Рушди деҳот ва баланд бардоштани шароити зиндагӣ дар рустоҳои дурдаст аз фарҳангу маданияти сокинони он, хоса шахсиятҳои обурӯманде бастагӣ дорад, ки бо афкору корномаи ибратомӯзи хеш мардумро ба корҳои ободонию иқдомҳои созанда ҷалб сохта битвонанд. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритус ба унвони пешоҳангони ҷомеа аз бонуи соҳибҳунар Барно Ҳазратқулова ном мебаранд, ки дар пешрафтҳои ҳаётии занону духтарони рустои Сайёд нақши ниҳоят муҳим дорад. Таъсиси сехи дӯзандагӣ дар соли 2009 нахустин лоиҳаи корсозии вай барои ҳамдиёронаш, назари бонувони хонашинро ба зиндагӣ дигар намуд.
- Аз таҷрибаи беш аз чиҳилсолаи фаъолияти хизматиам дар кору вазифаҳои роҳбарӣ ба хубӣ медонистам, ки қишрҳои ҷавонон ба хусус занону духтарони хонашин ниёзманди ҷойи кору шуғлҳои муздноканд, ки лоақал аз вобастагии иқтисодии зодмандону дигар сарварони хонаводаҳои худ раҳо ёфта, дар зиндагӣ худкифо бошанд. Ин буд, ки аз рӯзҳои аввали фаъолият сехи дӯзандагии деҳа натанҳо коргоҳу макони ҳунаромӯзии бонувон, балки даргоҳи умеди тамоми занону духтарони рустои Сайёд гаштааст,- мегӯяд роҳбари Маркази омӯзишии эҳёи ҳунарҳои мардумӣ Барно Ҳазратқулова ва идома медиҳад, - баъди фаъол намудани сехи дӯзандагӣ бо дастгирии Ташкилотҳои ҷамъиятӣ беҳтарин ҳунарварони маҳаллиро ба дӯхту дӯзи сару либоси занона ҷалб намуда, дар ҳамкорӣ бо идораи шуғли аҳолии ноҳия курсҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумиро роҳандозӣ намудем. Мояи хушбахтию толеъбаландии занону духтарони рустоҳои дурдаст аст, ки дар маҳалли хеш имконияти касбомӯзӣ пайдо карда, бо кору шуғлҳои фоидаовар фаро гирифта шаванд. Ҳамин сон, соле ду - се гурӯҳ бонувон дар маркази мо курсҳои ҳунаромӯзиро хатм карда, ба фаъолиятҳои мустақилона мепардозанд.
Чун зодаи ин деҳоти дурдасти кишвар, ки мушкилиҳои умдаи занону духтаронро худ аз сар гузаронидаву дар худ таҷриба кардааст, чеҳраҳои дар гармои офтоб сӯхтаву обилаи кафи дасти коргарзанонро нишони сарбории машғулиятҳои оилаву заҳмати аз субҳ то шомгоҳ дар саҳро доштаи онҳо мегуморад. Ба рағми шикасти тафаккури қолабӣ ва ҷалби занони муштипар ба фаъолиятҳои истеҳсолии саноатӣ, соҳибкорию дигар соҳаҳои сердаромад, Барно илму касбомӯзии духтарони деҳотро дар мадди аввал дониста, ба Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуд. Баъди хатми факултаи математикаи донишгоҳи мазкур муддате ба ҳайси омӯзори мактаби зодгоҳаш фаъолият карда, пас аз он то соли 1980 дар вазифаҳои гуногуни идораву ташкилотҳои ноҳия фаъолият бурдааст. То оғози нобасомониҳо раиси Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус буд.
- Солҳои нооромӣ бо кӯлворӣ донишу таҷрибаи чандинсола дубора ба деҳа баргашта, зиндагиро ба қавле аз сифр оғоз намудам, - ба хотир меорад гузаштаро Барно Ҳазратқулова. – Назди худ мақсад гузошта будам, ки ба занону духтароне, ки ҷаҳду талоши раҳоӣ аз мушкилу маҳдудаҳои хонаводагӣ доранд, кумаки худро дареғ надорам. Соли 2009 ба ман муяссар гардид, ки дар деҳаи Сайёд сехи дӯзандагиро фаъол созам. Дере нагузашта коргоҳи дӯзандагӣ ба макони ҳунаромӯзӣ ва маркази сарҷамъии занону духтарони корҷӯй табдил ёфт ва зиёд идеяҳои корсозию рушду эҳёи ҳунарҳои ба умқи фаромӯшӣ рафта, маҳз дар суҳбату маҳфилҳои бонувони ҳамин ҳунаристон, тавлиду амалӣ мегардид. Тобистони соли гузашта дар доираи барномаҳои «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мо ба унвонии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Таъсиси маркази омӯзишии эҳёи ҳунарҳои мардумӣ»-ро пешниҳод карда, соҳиби гранти президентӣ гардидем. Дар доираи тарҳи мазкур ба маблағи 30 ҳазор сомон мошинҳои гуногунсифати дӯзандагию попурзанӣ харида, фаъолияти коргоҳро густариш додем.
Дар марҳилаи аввали лоиҳаи мазкур 20 нафар духтарон курси семоҳаи омӯзиширо ба итмом расониданд, чанд тан дар коргоҳ монданду боқӣ ҳунарашонро дар хонаву маҳаллаҳои зист идома медиҳанд. Айни ҳол даври дуюми омӯзиш идома дорад, ки дар он 15 нафар занону духтарон попурзанию дӯзандагиро азбар намуда истодаанд. Ба роҳ мондани дӯхти сару либоси мактабӣ аз ҳадафҳои дигарест, ки баҳри амалӣ намуданаш бонуи кордон саъю талош дорад.
Ба гуфти Зуҳро Юсупова як тан аз шогирдони ин марказ, то кунун дар сандуқу хазинаҳои пиразанони деҳот нусхаи ҳунарҳои дастие маҳфуз будааст, ки имрӯз дар бозор харидорони зиёдеро соҳиб аст.
- Алъон мо як намунаи ҷамолакҳои қадимаи абрешимиро мавриди омӯзиш қарор додаем, ки мехоҳем дар оянда онро омода ва ба фурӯш барорем, - мегӯяд ҳамсуҳбатам ва илова мекунад:
- Хоҳишмандони ҳунармомӯзӣ дар марказ зиёданд, вале мутаассифона барои фарогирии ҳамаи онҳо ҳуҷраи кории мо тангӣ мекунад. Агар мақомот кумак мекарданду ҷойи мо васеъ мешуд, доираи фаъолиятамон ҳам фаррох ва сафи бонувони бекор кам мегашт.
Ҷ.Сайфиддин,
н.Шаҳритус