Масъалаи нигоҳ доштани асолат ва покизагии забони модарӣ ба яке аз мавзӯъҳои муҳими ҷомеаи имрӯза табдил ёфтааст. Гузашта аз ин, рушди технологияи навин ба забонҳои ҷаҳон бетаъсир намемонад, ки аз ин миён забони модарии мо низ истисно нест.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки доираи васеи хонандагонро фаро мегиранд, мукотиба ва муоширати ҳамватанони мо гоҳе бо забони дурушту пурғалат ва гоҳе ба забонҳои махлут сурат мегиранд. Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Мирзо Ҳасани Султон бар ин назар аст, ки забони ба истилоҳ дар «фазои маҷозӣ» истифодашаванда имрӯзҳо воқеан ташвишовар аст:
- Ҳамаи қишрҳои ҷомеаи мо ба шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳ доранд. Мо узви ҷомеаи ҷаҳонем ва хоҳ-нохоҳ аз абзорҳои имрӯзаи иттилоърасонии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонем. Нигаронӣ аз он аст, ки аксар зимни мукотиба ба забони тоҷикӣ ба ғалатнависӣ роҳ медиҳанд ва соҳибзабонон нисбат ба ин масъала беэътиноянд.
- Яке аз норасоиҳо ин аз ҳуруфи тоҷикӣ сарфи назар кардани мардум аст?
- Бале, истифода набурдани ҳуруфи тоҷикӣ ҳам ҷой дорад, вале мушкилоти асосӣ дар он аст, ки калимаҳо ғалат ва бештар бо лаҳҷа навишта мешаванд. Ҳатто гоҳе падидаи бисёр номатлуб ҳам ба назар мерасад, ки ба баъзе лаҳҷаҳо ба таври истеҳзо ва таҳқиромез муносибат карда мешавад, ки воқеан ҷойи нигаронии ҷиддист. Нисфи сухан тоҷикӣ, ними дигар ба русӣ ва ё дигар забон навишта мешавад, ки ин ҳам қобили қабул нест.
-Ин падидаҳоро чӣ омилҳое пайгирӣ менамоянд?
- Мушкилот аслан дар камтаваҷҷуҳӣ ба забони модарӣ аст, ҳарчанд солҳои охир дар омӯхтани забонҳои дигар бисёр чобук гаштаем. Рисолати асосӣ он аст, ки нахуст забони модарии худро бояд хуб омӯхт, асолат, ширинӣ ва шевоии онро бояд нигаҳ дошт. Ба забони тоҷикӣ беҳтарин шоҳкорҳои инсоният таълиф шудаанд. Кӯшиш бояд кард, то ҳар сухане, ки мегӯем ва ҳар матлабе, ки менависем, ба забони адабӣ бошад.
- Вале, мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва мавзеъҳои ҷамъиятӣ бо ин забони ноб суханони ноҷо ва ҳатто дашном гуфта мешаванд...
- Вақте бо забони модарии худ сухани носазо мегӯем ё дашном медиҳем, ин таҳрифи симои миллӣ, беэҳтиромӣ ба модар, беэҳтиромӣ ба Ватан ва миллати мо дониста мешавад. Забон ёдгори бузурги гузаштагон ва яке аз унсурҳои миллатсозу ваҳдатофари мост. Кӯшишҳои истиқлолталабии мардуми мо ҳам дар охири даврони шӯравӣ аз мубориза барои мақоми давлатӣ додан ба забони модарӣ шурӯъ шуд, яъне ин забон барои мо муқаддас аст, пас чаро бо ин забон мо сухани қабеҳу носазо гӯем?
- Бархе бар он назаранд, ки забони тоҷикӣ бори мафҳумҳоро намекашад ва на ҳама истилоҳро ба ин забон метавон ифода кард...
- Ин андешаи ботил ва бисёр оҷизона аст. Забони тоҷикӣ забонест, ки нозуктарин маъниҳои шоирона ва дақиқтарин мафҳумҳои илмиро метавон бо он баён кард. Нотавонӣ дар забон нест, нотавонӣ дар забондонии мост, ки намекӯшем забони модарии хешро хуб омӯзему аз осори ниёгон пурра баҳравар гардем. Муҳаққиқони хориҷӣ ва касоне, ки забони тоҷикиро омӯхтаанду осори гузаштагонро мутолиа намудаанд, ба пеши ин забон ва сеҳру ҷозибаи сухани устодони бузурги он сари таъзим фуруд овардаанд.
- Ҳамоно дар забони тоҷикӣ вожаҳои зиёде аз забонҳои дигар иқтибос шудаанд. Ин метавонад ба таркиби забон халал ворид созад?
