Ман эҳсос мекунам, ки ӯро, модарамро, модари муштипарамро, бо ҷону дил баробарамро аз даст медиҳам. Ӯ бистарӣ аст. Дар хонаи дигар бо ранҷу ғамҳо ва дардҳо гирифтор мебошад. Марг ба суроғаш, не, балки барои бурданаш меояд. Дигар фурсати зистанаш намедиҳад. Фарёди ҷонкоҳу зориҳои бешуморам суд намебахшанд.
Ашк мерезам, рӯйи дафтар, рӯйи ин дафтар. Сатрҳо тар мешаванд ва коғаз низ. Омӯзгорамон вазифадорамон намуд, ки дар бораи модар, модари худ иншо бинависем, пас аз ду рӯз, ки 8 март фаро мерасад.
Меандешам ва аз худ мепурсам: «Чӣ бинависам? Ё баҳона биёрам, балки бигӯям, ки модарам бемор буд? Боварам мекунад?».
Не, менависам. Ман нахустин бор модар, модарамро бо он шукӯҳи хосааш шинохтам. Симои зебои ӯ пеши назарам меояд. Мегӯям, ки ҳеҷ кас зеботару меҳрубонтар аз модари ман нест. Мегӯям ва дармеёбам, ки овозам тағйир меёбад, дигар мешавад ва маро тарк мекунад.
Мебинам, ки модарам себ мечинад. Дар куртааш нақши гулҳои себ аст.
Мебинам, ки модарам гов медӯшад. Куртааш дар ин ҳол мисли шир сафед мебошад.
Мебинам, ки дар сари гаҳвора аст ва пистон бар даҳони бародарам гузоштаву шираш медиҳад. Зеботарин куртаро бар тан кардааст.
Мешунавам, ки суруди «Алла»-ро барояш мегӯяд.
Мешунавам, ки ба ман мегӯяд: «Афтидӣ? Гиря макун. Калон мешавӣ!».
Мешунавам, ки ба бародарам мегӯяд: «Биё, ҷони модар, хори поятро ба сӯзанҳои мижгонам мегирам».
Як ҳиссе ба ман мегӯяд: «Модарат мемирад. Дигар манвис!».
Ман аз ҷой бо фарёди дил, ки ҷуз худам ҳеҷ кас намешунавад, бармехезам.
Мехоҳам зуд, ҳарчи зудтар ба назди модарам биравам. Медавам, аммо намерасам. Дар курсӣ пешпоӣ мехӯрам. Чӣ сон онро надидам? Бармехезам. Ҳамон ҳис боз мегӯяд: «Мебинӣ? Мӯйҳоят сафед шудаанд!». Ман, аммо, ин бор бовар намекунам, балки намехоҳам бовар бикунам. Ба назди оина меравам, то ҳақиқатро бароям рӯшан бисозад. Не, мӯям сафед нест, сиёҳ аст. Аммо, чашмонам пур аз об аст. Мегӯям, ба худ мегӯям, ки бояд модарам набинад, нафаҳмад, ки ман гиристаам.
Ҳолиё назди бистари модарам ҳастам, модари беморам, модари афгорам. Мегӯяд: «Омадӣ? Иншоятро навиштӣ? Бирав, бихусб! Ман намемирам. Ин дардҳо наметавонанд маро аз ту ҷудо бисозанд».
Ман ҳис мекунам, ки ин як тасалло аст, як тасаллои модар ба фарзанд, ба духтар. Аз зеҳнам мегузаронам: «Агар ӯ бимирад, ман чӣ мекунам? Бародаронам чӣ гуна ба воя мерасанд? Падарам бо ин ғамҳо чӣ сон месозад?».
Омӯзгорамон пеши назарам меояд. Ӯ мегуфт: «Одам ба қадри қиматтарин дороиҳояш замоне мерасад, ки онҳоро аз даст медиҳад». Мақсадаш дар ин маврид вақт буд, ҷавонӣ буд ва тандурустӣ. Аммо, магар модар ҳам дар ҳамин радиф нест?».
Овози модарам боз ба гӯшам мерасад: «Бирав, духтарам, бихусб! Ман худро имшаб аз ҳама шабҳои дигар беҳтар ҳис мекунам».
Ба чашмонаш, ки менигарам, худро мебинам ва ҳазор андуҳи ӯро. Ба худ мегӯям: «Дурӯғам мегӯяд, ин бор дурӯғам мегӯяд».
Аз худ мепурсам: «Биравам ё бимонам?». Агар бимонам, ғами ӯ, модарамро меафзоям. Агар биравам, бо ҳазор ғам ба ҳазор сол бояд бисозам. Не, хостаи ӯро бар хостаи худ тарҷеҳ медиҳам. Охир, ӯ модар аст ва амраш бар мани фарзанд воҷиб аст.
Меравам ва пас аз соате хоб дасту пову чашмамро мебандад.
Субҳ бо овози пурандуҳи падар аз хоб бармехезам: «Бихез, духтарам, модарат моро тарк намуд. Модарат мурд». Талх гуфт, вале ҳақиқат буд, ҳақиқатро гуфт.
Пас аз чанд рӯз ба мактаб рафтам. Агарчи 8 - уми март набуд, 8 - уми март гузашта буд. Навиштаамро бо худ бурдам. Рӯ ба омӯзгор овардаму иҷозат пурсидам: «Бихонам?». «Не!» гуфт, аммо навиштаамро аз дастам гирифт. Дар ин лаҳза дидам, ки чашмонаш пуроб шуданд. Баъдҳо ба худ андешидам: «Магар ман иншоро хонда метавонистам? Магар омӯзгорамон тоби шунидани онро меовард?».
Ӯ пас аз ду рӯз навиштаамро бе овоз, бе ҳеҷ сухан баргардонд. Гуфтанд, ки дар журнали синф баҳоям гузоштааст, баҳои «аъло». Ба чашми худ дидам ва бовар ҳосил намудам.
Тааҷҷуб мекунам ва ҳам андуҳгин мешавам. Эҳсос менамоям, ки ин як ҳодисаи ногувор пас аз сӣ сол такрор мешавад. Ман ба духтарам мегӯям: «Бирав, бихусб, ман аз ин дардҳо намемирам!». Духтарам дар посух изҳор медорад: «Модар! Мехоҳӣ, ки маро мисли модарат бифиребӣ?». «Не!» мегӯям ва аз он таассуф мехӯрам, ки чаро он ҳодисаро ба ӯ гуфтам. Ӯ намеравад, аммо хоб чашмонашро мепӯшад. Ман аз Худо зорӣ мекунам, илтиҷо менамоям, ки фурсатам бидиҳад, фурсат барои зистан, на ба хотири худам, балки ба хотири фарзандам, духтарам. Ва Худо фурсатам медиҳад.
Абдулқодири РАҲИМ,
адиб