Дойра, сози мусиқии қадимӣ ва маъмули зарбии тоҷикон аст, ки дар байни аксарияти халқҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон паҳн гаштааст. Асбоби зарбӣ чанбари мудаввар дошта, аз 2 – 3 қабат чӯби ба ҳам васлшудаи тут, зардолу ё токи яклухт сохта мешавад. Сози миллӣ имрӯз дар тамоми гурӯҳҳои ҳунариву оркестрҳо чун сози ҳатмии зарбӣ ва ҳамчун сози якканавозӣ дар истифода аст.
Аслан, дойрасозӣ шуғли мардон маҳсуб меёбад, вале сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт Амина Усмонова устои номвар дар пешаи дойрасозист. Ӯ ин ҳунарро аз падараш усто Абдусамад Хирматов омӯхтааст.
- Мо дар оила шаш фарзандем - се писару се духтар. Ҳама касби падарро аз худ кардаем. Чашм кушодему дойраву таблаксозиро дидем. Аз хурдсолӣ ба ин касб шуғл меварзем. Падарам замони таҳсил дар Самарқанд аз ҳунарманди номдор усто Мирзо пешаи дойрасозиро омӯхтааст. Ӯ муҳосиби беморхона буд, аммо пешаварӣ низ касби асосиаш ба ҳисоб мерафт. Модарамон омӯзгор буданд, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Тавре Амина иброз дошт, сохтани дойра вақти зиёдро намегирад. Аз васлу насб ва то хушк кардани пӯсти як доира вобаста ба ҳаҷмаш аз 2 то 3 соат вақт меравад, вале барои тайёр намудани даста, ҳалқаҳо ва коркарди пӯст рӯзҳо масраф мешаванд.
- Дар аввали кор қисмҳои дойраро омода месозем. Пас аз захираи ашё ба сохтани дойра шурӯъ мекунем. Дойра чаҳор қисм дорад: чанбар, пӯст, ангуштовезак ва ҳалқаҳо. Чанбари дойраро чӯби диаметраш 30 ва ғафсиаш 3 – 5 сантиметр ташкил медиҳад. Ба рӯйи чанбар аз пӯсти буз, гӯсола ё тойча пардаи таранг мекашанд. Пӯст ба чанбар часпонда шуда, ширеш ва мехкӯб мешавад. Ангуштовезак (чангак) барои бо ангушт доштани дойра хизмат мерасонад. Ҳалқаҳои дойра филизӣ буда, гирдогирди дастаи он аз дохил часпонда мешаванд. Баъзан чанбари дойраро хотамкорӣ мекунанд. Шилшилаҳои даруни чанбар ҳангоми навохтани дойра бо ҳамдигар ва танаи чанбар бархӯрда, садои нафису зариф мебароранд, - мегӯяд Амина.
- Дар як рӯз то 10 дона дойраву таблакро васлу насб мекунам. Соли гузашта дар арафаи Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ 100 дойра фармоиш гирифтем. Дар якҷоягӣ бо падар, шавҳар, бародарам усто Абдуқодир, апаам ва ҷиянам Далер дар се рӯз ин фармоишро иҷро намудем. Дар Ҷашни Наврӯзи имсола низ аз иҷрои фармоиши калон баромадем, ки 600 дона дойра ва зиёда аз 300 дона таблак бояд омода мекардем. Ин кори ҳаррӯзаи оилаи мо мебошад. Аз ҳамин ҳисоб зиндагиамон пеш меравад, - изҳор менамояд ӯ.
Оилаи онҳо дар як сол ба ҳисоби миёна аз 4 то 5 ҳазор дона дойраву таблак месозанд. Арзиши дойраҳо, ки онҳо яклухт савдо мекунанд, вобаста ба ҳаҷми он аз 35 то 150 сомонӣ ва таблакҳо аз 10 то 85 сомонӣ мебошад.
- Замони дар шаҳри Кӯлоб, дар ҳавлӣ зистан, сафоли таблакро худамон мерехтем. Ҳоло сафолро аз корхонаи «Армуғон» аз 3 то 33 сомонӣ мехарему худамон локу гулкорӣ карда, симу пӯст мекашем. Ҳамаи корҳо дастӣ иҷро мешаванд. Пӯстро аз қассобхонаҳо мехарем. Пӯсти буз, ки аслан барои дойраи занона истифода мешавад, аз 5 то 20 сомонӣ ва пӯсти гов аз 70 то 200 сомонӣ арзиш доранд. Барои дойраи мардона ё касбӣ пӯсти гов ба кор меравад. Шилшилаҳои дойраи занонаро аз сими алюминӣ худамон месозем. Барои ҳалқаҳои дойраи мардона, ки аз симҳои оҳании ғафсу вазнинтар омода мешаванд, аз хизмати харротон истифода мекунем.
