Роҳрави гимназияи №74 ноҳияи Фирдавсии пойтахт. Навои форами мусиқии дилошӯб ба гӯш мерасид. Бонуе миёни он оҳанги гуворо гӯё касеро садо мекард: «Духтарам, ҳаракати дастонатро тезон, табассум, табассум, самимият»… Ин садои Дунёбегим Мирзоқандова аст, ки дар толори бузурги мусиқии мактаб акси он танинандоз буд. Миёни духтаракони арғуштӣ қарор дошту дар як саф бо онҳо мерақсид ва баъди фурсате ба онҳо назора мекард...
Омӯзгор асту имрӯз низ чун ҳарвақта ба шогирдонаш аз нозукиҳои санъати рақс сабақ медод. Духтарону писарони зиёде дар толори мусиқӣ қарор доштанд. Бархе нишаста бо шавқ ба ҳаракатҳои муаллима менигаристанду қисми дигар мерақсиданд. Маълум гашт, ки нишастагон навбати рақс мепоянд. Дунёбегим гурӯҳи аввалиро рухсат дода, гурӯҳи дувумро ба саҳна хонд, вале ҳамоно дар симои ӯ осори хастагӣ ҳувайдо набуд. Бардаму устувор ҳаракатҳои мавзунро ба духтарон намоиш медод. Рақси навбатӣ бадахшонӣ буду муаллима ба дунёи сеҳромези арғушти кӯҳистонӣ ворид гардид. Миёни хонандагон ҳаракатҳои мавзуну шинами ӯ ҳамоҳанг бо зарб ва услуби рақс таҳия мегардид – аз чархиданҳои мавзуну возеҳ сари аҳли толор низ гӯё мечархид ва бо истоданаш меандешидӣ, ки ба замин фурӯ меафтад…
Дунёбегим Мирзоқандова замони дар синфи ҳафтум хондан ба дунёи санъат ворид гардид. Бо тавсияи тағояш - ҳунарманди маъруфи Бадахшон, Раҳимбой Чақабоев ӯ ба ҳайси сарояндаи наврас ба Театри мусиқӣ - мазҳакавии шаҳри Хоруғ ба кор омад. Модар аз бими оне, ки духтараш аз таълиму тарбия канор мемонад, аз ҳунари духтараш дилхуш набуд. Вале, духтарак ба модар собит намуд, ки дар радифи сарояндагӣ ва раққосӣ хонандаи фаъолу пешқадами мактаб низ ҳаст.
Дунёбегим нозукиҳои рақси бадахшониро аз Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ғарибсултон Худоёрбекова омӯхтааст. Овозаи зебо рақсидану сурудани ин духтараки кӯҳистонӣ то ба пойтахт расид, ки Дунёбегимро ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон даъват намуданд. Ҳанӯз дар синфи 8-ум таҳсил мекард, ки бо ходимони санъат - Ҷӯрабек Муродов, Малика Қаландарова, Муслима Боқиева, Муаззама Иброҳимова ва дигарон ошноӣ пайдо кард. Ин даргоҳ баҳраш мактаби бузургеро мемонд, ки бо роҳнамоии устодони санъати тоҷик таҷрибаи ғанӣ андӯхт. Бо рақси ҷаззобу дилрабояш дар фурсати кӯтоҳ маҳбуби дилҳо гардид. Маҷаллаву рӯзномаҳои давр перомуни истеъдоди ин духтараки кӯҳистон матлабҳои зиёде рӯи чоп оварданд.
Меҳри санъат ӯро ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода овард ва дар риштаи балетмейстер таҳсил карду кордону коршиноси соҳа гардид.
