Тоҷикон аз замонҳои қадимтарин мардуми ҳунарманду фарҳангдӯст буданд ва ҳамеша ба касбу ҳунарҳои аҷдодӣ арҷ мегузоштанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Бо он ки парвардаи яке аз оилаҳои шинохтаи шаҳри Кӯлоб аст, як бонуи заминиву самимӣ дидамаш. Саодат Сироҷзода, роҳбари САҲШ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вазну тамкини хос дар суҳбат аз кӯдакиҳо, айёми ҷавониву таҳсилаш дар яке аз донишкадаҳои Бухоро, издивоҷаш бо ҷавони ҳамдарсу фарзандони солеҳ, ки баъди даргузашти шавҳар мазмуни зиндагиаш ҳастанд, аз пирӯзиҳои касбиву ҳунармандиаш парда бардошт.
«Хотираҳои неке аз даврони кӯдакӣ дорам. Падарам хизматчии давлативу модарам як зани деҳотии ҳунарманданд. Модар дӯзандаи гулдаст, аз нозукиҳои ҳунарҳои мардумӣ бохабар, кадбонуи хубе ҳастанд. Дар ҷавонӣ пайваста банди кор буданд, охир парасториву нигоҳубини 8 фарзанд кори саҳл нест.
Духтари зирак будам, ҳам ба фаъолияти падар таваҷҷуҳ доштаму ҳам мехостам мисли модар ҳунарманд бошам. Қиблагоҳ, сарфи назар аз кори зиёд, шеър эъҷод мекарданд, 14 китоби марбут ба назму наср таълиф намудаанд. Насиҳаташон ба фарзандон доим ин аст: «Дасти фитода бигиред, ба бенавое ёрӣ расонед, сари ятимеро сила бинмоед, дар ин дунё фақат некӣ мемонад». Ба ҳеҷ ваҷҳ 3 духтарашонро аз писарҳояшон кам намедиданд. Баръакс, зан дар оилаи мо чун баракати хона мавқеи баландро соҳиб буду ҳаст.
Замони дар синфи 10 хонданам, дар деҳа коргоҳи дӯзандагӣ таъсис ёфт. Пас аз дарсҳо ҳунар меомӯхтам. Орзуи ворид шудан ба сиёсати калон ҳамон замон дар дилам маъво гирифт, ки сарфи назар аз ҷавонӣ дарк менамудам, ки барои зани роҳбар доштани савод, кирдори хубу одоби ҳамида зарур аст».
Баъди хатми мактаби миёна Саодат ба Донишгоҳи технологии шаҳри Бухоро дохил шуда, онро бо дипломи муҳандис - технолог хатм намуд ва чун мутахассиси соҳаи саноати сабук ба Ватан баргашт.
«Баъди хатм ҷавоне аз ноҳияи Фархор, ки ҳамроҳам дар риштаи саноати вазнини Донишгоҳи технологии Бухоро таҳсил дошт, ба хонаамон хостгор фиристод. Ӯро чандон хуб намешинохтам. Падарам бисёр ҷиддӣ пурсуков намуданд, ки аз кадом оила асту чӣ гуна инсон. Баъди итминон ҳосил кардан, ки дар оилаи хуб камол ёфтааст, розӣ шуданду бо ҳам издивоҷ кардем. Дар зиндагӣ соҳиби 3 писару 1 духтар шудем, ки ҳоло фарзандон маънии ҳастии мананд.
Соли 2017 шавҳарамро аз даст додам. Ин талафоти калони зиндагиам буд. Бо он ки ҳеҷ гоҳ эҳтиёҷи иқтисодӣ надоштем, ӯ монеи кору пешрафтам набуд. Баръакс ҳамеша таҳрикам медод, ки бо сари баланд фаъолият намоям».
Таҷрибаи кории Саодат Сироҷзода аз коргоҳи дӯзандагие дар назди Вазорати саноат оғоз ёфт. Чун ҷавони боғайрату дидадаро муовини директори коргоҳ таъйинаш карданд. Таҷрибаи омӯхтааш дар ин даргоҳ буд, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои бонувони бекормонда фабрикаи дӯзандагии «Саодат»-ро созмон дод. Бонувони «Саодат» дар солҳои вазнин дӯхтани либосҳои мардонаву занонаро барои мардум бо нархҳои арзону дастрас ба роҳ монданд.
«Дар баробари либосу пардаву кӯрпачадӯзӣ кӯшиш ба харҷ додем, то ҳунари чакандӯзиро эҳё намоем. Барои духтаракони гурӯҳҳои рақсии давлатӣ либосҳои миллӣ омода менамудем. Баъди иштирок дар озмуни «Таронаи чакан» дар ҳошияи 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб аз ман хоҳиши фаъолият дар зодгоҳро карданд. Мехостанд дар рушду нумӯи санъати ҳунармандӣ, махсус чакандӯзӣ саҳм гузорам. Дар зимн мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Кӯлоб таъйин шудам».
Мавсуф, ки аллакай то ин айём ба ҳайси мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Фархор фаъолият дошт, хуб медонист, ки чӣ гуна корро ҷоннок ба роҳ монад. Чаканвориҳои қадимаро, ки дар дасти аҳолӣ хеле кам монда буданд, гирд оварду барои барқарорсозии нақшу нигорҳои нодир иқдом кард. Он солҳо бо ташаббуси ӯ озмуну чорабиниҳои зиёде дар самти эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи арзишҳои оилавӣ, тарбияи дурусти ҷавонон доир шуданд.
