Баъди поён ёфтани зинаи дувуми таҳсилот, яъне синфи 9 ва гирифтани номаи камол қисме аз хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар баҳри тамдиди таҳсил ҳуҷҷатҳои худро ба коллеҷу омӯзишгоҳҳо супурда, пешаеро интихоб менамоянд.
Аммо, суоли матраҳ ин аст, ки оё ҳамаи хатмкардагон, алалхусус духтарон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд? Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки писарон, агар таҳсилро идома надиҳанд, дар масъалаи пайдо намудани ҷойи кор ба душвориҳо дучор меоянд. Аммо, духтарон чӣ? Бархе аз падару модарон пас аз хатми мактаб барои идомаи таҳсил ё ба ҳунаромӯзии духтарон монеъ мегарданд. Ақидаҳои хурофотӣ, ки гӯё духтари болиғро миёни ҷамъият ба ихтиёри худ гузоштан, метавонад боиси раҳ ба хато бурдани ӯ ва ё таҳсили вай боиси канда гаштани пайи пойи хостгорон шавад, низ ҷой дорад. Ин андешаи кӯр-кӯронаи эшон дар асри XXI нишонаи камхирадист.
Сокини шаҳри Душанбе Гулнисо бар он назар аст, ки духтари болиғ набояд ба чашми «номаҳрамон» бархӯрад ва рисолати аввалиндараҷаи ӯ аз он иборат аст, ки бо сарбаландӣ ба шавҳар баромада, фарзандонро ба дунё орад ва аз хати кашидаи шавҳар берун по наниҳад.
Чанд сол қабл Мадина ном духтаре баъди хатми синфи 9 бо амри волидайн аз идомаи таҳсил сар печид ва ба шавҳар баромад. Ҳар рӯз аз ҷониби шавҳари бадмаст таҳқиру шиканҷа медиду лату кӯб мешуд. Ҳар маротибае, ки бо сару рӯйи сиёҳу кабуд ба хонаи падар шикоят мебурд, зодмандон ӯро ба сабру таҳаммул мехонданд, ки рӯзе шавҳараш ба сари андеша хоҳад омад. Маротибаи охирини лату кӯб Мадинаро бо иллати ҷунбиши мағзи сар ба хонаи падар оварданд. Танҳо баъд аз ин воқеа падару модари ӯ дарк намуданд, ки ба иштибоҳи бузург роҳ додаанд.
Ҳодисаҳои ба ин монанд, агарчи батакрор ба вуқӯъ оянд ҳам, барои баъзе падару модарон, мутаассифона, дарси ибрат намегарданд, то он замоне, ки ба қавле «корд ба устухон нарасаду дар пӯсти худ» эҳсос накунанд.
Аз як сӯ, агар аз таҳсил дур мондани духтарону писарон бо ҷурми волидайн ба вуқӯъ ояд, аз дигар тараф, бетарафии мактабу ҷомеа нисбат ба ҳаёти минбаъдаи духтарону писарони сустхон ва ё душвортарбия низ ҷой дорад. Роҳбарони аксар мактабҳо аз чунин хонандагони душвортарбия ҳарчи зудтар мехоҳанд шона холӣ кунанд, чунин хонандагон баъд аз супурдани имтиҳонҳо ва ба даст наовардани баллҳои муайян дар зинаи сеюми таҳсилот роҳ дода намешаванд.
- Тибқи тартиби муқаррарнамудаи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зинаи савуми таҳсилот танҳо хонандагоне роҳхат мегиранд, ки аз 3,5 % балл болоро соҳиб гардидаанд. Бо мақсади пешгирӣ кардани сатҳи ҷинояткорӣ, алалхусус ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ноболиғону ҷавонон дар ҷаласаи васеи вазорати мазкур бо иштироки ниҳодҳои қудратӣ дастур дода шуд, ки чунин хонандагон бояд таҳсили худро дар зинаи савум идома диҳанд. Чунин хонандагонро ба таҳсил фаро гирифтем, аммо онҳо мушкилиҳои зиёдеро эҷод намуданд, дарсгурезӣ ва ҳуқуқвайронкунии чунин талабагон ва бемасъулиятии падару модарони онҳоро зиёд мушоҳида кардем, - иброз дошт Абдумаҷид Толибов, директори МТМУ № 72 пойтахт.
Соли равон дар мактаби мазкур аз 179 хатмкунандаи синфи 9-ум 99 нафари онҳоро духтарон ташкил доданд. 10 духтар ва 8 писар ба Маркази миллии тестӣ барои идомаи таҳсил дар коллеҷу омӯзишгоҳҳои кишвар роҳхат гирифтанд ва аксарият барои ба зинаи савуми таҳсил гузаштан омодагӣ мебинанд. Аммо, нафароне, ки аз имтиҳон намегузаранд, эҳтимол аст, ки таҳсили худро дар мактаб идома диҳанд.