Д. Мирзоқандова донишу таҷрибае, ки дошт, хост ба насли наврас омӯзонад, то онҳо чун шахсони бофарҳангу бомаърифат, донандаи хуби сурудҳои пурмазмуни миллӣ, рақсҳои маънидоронаи мавзуну ҷаззоб ба камол расанду санъатро дӯст доранд. Аз ин хотир, ӯ соли 1994 ба мактаби миёнаи № 38 ноҳияи Шуғнони ВМКБ омад ва аз фанни суруд ва мусиқӣ ба хонандагон дарс мегуфт. Ҳунару истеъдоди волояш дере нагузашта вирди забони хурду калон гардид. Рақс ба ӯ обрӯву эътибор афзуд ва минбаъд бо шогирдонаш дар чорабиниҳои сатҳи вилоятӣ ширкат меварзиду мардумро болидарӯҳ месохт.
- Хушхиромии Дунёбегим маро мафтун кард, ки шефтаю ошиқи ӯву ҳунараш гаштам ва бо ҷаҳду талош розигии ӯро гирифта, оилаи хубе барпо намудем,- мегӯяд шавҳараш Савлатшоҳ Ховарӣ.
Пас аз чанд муддат ин оилаи ҷавон ба Душанбе кӯч баст ва аз оғози соли 2009 то кунун дар гимназияи №74 ба фаъолияти омӯзгорӣ шуғл дораду ба хонандагони синфҳои 1 то 6 аз фанни суруд ва мусиқӣ дарс мегӯяд. Намунаи рақсҳои беҳтарини тоҷикиро, аз қабили «Эй санам», «Рақси бадахшонӣ», «Навои кӯҳистон», «Сайри лола» -ро ба хонандагон омӯзондааст.
Соли 2011 маърӯзаи ӯ дар мавзӯи «Баъзе масъалаҳои таълими фанни «Суруд ва мусиқӣ» дар марҳалаи ҳозира» сазовори баҳои баланди ширкатдорони машварат - семинари омӯзгорони фанни суруд ва мусиқии ноҳияи Фирдавсии пойтахт гардид. Бо назардошти қобилияту маҳорати фардии хонандагон машғулиятҳояш шавқангез сурат мегиранд. Бо дарёфти наврасону ҷавонони боистеъдод онҳоро аъзои маҳфили шеъру суруд ва мусиқиву рақси «Зуҳал» менамояд. Дар ин маҳфил алҳол зиёда аз 60 нафар хонандаи гимназияи мазкур аъзо гашта, онҳо фаъолона дар озмунҳои гуногун, ба монанди «Сапеда», «Шукуфаҳои пойтахт», фестивали «Китоб ва мусиқӣ» ва ғайра ширкат меварзанд.
- Насли наврас ба суруду мусиқӣ майлу рағбати беандоза дорад. Инро дида, илҳомам даҳчанд меафзояд ва мекӯшам, ки паҳлуҳои нозуки санъати мусиқиро ба онҳо омӯзонам, - мегӯяд Д. Мирзоқандова.
Бо мақсади пешрафт дар фаъолияти касбӣ бо истифода аз манбаъҳои гуногун дар зарфи 7 сол заҳмат ба бор бурда, соли 2018 «Тақвими фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия кардааст, ки омӯзгорони гимназия дар омода намудани нақшаи таълимии як қатор фанҳо ҳамчун маводи ёрирасони таълимӣ истифода мебаранд. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии рақс зери унвони «Рақси миллӣ ва тарбияи эстетикии хонандагон» маводи таҳлилии ҷолиберо низ рӯи чоп овардааст.
Фаъолияти пурмаҳсул ва заҳматҳои муаллимаро ба назар гирифта, соли 2017 ӯро бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонданд.
Дунёбегим Мирзоқандова аз оғози бунёди оилаи хеш пойдевори онро мустаҳкам сохту фазои солимро ба вуҷуд овард. Фарзанди кордон ва ду набераи дӯстрӯ дорад. Дар хона низ бо набераҳои хеш бобати олами муъҷизаофари санъати рақсу мусиқӣ пайваста сухан ронда, ба онҳо сурудану рақсидан меомӯзонад ва мегӯяд, ки санъат метавонад дар тарбияи насли наврас нақши созгор дошта бошад ва сифатҳои хуби инсониро дар онҳо бедор намояд.
МЕҲРОНА