Ӯ ошиқи зиндагӣ, накукор, ҳамдил ва ҳамқадаму ҳамдами шогирдон аст. Дар баробари таълим, дар тинати шогирдон ҷасорату мардонагӣ, далериву матонат ва ростқавливу поквиҷдониро тарбия месозад, то ки онҳо ҳамчун парчамбардорони Ватан ба воя расанд.
Дар деҳе ба дунё омадааст, ки бо майдони пурсахояш, пуштакӯҳҳои сабзвораш, чашмасорони ойинадораш, боғу роғаш дар марзи ниҳоди ӯ ҳавасдонаҳои ҳунару зебоипарастиро киштааст. Дар домони ноҳияи Восеъ соли 1961 ба дунё омаду ҳанӯз 3 сол дошт, ки падар барои тамдиди фаъолият ба шаҳри Кӯлоб раҳсипор шуд ва ӯ низ бо аҳли хонавода ба ин шаҳри бостонӣ омад. Наврасии Низорамоҳ ин ҷо сипарӣ шуду айёми мактабхонӣ ҳам. Духтараки ситорагарме бо хулқу атвори писарона, боҷасорату нотарс буду адолатхоҳ, ки ин сифат то кунун зеббахши ӯст.
Ба умқи таърихи башарият, алалхусус ба таърихи халқи тоҷик назар меафканду шарораи меҳр ба ин фан рӯз ба рӯз дар қалби ӯ фурӯзон мешуд. Тобистони соли 1978 чун давраи таҳсил хатм шуд, ӯро орзуи донишҷӯ шудан ором нагузошт. Модараш ба гоҳе фаҳмид, ки Низорамоҳ нияти идомаи таҳсил дорад, ба сари ӯ борони насиҳат мерехт, то кафтари хаёлҳои ширинро, ки дар дили Низорамоҳ лона мондааст, батамом аз он ҷо бадар созад. Ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ набуд, ки ҷигарбандаш аз зодбум дур барои идомаи таҳсил равад. Бим дошт, ки духтараш ба гирдоби ҳаводисе фурӯ наравад. Пофишориҳои духтар билохира модарро таслим кард, ки дили бедилон ба ӯ дуои сафар дод.
Низорамоҳ ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон супурд, аммо кораш барор нагирифт. Маъюсу ғамзада ба деҳа баргашт ва барои зоеъ нарафтани вақт дар коргоҳи дӯзандагие ба фаъолият пардохт, чун ин ҳунарро хуб аз худ карда буд. Соли дигар низ кӯшиши ӯ бенатиҷа анҷомид ва фаъолиятро ҳамоно дар коргоҳи дӯзандагӣ идома дод.
Яке аз рӯзҳои тобистон амакаш аз Россия бо ҷамъи хонаводааш ба дидорбинӣ омад. Номаи камоли Низорамоҳро аз назар гузаронду баҳои хубу аълои ӯро дида, дар тааҷҷуб монд. Аз бародараш хоҳиш кард, ки нисбат ба таҳсили духтараш ҷиддан машғул шавад ё иҷозат бидиҳад, ки ӯро барои таҳсил ба Россия сафарбар намояд. Падари духтар ваъда дод, ки барои таҳсил дар ҳудуди кишвар ҷиддӣ меандешад. Ҳамин тавр, падар Низорамоҳро ба пойтахт оварду дар курси омодагӣ ба таҳсилоти олӣ дохил кард. Ин маротиба дар рафти имтиҳонот холи бадастовардааш баланд буду ба факултаи ҳуқуқшиносӣ роҳхат гирифт.
Соли охири таҳсил яке аз хешовандони дури модар аз ӯ дархост, то ба деҳае бо мақсади хостгорӣ онҳоро роҳбалад бошад, чун роҳро ӯ хуб медонист. Низорамоҳ бо он зан ва писари ӯ, ки домоди оянда буд, ба роҳ баромад. ба нишонии зарурӣ расидан замон маълум гардид, он духтар ба дигар кас номзад шудасту ба наздикӣ ҷашни арӯсӣ дорад. Ғамгину маҳзун дар роҳи бозгашт баногоҳ ронанда ба домодшавандаву модар аз Низорамоҳ ишора кард. Эшон гавҳари ниҳонеро дарёфтанд ва чанде пас дари хонаи онҳоро кӯфтанд. Ҳамин хел, ҷашни арӯсии ӯ барпо шуд.
- Ҳар гаҳе, ки ёди он лаҳзаҳо мекунам, хандаам меояд, ки гӯё бо пойи худам назди хостгорон рафтам, - бо табассум иброз дошт Низорамоҳ Бобоева.
Пас аз хатми донишгоҳ, фаъолияти хешро дар пойтахт дар прокуратураи ноҳияи Октябр (ҳоло Исмоили Сомонӣ) оғоз намуду муддати ду моҳ он ҷо заҳмат кашид. Бинобар сабаби нобасомониҳои айёми ҷанги шаҳрвандӣ қисми зиёди бонувони омӯзгор аз фаъолият дар донишгоҳҳо даст кашиданд. Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон Низорамоҳро чун кадри ҷавону болаёқат ба кор даъват намуд ва ӯ сарфи назар аз вазъ пешниҳодро пазируфт ва аз фанни ҳуқуқшиносӣ ба донишҷӯён дарс гуфт.
- Ёди он солҳо бароям ниҳоят ҳузновар аст, зеро ҳар рӯз болои сари мо тири сияҳкорон фурӯ мерехт. Садҳо нафар ҷавонони ҳузарбу қавӣ ҷон ба ҷонофарин медоданд, аз ҷумла донишҷӯён, аммо мо корро тарк накардем, - иброз медорад Н. Бобоева.
Хушбахтона, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар сулҳу амонӣ оварду ба дили хурду бузург шуълаи умедро бедор кард. Ҳамакнун ҷавононро аз он ҳушдор месозем, ки он солҳои талхро фаромӯш насозанд.
Имрӯзҳо пайи тадрис асту дар факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ ба донишҷӯён дарс мегӯяд. Дар соҳаи илми ҳуқуқшиносӣ рисолаи номзадиашро дифоъ намуда, шогирдони зиёдеро тарбия намудааст. Алҳол зиёд шогирдони муаллима дар сохторҳои қудратӣ ифои вазифа доранд ва дар амнияту дифои марзу буми Ватан хидмати босазо анҷом медиҳанд.
Низорамоҳ Бобоева ҳамроҳ бо ҳамсараш Саймуддин Бобоев, ки дотсенти кафедраи варзиши донишгоҳи мазкур мебошад, фарзандони солеҳро тарбия намудаву ба камол расондаанд. Самари муҳаббати онҳо 4 ниҳолро ба бор овардааст. Алиаҳмад Бобоев хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ буда, дар Вазорати корҳои дохилӣ ифои вазифа менамояд. Соҳиби ҳамсари ҳалиму меҳрубон ва фарзанди дӯстрӯяке мебошад. Ҳамсараш Фарида дар факултаи мазкур таҳсил менамояд. Духтари калонии хонадон, Шукрона Бобоева оилаи хуб барпо карда, соҳиби як писарча аст. Дар риштаи магистратураи факултаи иқтисод ва идораи ДМТ таҳсил менамояд. Фарзона Бобоева - духтари хурдии хонадон, дар курси 4 – и факултаи ҳуқуқшиносӣ мехонад. Писари хурдияш Муҳаммадҷон донишҷӯи соли сеюми Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ мебошад.
Низорамоҳ Бобоева аз он меболад, ки ӯ ба ин касби пуршараф шуғл меварзад.
Бунафшаи АБДУРАҲИМ