- Тамосҳои забонӣ ва фарҳангӣ аз рӯзгори қадим то ба имрӯз вуҷуд доранд. Хоҳ-нохоҳ, агар падидаи наве ҳаст, албатта, ба забон ворид мегардад. Барои ифодаи ҳамон мафҳум, агар дар забони тоҷикӣ имкон мавҷуд бошад, онро бо вожаи модарии хеш баён кунем, беҳтар аст. Масалан, мафҳуми «инвеститсия»-ро мо ба забони модарӣ «сармоягузорӣ» мегӯем. Мо аз ворид шудани истилоҳоти ҷудогона ба забон бим надорем, бим дар он аст, ки истилоҳоти бегона аз пайи худ чандин истилоҳи дигарро ба забон ворид месозанд: инвестор, инвеститсия… ва ғайра. Барои баёни мафҳуму падидаҳои нав бояд аз имконоти дохилизабонӣ босамар истифода барем, ё ҳатто метавонем дар баёни баъзе мафҳумҳо аз лаҳҷаву шеваҳо истифода кунем. Лаҳҷаҳо ганҷинаи муҳими забони модарии мост, ки баъзе калимаҳои фаромӯшшуда дар батни онҳо боқӣ мондаанд. Агар ба дарёфти калима ё истилоҳи худӣ муваффақ нашавем, он гоҳ месазад калима ё истилоҳро аз забони дигар иқтибос гирем. Калимаҳои иқтибосиро дар навбати худ бояд ба табиати забони модарӣ мувофиқ гардонем, то ба завқи мардум созгор оянд.
- Раванди ҷаҳонгароӣ ё ҷаҳонӣ шудан, ки онро глобализатсия мегӯянд, метавонад ба инкишофи забони тоҷикӣ таъсири манфӣ гузорад?
- Равандҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ, агар барои миллате ва ё қавме сарнавиштсоз бошанд, барои бархеи дигар сарнавиштсӯзанд. Забони модарии мо низ аз шарри раванди ҷаҳонгароӣ эмин нест.
Агар асарҳои илмиро ба дигар забонҳо нависем, ба дигар забонҳо суҳбат кунем, тафаккур ва андешаи миллӣ надошта бошем, тадриҷан асолати забонро аз даст медиҳем. Вақте ки асолати забон аз даст меравад, забон ногузир маҳкум ба нобудӣ мешавад. Донишмандони тоҷик бояд саъй намоянд, ки дар баробари таълифи асар ба забони модарӣ, асарҳои худро бештар ба саҳфаи сомонаҳои интернет ворид намуда, забони ширину шевои тоҷикиро дар зеҳни мардум мақом диҳанд. Ва худашон низ дигар забонҳоро хуб омӯзанду асар ва кашфиётҳои навтарини илму фанро ба забони тоҷикӣ баргардон кунанд.
-Имрӯзҳо ҷиҳати мақому мартабаи сазовортарро касб намудани забони тоҷикӣ тадбирҳои зиёде андешида мешаванд...
- Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дубора барқарор кардани асолати забони тоҷикӣ иқдомҳои хеле наҷиб пеш гирифтаанд. Ба шарофати Пешвои миллат забони тоҷикӣ аз баландтарин минбарҳои олам садо дод ва ба ҷаҳониён аз ҳастии меросбарони фарҳанг ва тамаддуни бузурги қадимӣ – тоҷикон мужда расонд.
Вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ дубора дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» таҳким ёфт ва истифодаи он дар ҷумҳурӣ ба танзим оварда шуд. Сиёсати русигустарии аҳди шӯравӣ таназзул ёфт ва дар қиёс ба солҳои аввали истиқлолият сатҳи забондонии мардум хеле боло рафт. Дубора номҳои Суғд, Бохтар, Хуросон ва садҳо номи таърихӣ эҳё шуданд. Ҳамасола дар Паёми хеш Сарвари давлат бо эҳтироми хос аз ин муқаддасоти миллӣ ёдовар шуда, таъкид менамоянд, ки забони модарии хешро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Ҳатто суҳбату суханрониҳои Сарвари миллат намунаи хуби сухангӯӣ ба забони тоҷикист, ки барои ҳамагон шоистаи пайравист.
- Воқеан, барои ҳифзи асолати забон ба ҷавонон, бахусус ба аҳли қалам, ки ҳомили асосӣ ва посдорони забон дар ҷомеа ҳастанд, чӣ тавсия медиҳед?
- Ҷавонон тариқи садову симо суҳбатҳои хуб меороянд ва ҳамин анъанаро бояд дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ идома бахшид. Баҳри боз ҳам хубтар омӯхтани забон ба фарҳангҳои забони тоҷикӣ ва адабиёти гузаштаву имрӯзаи мо муроҷиат намоянд, ки имрӯз тариқи шабакаи интернет дастрасанд. Ҳар он нафаре, ки ба даст қалам дорад, рисолати бузурге бар дӯши ӯст, зеро покизагии забон бастагӣ ба хомаи аҳли қалам аст. Ғалатнависиро дар ҳама ҷо пайгирӣ намоянд. Дар робита ба қавли Саъдии бузург, ки мегӯяд:
В-агар бинам, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинам гуноҳ аст.
Ситора АШӮРОВА