11 июли соли 2019 нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ бо намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.
Дар ин нишаст ректори донишгоҳ натиҷаҳои ҷамъбасти нимсолаи якуми соли равонро пешкаши рӯзноманигорон намуд. Мавсуф зикр намуд, ки: «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такомули бештари Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шароити басо мувофиқ ба вуҷуд овард ва онро ба самти тозаву пурсамари рушд ворид сохт. Дар иртибот бо ин дар давоми 28 соли охир дар донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои миллӣ ва талаботи давлати соҳибистиқлол факултаву кафедраҳои нави созгори хостаҳои замон, шуъбаву марказҳо, толору озмоишгоҳҳои гуногун арзи ҳастӣ карданд».
Нӯъмонҷон Ғаффорӣ дар идомаи суҳбат гуфт: «Барномаву нақшаҳои таълимӣ таҷдиди назар гардида, дар заминаи онҳо китобҳои дарсӣ, дастурҳои арзишманди мутобиқ ба рӯҳияи замон ва равандҳои пештози илми муосир нигошта шуданд. Сатҳи дараҷаи илмӣ ва маҳорату малакаи устодон низ хеле боло рафт. Донишгоҳ бо воситаҳои техникӣ, аз ҷумла, компютерҳои пайваст бо шабакаи Интернет ва дигар ашёи зарурии техникӣ муҷаҳҳаз гардид. Ҳамаи ин тадбирҳои муҳим ва судманд ба тадриҷан беҳтар гаштани дараҷаи саводнокиву давомоти донишҷӯён, тақвияти фаъолияти онҳо мусоидат кард».
Ҳамчунин, мавсуф илова намуд: “Соли ҷорӣ, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, донишҷӯёни донишгоҳи мо соҳиби 8 диплом ва 4 Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, дар умум ҷойи дуюми ифтихориро соҳиб гардиданд”.
Бояд қайд намуд, ки донишгоҳи мазкур бо 74 донишгоҳҳои хориҷи дуру наздик ҳамкорӣ дорад ва дар шаш моҳи соли 2019 бо Донишгоҳи давлатии Комсомолскийи Амур, Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ, Донишгоҳи давлатии Термизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишгоҳи шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия созишнома ба имзо расонидааст.
Пас аз суханронии муфассали ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ Н. Ғаффорӣ, рӯзноманигорон ба саволҳои худ посух гирифтанд.