«Соли 2007 дар озмуни вилоятии «Таронаи чакан» ҷойи аввалро гирифтаму соҳиби автомашинаи «Жигули - 07» гаштам (механдад). Ҳамон сол мудири шуъбаи САҲШ-и вилояти Хатлон таъйин шудам ва 7 сол дар ин симат заҳмат кашидам. Масруфияти зиёди корӣ наметавонист маро аз ҳунармандӣ канор гузорад. Ҳамеша дар андешаи ворид намудани тарҳҳои наву ҷолиб дар дӯхтудӯз, хосса чакан будам. Ҳаводороне доштам, ки мехостанд чодари арӯсии фарзандонашонро махсус ман омода созам. Вақте сари кори ҳунармандӣ менишинам, ҳама чизро фаромӯш месозам. Чун мебинам, ки амал шакл гирифту хости дил баромад, болида мегардам. Ин кор мисли шукуфтани садбарг пеши чашм аст, ки онро бо сухан ифода намудан имкон надорад».
Саодат бо баробари пайдо шудани ҳавасмандони кораш ба онҳо гӯш дода, пайи омода намудани тарҳи фармоиш қоғазу қалам ба даст мегирифту соатҳо тахайюлашро рӯи варақ мерехт. Қаламзаниву гулофариро дар рӯи матоъ, хосса чакан моҳирона анҷом медод. Дар бештари озмунҳои марбути ҳунари кадбонугӣ ширкат меварзиду ҷойи аввалро касб менамуд. Қурутоб, шакароб, оши бурида, ревич, фатирмаска ва анвои дигари хӯрокҳои омодакардааш ҳаводорони хӯрокҳои миллиро барои ошноӣ бо пазандааш таҳрик медоданд.
«Намехоҳам писаронам дилбохтаи тарабхонаву ошхонаҳои зудпаз бошанд. Барояшон беҳтарину болаззаттарин ғизоҳои милливу аврупоиро омода месозам. Танҳо як ҳарфашон, ки мегӯянд: «Модарҷон, ин қадар дасти шумо болаззат аст», энерҷии бештаре бароям медиҳанду мекӯшам анвои хӯрокҳои нав ба навро барояшон таҳия созам. Ҳамеша аз як чиз метарсидам, ки андармони кору бор аз фарзандон дур нашавам, онҳо аз меҳри ману ман аз олами ширини онҳо сер бошам. Шукр, ҳоло ба хона келин овардам, ӯро мисли фарзанд пазируфтам».
Анъанаи интихоби арӯс дар шакли имрӯза ба роҳбари САҲШ чандон писанд нест. Бо он ки духтарро як маротиба дар маърака ё кӯчаву бозор дида хуш мекунанду ҳафтае пас бо саросемагӣ тӯй барпо мешавад, нафарони зиёде ба иштибоҳ роҳ додаанд.
«Дар Бухоро, ки ҳар қадам бӯи таъриху фарҳанги волои тоҷикона дорад, интихоби арӯсу домод бисёр нозуку ҷиддӣ сурат мегирад. Моҳҳову баъзан солҳо аз аслу насаби духтар ё писар ҷӯё шуда, оилаву тарбияашонро меомӯзанд. Шабу рӯз меандешам, ки барои пешгирӣ аз оилавайронӣ боз чӣ чораҳои муассире бояд роҳандозӣ шаванд? Танҳо бо як ниҳоди давлатӣ намешавад шиддати омори талоқро паст кард. Муҳиту ҷомеа низ таъсиргузор бояд бошанд. Солҳои пеш пирони авлод, куҳансолони маҳалла, сарварони хонавода сари ин мавзӯъ ҷавононро сахт мегирифтанд, насиҳат мекарданд, муддаиёни талоқ медонистанд, ки пеши мардуму ҷомеа шармсор мешаванд».
Саодат Сироҷзода ҷонибдори маълумотнок ва ҳунарманд будани бонувон аст. Бар ин бовар аст, ки саводу ҳунар метавонанд оилаҳоро аз таниши иқтисодӣ вораҳонанд. Ҳамеша чун як бону кӯшидааст дар кадом кору вазифае набошад, донишашро такмил диҳад. Соли 2011 Донишгоҳи давлатии Бохтарро бо ихтисоси ҳуқуқшинос - омӯзгор хатм намуд. Соҳиби дипломи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ гашт. Ҳоло донишҷӯи соли панҷуми Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Аз рӯи насиҳати падар амал намуда, дасти ниёзмандону барҷомондагонро мегирад. Дар арафаи ҷашни Наврӯз кори хайре анҷом доду як ҷавони 31 - соларо, ки аз камбизоатӣ издивоҷ накардааст, оиладор намуд.
Ба ин монанд эҳсонкориҳои ин бонуи дарёдил зиёд аст, аммо хоксорона мегӯяд: «Кори хайр бояд махфӣ бошад, дар сурати ғайр он хайр нахоҳад буд».
Гулноза АҲМАДЗОДА