Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ Кумита зиёда аз 48 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 14 субъекти хоҷагидорро аз нигоҳи экспертизаи забоншиносӣ мариди санҷиш қарор дода, нисбат ба 12 парвандаи судӣ хулосаи экспертизаи забоншиносӣ пешниҳод намудааст.
Ба суоли хабарнигори маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», ки «Чаро то ҳанӯз номҳои бархе аз мағозаву ошхонаҳо ва марказҳои дилхӯшӣ, аз қабили «Merve», «Steak House», «I'm different» тоҷикӣ нашудаанд?», раиси Кумита гуфт:
- Вобаста ба масъалаи зикршуда гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шуда, дар якҷоягӣ бо прокуратураи шаҳру ноҳияҳо дар ин самт кор рафта истодааст. Айни замон санаду мактубҳои 26 марказ, ки ба хотири иваз кардани номҳояшон мавриди санҷиш қарор гирифтаанд, дар дасти мост. Аз ошхонаҳои «Merve», «Steak House» ва мағозаи «I'm different» низ дидан хоҳем кард ва боварӣ дорам, ки мушкили номгузорӣ ҳалли худро меёбанд. Дар доираи талабот ва меъёри муайяншуда мағоза, марказҳои тафреҳу истироҳат, тарабхонаву ошхонаҳо бояд бо забони тоҷикӣ номгузорӣ карда шаванд.