Мусиқии анъанавии Шашмақом дорои таърихи қадима ва ғанӣ буда, аз мақомҳои Бузрук, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ ва Ироқ иборат аст. Дар гузашта ва имрӯз бонувони мақомсаро Туҳфа Фозилова, Ҳанифа Мавлонова, Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷонова, Муслима Боқиева, Тӯхта Иброҳимова, Мастона Эргашева, София Бадалбоева, Сабоҳат Наҷмиддинова, Озода Ашӯрова ва дигарон дар рушди ин санъати бебаҳо саҳм гузошта, ҳар яке мактаби ҳунарии мақомхонии худро дошту дорад.
Шашмақом аз давраи пайдоишаш таҳти таҳдиду бархӯрдҳои сиёсӣ қарор дошт ва дар замони шӯравӣ низ дар таблиғу тарғиби ин мусиқии ниёгонамон чандон таваҷҷуҳ зоҳир наменамуданд. Дар мактабу муассисаҳои мусиқӣ аслан жанрҳои мусиқии русӣ ва аврупоӣ ба шогирдон омӯзонда мешуданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи додани мақоми давлатӣ ба ансамбли «Шашмақом» ин жанри мусиқии қадимаи тоҷикон аз нав эҳё гашт. Ва дар ин радиф аз соли 2000-ум ансамбли «Шашмақом»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мақоми давлатӣ шуда, феълан 30 мутрибу сарояндагон дар он амал мекунанд, ки аксаран бонувону ҷавонон мебошанд.
- Дар гузашта мардум тариқи шашмақомхонӣ розҳои ногуфтаашонро месароиданд ва имрӯз ҳам миёни ҷавонон бештар ба воситаи жанри реп арзи дил гуфтанҳо «мӯд» шудааст. Вале, ин маънои онро надорад, ки мусиқии суннатии Шашмақом шунавандаи худро аз даст додааст. Новобаста ба синну сол ҳар кас вобаста ба табъу завқ шунавандаи жанри мусиқие ҳаст. Яъне, ҳар навъи мусиқӣ мухлиси худро дорад, аз ҷумла Шашмақом ҳам. Бахусус, хоҳ - нохоҳ мусиқии орифонаю ирфониро бо гузашти синну сол гӯш мекунем ва аз мусиқиҳои муосир дида, барои ашхоси миёнсолу куҳансол Шашмақом гӯшнавозу дилнишинтар аст. Агар не, ин ҳунари асили тоҷикон то имрӯз боқӣ намемонд. Ҷовидонии умри ин ҳунари асилро устодону хунёгарони мусиқии тоҷик то имрӯз нигоҳ доштанд ва рисолати мост, ки барои аз байн нарафтани ин мусиқии суннатӣ талош варзем. - мегӯяд Фурқат Саид, роҳбари ансамбли «Шашмақом».
Луҳира Муъминова аз зумраи бонувони мақомсарост, ки беш аз 25 сол байни ҳаводорони мусиқии қадимаи тоҷик шинохта шудааст. Ҳунарманд бар ин назар аст, ки имрӯз барои муваффақ шудан дар ин ҷода мушкилӣ нест ва ҳар соҳибзавқ дар ин ришта аз ҷониби собиқадорони ин намуди мусиқӣ дастгирӣ меёбад.
- Ман дар оилаи шашмақомхон зери навою оҳангҳои нодири классикӣ ба воя расидаам. Нозукии Шашмақомро аз падар омӯхтам ва баъдан Барно Исҳоқова, Муътабар Муқимоваро дар ин ҷода устоди худ медонам. Агар дастгирии онҳо намебуд, Луҳира намебуд. Солҳои пеш на ҳар ҷавони дилбохтаи ҳунари Шашмақом имкони ба саҳна баромадан дошт. Зеро, байни санъаткорон нафарони зиёде буданд, ки монеи сароидану омӯхтани нозукиҳои ин ҳунари воло ва ба саҳна ворид шудани ҷавонон мешуданд. Ин иштибоҳи хеле бузург аз ҷониби онҳо ва нотавонию беиродагии бархе аз ҷавонони вақт буд, ки натавонистанд дар шашмақомхонӣ муваффақ шаванд. Аммо, Шашмақом ҳанӯз ҳам «зинда» аст ва оҳангу навои тасхиркунандааш метавонад қалби ҳар соҳибзавқро моили хеш созад. Имрӯз дар ансамбли «Шашмақом» аксаран ҷавонон фаъолият доранд ва боифтихор мегӯям, ки онҳо давомдиҳандаи ин мактаби бузурги санъат ва посдорандаи мусиқии волои Шашмақом мебошанд, - изҳор медорад Луҳира Муъминова.
