«Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт».
Эмомалӣ Раҳмон
27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. аз Ваҳдати миллӣ, ки бо баҳои ҷону хун насиби миллати тоҷик гашт, имсол 22 сол пур мешавад.
Адиби маъруф устод Меҳмон Бахтӣ ба ҳайси яке аз намояндагони парлумон, узви ҳайати Комиссияи оштии миллӣ ва шоҳиди воқеии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон буданд, ки андешаҳои зиёду ҷолиб ва хотираҳои фаромӯшношудание аз он музокирот доранд.
- Аз он ки дар остонаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем, аллакай мавзӯи суҳбат бароям рӯшан аст. Яъне, то расидан ба ваҳдат чӣ мушкилие пешорӯи миллати тоҷик буд ва он чӣ сон роҳи ҳалли худро ёфт?», - сухан оғоз кард, устод.
Воқеан, бешак, аввалин суол ба мусоҳибам ҳам бояд чунин мебуд. Чаро ки ҷамъи парокандаро ба ҳам овардан мушкилест ва имрӯз кишварҳои ҷангзада дар орзуи сулҳу ваҳдат ва ягонагианд, вале дар устувор сохтани пойдевори сулҳ дар сарзамини хеш нотавонанд.
- Бархе аз ҷавонони имрӯза маънию моҳияти сулҳу оштӣ ва ваҳдатро дарк намекунанд, зеро он замон хурдсол буданду аз мушкили давр бехабар. Оне, ки ҷангу ҷидол, гуруснагию саргардониҳоро дид, вожаи ваҳдатро хуш истиқбол менамояд ва ба қадри оромию осоиштагии рӯзгори имрӯза мерасад. То расидан ба ваҳдат чӣ ҳодисаҳоеро, ки мардуми тоҷик аз сар нагузаронд, ҳанӯз ҳам аз лавҳи хотир нагусастаанд. Ва он дар саҳфаҳои таърихи миллат ҷовидона хоҳад монд. Ба ваҳдат расидан кори саҳлу осон набуд. Хун рехт, ҷон талаф ёфт, миллат ба ҳадди парокандагӣ расид. Шукр, ки рӯзҳои сангин пушти сар шуданд…, - ёд аз он рӯзҳо карда мегӯянд устод Меҳмон Бахтӣ ва суханашонро идома медиҳанд:
- Он рӯзҳои пурдаҳшатро мо дидему дар он пайроҳаи хунини паси сарнамудаи таърих бори дигар обутоб ёфтем, суфтаву санҷида шудем. Мо шоҳиди душвориҳои даврони муқовимати низомию сиёсӣ, гурезагию оворагардии мардум, гуруснагию қатлу куштори байниҳамдигарии ҳаммиллатон будем. Воқеан, сарҷамъ кардани мардум кори осон набуд, вале ин амалро Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд анҷом диҳанд, ки имрӯз таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон мавриди омӯзиши дигар кишварҳои ҷангзада гаштааст. Дар сафарҳои бо ин марди хирад дошта шоҳиди зиддиятҳои зиёди гурӯҳи мухолифин будам. Пеш аз оғози кори музокирот моҳи марти соли 1995 ҳамагӣ сарҷамъ омадем ва сари мавзӯи ба ҳам овардани мардуми парешон ва барқарор намудани сулҳу оштӣ бо халқ вохӯрӣ намудем. Дубора ба ҳаёти осоишта баргаштанро мардум афсона мепиндоштанд, яъне касе бовар ба ояндаи дурахшон надошт.
Устод Меҳмон Бахтӣ иброз медоранд, ки ӯ ҳам чун дигарон эътимоди расидан ба сулҳу ваҳдатро надошт, вале нахустин музокироти моҳи майи соли 1995, ки дар давлати Афғонистон баргузор шуд, шуълаи умедро дар дилаш рӯшан сохт.
- Агарчи халқ ба сулҳу оштӣ итминон надошт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қувваи халқ бовари комил доштанд. Суханони пандомезу маслиҳатҳои беғаразонаашон ҷасорат ва ғурури миллии моро зиндатар месохт. Он кас мегуфтанд: «Дудилагию дурӯягӣ моро ба ҳадаф намерасонад. Шумо дар Ватан ҳастед, вале онҳо (мухолифин) дур аз Ватан ғарибу мусофиранд. Ҳолати рӯҳии онҳоро дарк кунед, шояд тундӣ намоянд, аммо шумо ором бошед. Шумо аз ҷониби Ҳукумат ҳастед ва ба онҳо фаҳмонед, ки ҳаммиллатонатонро дар роҳ намемонед». Ин муносибати самимии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мани нобоварро ҳам водор намуд, то аввалин мақолаи худро бо унвони «Ҷавонмард омад ба тахту тоҷ» дар бобати ҷавонмардию садоқатмандии ин марди хирад дар роҳи сулҳофариашон иншо намоям, - мегӯянд устод.
Мавсуф ёд аз он овон намуда, иброз медоранд, ки нахустмузокирот хуб анҷом ёфт. Аз ҳарфҳои пандомезу баҳамоварӣ ва сулҳпарваронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мухолифин ором шуданд…
- Воқеан, мулоқоти нахуст ғайричашмдошт сурат гирифт. Шояд мухолифин дар андеша буданд, ки кор ба зӯрию таҳдид оғоз мегардад. Дар суҳбатҳои алоҳида, ки дар пешайвону долонҳо баъди музокирот сурат мегирифт, бо рафиқи деринаам Ҳабиб Сангин вохӯрдам. Ӯ изҳори хушнудӣ аз гуфтушунид карду гуфт: «Дарвоқеъ шахси дилпур ба сари давлат омадааст», - мегӯянд устод Меҳмон Бахтӣ ва дар идомаи сухан бо чунин ҳарфҳо суҳбатро хотима мебахшанд:
- Ниҳоят, баъди 8 гуфтушунид, ки аз соли 1994 то соли 1997 кашол ёфт, гурӯҳҳо дар Машҳади Эрон ба ҳам омаданд. Шаб маро аз ғояти шодӣ хоб набурд ва нахустин шеърам дар бораи Ваҳдати миллӣ ҳамон замон тавлид гардид.
Дӯстон бо ҳам бисозед, ин замони ваҳдат аст,
Ҳамдилу ҳамдард будан ҷисму ҷони ваҳдат аст.
Он қадарҳо ваҳдати сарду забонӣ сохтем,
Он ҳама акнун дигар заҳре ба хони ваҳдат аст…
Баъдан, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чеҳраи сулҳхоҳона, бо рӯҳияи сулҳпарварона ва садоқат ба миллату сарзамин доштанашон тавонистанд ба мардум сулҳе, ки ваъда намуда буданд, ҳадия созанд. Бо ба ваҳдат расидан, бори гарони андуҳу шикастаҳолӣ аз дӯши тоҷикон дур шуд.
Аз ин хотир, мебояд пайваста дар байни ҷавонони тамоми шаҳру навоҳии минтақаҳои ҷумҳурӣ бо ташкили вохӯрию чорабиниҳо дар бораи бо чӣ мушкилиҳо ба даст омадани ваҳдати миллӣ ва то ба ин хушбахтиҳо расиданамонро талқин намоем. Бо ёдоварӣ аз гузаштаи фоҷиабор онҳоро аз фирефтаю гумроҳи суханони бегонагон шудан огоҳ созем, зеро яке аз омилҳои тезутунд шудани вазъи кишвар маҳз ҷудоиандозӣ ва тафриқасозӣ буданд.
Қутбияи НЕЪМАТУЛЛО