- Пӯстро аз пашмаш ҷудо карда, онро коркард менамоем, ки барои ин шароити хона мувофиқ нест. Зеро ин марҳилаи асосӣ ва душвори кор асту ба атрофиён ва муҳити зист халал ворид месозад. Чунки пӯст аз худ бӯи ғализ мебарорад. Пӯсти дар корхонаҳои истеҳсолӣ омодагашта барои дойрасозӣ ба кор намеравад. Барои дойрасозӣ пӯсти бе коркарди доруву намак зарур аст. Пӯсте, ки онро бо дору ё намак коркард мекунанд, садо надорад, он мисли коғаз аст, - мегӯяд ин бонуи ҳунарманд ва илова менамояд:
-Солҳои пеш дастаи дойраро дар баробари чӯби дарахти бед аз пластмас низ тайёр мекарданд. Пас аз бозмондани корхонаи истеҳсоли пластмас кори мо низ бозмонд. Падарам аз фикри худ қолаб ихтироъ намуду бо истифода аз фанер дастаи дойра сохт. Алҳол дастаи дойраро аз се то панҷ қабат фанер монда месозем. Аз сабаби набудани таҷҳизот мо аз фанер истифода менамоем. Дар асл чанбари дойраи касбӣ бояд аз чӯби бед, тут, чормағз, заранг, ақоқиё (акатсия) ва ё ток сохта шавад.
Сифати дойраҳои сохтаи Аминаро аввал ҳамсараш Ҷамшед, дойрачии касбӣ баҳо медиҳад. Ӯ коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо ихтисоси дойра хатм намудааст. Дар ансамблҳои рақсии «Лола» ва «Парасту» - и Филармонияи давлатии Тоҷикистон консертмейстр - дойранавоз аст. Инчунин, дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ба кӯдакон ҳунари дойранавозиро меомӯзад.
- Падарам устоди дойранавоз буданд. Ин касб дар мо авлодист. Алҳол фарзандонам аз уҳдаи навохтани дойра, таблак, қӯшнағора ва дигар созҳои зарбӣ ба хубӣ мебароянд. Барои дойрадаст шудан ками кам шаш моҳ назди устоде шогирд истодан даркор, - мефаҳмонад Ҷамшед.
Ҷамшеди он вақт наврас, ки дар ҳамсоягии усто Абдусамад мезист, таблаки ноҷӯрро баҳри таъмир ба усто бурду бо дидани духтари усто - Амина ошиқаш шуд. Инак, 12 сол аст, ки Ҷамшеду Амина бо ҳам зиндагӣ доранд. Онҳо оилаи ҳунарманду эҷодкор бунёд кардаанд. Чор фарзанд - Ёқубҷон, Ёсинҷон дар мактаб - интернати махсуси ба номи Миратулло Атоев мехонанд. Ёсамини 6 - сола шомили ансамбли рақсии «Шукуфаҳои пойтахт» асту Ситоиши дусола дар дойрасозӣ ёвари модар.
- Асбоби харротӣ ва дигар таҷҳизоти заруриро барои коркарди пӯсту чӯб ва сафол надорем. Агар коргоҳ медоштем, бо васли таҷҳизоти лозима метавонистем дар оянда коркарди пашмро низ ба роҳ монем. Мо маҳсулотро тайёр мекунему дигарон мефурӯшанд. Агар дукон медоштем, дастранҷи худро ба сайёҳону сокинони кишвар бо нархи дастрас пешкаш менамудем. Маҳсулоти моро дар марказҳои тиҷоратӣ ва дигар фурӯшгоҳҳо савдогарон бо нархи ду - се баробар қимат мефурӯшанд. Ният дорам дар маркази шаҳр дукони «Дойра» кушоям ва он ҷо танҳо созҳои зарбӣ - дойраву таблаки истеҳсолнамудаи худро барои сокинону меҳмонон бо нархи арзон ба фурӯш гузорам, - гуфт дар анҷоми суҳбат Амина.
Д. САФАР