- Идомаи таҳсил аз хоҳиши ҳар хонанда вобастагӣ дорад. Дар мактаби мо духтарон дар раванди таҳсил ва давомот ниҳоят фаъол мебошанд ва то кунун ҳеҷ мушкилӣ эҷод накардаанд. Бештар писарон бо душвортарбиягӣ ном мебароранд, - гуфт А. Толибов.
- Ҳастанд хонандагони душвортарбияе, ки ба синфи 10 намегузаранд. Агар то синфи 9 дар мактаб чизе наомӯхтаанд, пас дар зинаи болоӣ низ чизе нахоҳанд омӯхт, - гуфт муовини директори МТМУ № 21 ш. Душанбе Г. Зарифова.
Ба иқрори муаллима чунин хонандагон, хусусан писарон таҳсилро дар омӯзишгоҳҳои касбӣ бо хушнудӣ қабул менамоянд, зеро онҳо имкон доранд, ки дар муддати кӯтоҳ касберо аз худ карда, барои дарёфти маблағ ба хизматрасонӣ пардозанд. Аз 77 нафар духтари хатмкунандаи синфи 9-12 нафар ба курсҳои дӯзандагӣ, пардозгарӣ, пухтупаз ва ғайра номнавис шудааст ва боқимонда ҳама таҳсили худро дар мактаб давом доданианд.
- Мо ҳодисаҳои бармаҳал ба шавҳар баромадани духтарони мактабамонро мушоҳида накардаем, зеро аксари падару модарони маҳаллаи мо таҳсилдида ва ҳамқадами замон ҳастанд, - иброз намуд Г. Зарифова.
Дар МТМУ № 45 ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар се синфи 9, ки ҳамагӣ 91 нафар хонанда аст, 38 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. 15 нафари онҳо ба синфи 10 гузашт, боқимонда барои касбомӯзӣ озими коллеҷу омӯзишгоҳҳо мебошанд.
- Сокинони маҳаллаи Маърифат, ки мактаби мо дар ин ҷо воқеъ аст, ба масъалаи соҳибкасб гардидани фарзандони худ диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Духтарон бештар пешаи дӯзандагӣ ва ҳамшираи шафқатро меписанданд. Ҳатто писаронро намегузоранд, ки баъди хатми мактаб бекор шинанд – ҳеҷ не дар хона ба онҳо танӯрсозиро меомӯзонанд ва ё ба сехҳои истеҳсоли ҳасиб ба кор раҳнамоӣ мекунанд. Раиси маҳалла бонуи сахтгир асту тибқи муқаррароти қонун намегузорад, ки духтарон пеш аз муҳлат ба шавҳар бароянд, - иброз дошт директори МТМУ № 45 Барно Одинаева.
Аммо, сарфи назар аз омори муассисаҳои таълимӣ, аҳёнан метавон духтаронеро пайдо кард, ки воқеан баъди хатми синфи 9 таҳсили хешро иҷборан аз ҷониби волидайн қатъ менамоянд. Ш., хатмкунандаи мактаби мазкур, бо хоҳиши волидайн аз идомаи таҳсил дар мактаб даст кашида, ҳоло хонашин аст.
- Зиёд мехоҳам, ки дар коллеҷи тиббӣ таҳсил намоям ва ҳамшираи шафқат шавам. Лекин, модарам монеи таҳсили ман аст, зеро аз он ҳарос дорад, ки дур аз хона аз таъсири бади ҷамъият эмин нахоҳам буд, - гуфт Ш.
Агарчи дар ҷаласаҳои падару модарон борҳо омӯзгорон дар мавриди монеъ нагардидан ба таҳсили духтарон сухан меронанд, дар амал кам мушоҳида мешавад, ки бо хонандагон ва волидайни онҳо суҳбатҳои инфиродӣ анҷом бидиҳанд ва мушкилоти шогирдонро ба таври бояду шояд дарк намоянд. Сабаб, шояд маҳдудияти вақти омӯзгорон аст, аз ин рӯ, месазад, ки дар ҳар мактаб ҳадди ақал як равоншиноси ҳирфаӣ фаъолият намояду бо духтарони аз оилаҳои мушкилдошта ва бачагони душвортарбия суҳбатҳои заруриро доир намуда, ба тағйирёбии рафтори онҳо мусоидат намояд. Педагоги машҳур В. А. Сухомлинский барҳақ фармуда: «Агар шахси солим аз ягон фан муваффақият ба даст наорад, агар вай фанни дӯстдоштае надошта бошад, пас мактаб мактаби ҳақиқӣ набудааст».
Ситора АШӮРОВА