ки куҳансолтарин нигораи осорхона дар шароите нигоҳ дошта шавад, ки ба рангу намуди мусаввараҳои он осеб нарасад, то дар вақти муносиб бостоншиносон тасвираҳои ҷомро шарҳу тавзеҳ бидиҳанд. Танҳо тадқиқотчиёни риштаи бостоншиносӣ муайян карда метавонанд, ки дар зери хокҳои ин қаламрави бостонӣ чӣ миқдор осору ёдгориҳои қадимӣ маҳфузанд. Таърихшиносону шавқмандони осори ниёгон оғози корҳои ҷустуҷӯиро аз тарафи Институти бостоншиносӣ бесаброна интизоранд,- мегӯяд Санг Носиров.
Ба шиору овезаҳои маънавии дару девори долонҳои қасри фарҳанг нигариста, бовари кас намеояд, ки дар дохили яке аз ҳуҷраҳои он осори фарҳангу тамаддуни ниёкон дар ҳоли табоҳ қарор дорад. Дар посух ба пурсиши мо, ки чаро дар тирезаҳои ин толори ба гуфте осорхонаву ба қавле ҳуҷраи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, ба ҷойи шиша сону карбоси офтобхӯрдаро мехкӯб кардаанд, масъули бахши хоҷагидории қасри фарҳанг гуфт: «Дар боду боронҳои мавсимӣ оинаҳои тирезаҳои бино тоб наоварданд. Бинобар ин, ба хотири осеб надидани ёдгориҳои таърихӣ тирезаҳои осорхонаро бо матои сафед пардапӯш кардем».
Масъулони соҳаи фарҳанг иддао доштанд, ки осорхонаи асосии ноҳия дар зиёратгоҳи Имом Зайналобуддин буда, ин ҳуҷраи назди бахши фарҳанг танҳо ба хотири нигоҳдории нигораҳои таърихӣ таъсис дода шудааст. Оромгоҳи Имом Зайнулобуддин дар масофаи 8 километр аз маркази ноҳия ҷойгир буда, масоҳати умумии он 20 гектарро ташкил медиҳад, ки 75 дарсади он қабристони оммавӣ аст.
Бинобар иттилои Назр Қурбонов, директори Муассисаи давлатии «Маҷмааи мемориалии осорхона - мақбараи Имом Зайналобуддин», тамоми нигораҳои осорхонаи муассиса, ки 300 ададро ташкил медиҳанд, аз мавзеъҳои атрофи оромгоҳ дарёфт гардидаанд. Ҳамчунин, 80 дона нигораи баъдан дарёфтгардидаро бостоншиносон барои тадқиқоти иловагӣ ба пойтахт бурданд.
- Тибқи хулосаи бостоншиносӣ дар асрҳои Х - ХV11 дар ин мавзеъ шаҳри ободе арзи ҳастӣ доштааст, ки мардумонаш аз ҳунарҳои гуногун бархӯрдор будаанд. Боқимондаҳои шаҳри қадимӣ 15–20 метр поинтар аз мақбараи Имом Зайналобуддин воқеъ буда, дар сурати оғози корҳои тадқиқотӣ шояд аз ин махзани пурасрори ниёконамон пайдо гардад. Барои он ки дар маркази маъмурии ноҳияи Дӯстӣ осорхонаи замонавӣ дошта бошем, мо - фарҳангиёнро мебояд, ки суханони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шиори худ дар зиндагӣ донем, - гӯён мусоҳиби мо сӯи навиштаҷоти даромадгоҳи мақбараи Имом Зайналобуддин ишора кард:
«Ҳар фарди бо нангу номуси Тоҷикистонро зарур аст, ки ба сарчашмаҳои ҷовидонаи миллати куҳанбунёд ва ба фарҳанги хеш рӯ оварда, беҳтарин дастовардҳои ҷомеаи ҷаҳониро аз худ намояд».
Ҷ. Сайфиддин,
ноҳияи Дӯстӣ