Дер боз ба аёдати модар нарафтаам. Дилам ба ёдаш гум мезанад. Мехоҳам бо тамоми ҳастӣ модарро нидо кунам: «Модар, биё, ки пазмонат шудам. Биё, ки дар ин шаҳр аз ту меҳрубонтаре надорам. Ин шаҳр маро бе ту хуш нест»...
Агар ин бор ба дидорат равам, сар ба болини нақшин, ки дар кӯдакӣ бароям дӯхтӣ мегузораму беғам мехобам, мехобаму тамоми кору бори дунёро фаромӯш месозам. Не, мехобаму ба даврони кӯдакӣ бармегардам. Бо кулчаи ширмол наҳорӣ мехӯраму дар кӯчаи деҳа бо кӯдакони ҳамдеҳа бозӣ мекунам. Бубин модар, ман бо ҳама мардонагӣ, калонсолӣ, хонадорӣ он қадар меҳри туро пазмонам, ки аз хонаи худ фаромӯш кардам.
Эҳ модар, модар, модар…
МОДАР ФАРИШТА БУД
Модар фаришта буд, кӣ гуфто, ки пар надошт?!
Фарзанд буд болу параш, худ хабар надошт.
Шояд хабар зи болу параш буд ҳам, вале
Фикри ҷудоӣ аз писару аз падар надошт.
Дар кӯдакӣ чу хостамаш ҳадяе барам,
Гарчи фақир буд, ба зар ҳам назар надошт.
Гар беш буд даври ҷавонӣ ҳавас ба дил,
Ганҷу гуҳар гар бурдамаш, ҳоҷат дигар надошт.
Обаш ба ҷои ҳадя чакондам чу қатрае,
Даври лабаш ба ғайри дуъо бар писар надошт.
Модар фаришта буд, пари хеш монду рафт,
Аз дарди сахти қалб мадор он қадар надошт.
Модар фаришта буд, фаришта мудом ҳаст,
Ҷуз доғу дарди зиндагӣ ранҷе агар надошт.
Маҳзун ба саҷда мегузарам аз мазори ӯ,
Ҷуз рӯҳи шод модари вологуҳар надошт.
Ҳамдардии касе бикунам, к-ӯ зи хурдиаш,
Бигзашт аз бар модараш, ҷуз чашми тар надошт.
Чун қадри ӯ Ниҳонию Озар бигуфтаанд,
Бе ёди модар дардашон дар дил асар надошт.
Ниҳонӣ
СОҲИБИ НУР
Салом, ай модари дилсӯзи ранҷур!
Саломат мефиристам аз раҳи дур,
Саломамро шунида ашкрезон,
Шавад аз шодӣ чашмони ту пурнур.
Зи нури чашмҳоят дар шаби тор,
Расад нуре ба ҷисму ҷони ранҷур.
Дилам лабрези меҳрасту таманно,
Садоямро магар бишнидӣ аз дур?
Ба хобам омадӣ, гуфтӣ: «Азизам,
Набошад бе ту моро шодиву сур».
Бигуфтам: «Модаро! Ҷоно! Ҷаҳоно!
Ду чашмонат зи чӣ гаштаст бенур?!».
Бигуфтӣ: «Нури чашмонам туӣ, ту,
Маро бе ту ҷаҳон якрангу бенур».
Чунон ғамгин шудам дар хобу гуфтам:
«Гуноҳи ман бубахшо, соҳиби нур!
Чунон ҷурме намудам то қиёмат,
Нагардам бе ризоят шоду масрур.
Худовандо! Бубахшо ҷурми моро,
Бибар моро ба хона бо дили пур!
Дили пур аз муҳаббат, сидқу имон,
Ба пеши модари дилсӯзи ранҷур!».
КОМИЛҶОН ШАМШЕРЗОДА