Қисмате аз ҷавонон ҳамқадами замон будан мехоҳанд ва ба мусиқиҳои қадима камтар майлу рағбат доранд. Завқи онҳо бештар ба мусиқиҳои сабук, ба мисоли реп, ҷаз, рок ва ғайра мебошад. Сарояндагони ин ҳунари воло омезиши мусиқии Шашмақомро бо эстрада ба роҳ мондаанд, ки мухлисони ҷавонро ба ин васила вориди олами мусиқии асили тоҷикӣ месозанд. Ӯ мегӯяд, ки собиқадорону устодони санъат ҷавононро таблиғ менамоянд, то аз оҳангу мусиқии ҳунармандону шашмақомхонҳои пешин бештар омӯзанд.
Бонуи шашмақомсаро бо пешниҳоди дар мактабу муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мондани омӯзиши мусиқии ниёгон мегӯяд:
- Шашмақомро мебоист аз давраи мактабхонӣ ба зеҳни кӯдакону наврасон ҷой кард ва дарсҳои мусиқиро аз асбобҳои қадимаю оҳангҳои миллӣ шурӯъ намуд.
Тарғиботи зиёдро дар бобати ба нестӣ набурдани ин ҳунари воло бо бештар пахш намудани оҳангу мусиқии Шашмақом тариқи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ ба роҳ мондан ба манфиат аст. Ӯ мутаассиф аст, ки бо баҳонаи гӯё мухлис надоштани мусиқии суннатии Шашмақом дар нуқтаҳои дискфурӯшӣ фиттаҳои сарояндагони Шашмақомро пайдо намудан амри маҳол мебошад.
Гулбаҳор Шокирова, яке аз шашмақомсароёни ҷавонест, ки узви ансамбли «Шашмақом» мебошад. Мегӯяд, ки нақши модараш дар тарғиби мусиқии суннатӣ дар хонадонашон хеле бузург аст. Маҳз бо роҳнамоии модар ӯ ин касбро интихоб намуд ва то ҷое муваффақ ҳам гашт.
- Ғижакнавозӣ ва сароидани сурудҳои русию аврупоиро дӯст медоштам. Аз олами Шашмақом бехабар будам, на аз он ки Шашмақом мусиқиест, ки бидуни фонограмма сароида мешавад ва хеле мушкил ҳам ҳаст. Зеро шавқу завқ надоштам ва бароям сароидани мусиқии суннатӣ дилгиркунанда менамуд. Шояд бархе аз ҷавонон бо ман ҳамақида бошанд, ки на ҳар кас касби шашмақомхониро интихоб менамояд. Модарам таъкид менамуданд, ки ман аз фарҳангу мусиқии тоҷикона дур шудаам ва бояд мақомҳои классикӣ ва ашъори шоирони гузаштаро омӯзам. Аз бар кардани мусиқии суннатӣ бароям мушкил буд. Вале, вақте ба хондани Шашмақом гузаштам, ҳунарнамоӣ бо дигар жанрҳои мусиқӣ хеле осонам шуд. Аз ин хотир, таъсири муҳити хонаводагӣ амиқ аст ва волидонро мебоист, то дар хонадонашон ақаллан гоҳ-гоҳе ҳамроҳи фарзандонашон сурудҳои классиконро гӯш кунанд. Чаро ки ин ҳам тарғиботест дар пайдо шудани завқи баланд нисбат ба оҳангу мусиқии бамантиқу пурмазмун, - мегӯяд сарояндаи ҷавон.
Мусаллам аст, ки ба хотири ҳифзи суннати овозхонии классикии тоҷикӣ ва тақвияти ин мактаби ҳунару истеъдод аз 12 майи соли 1999 дар кишварамон «Рӯзи Шашмақом» ҷашн гирифта мешавад.
...Садои фораму дилнишини шашмақомсароён ва навои гӯшнавози сози мутрибон, ки омодагӣ ба таҷлили рӯзи касбашон доштанд, дар атроф танинандоз буд… Зиҳед, эй посдорону эҳёгарони мусиқии воло!
Қутбияи НЕЪМАТУЛЛО