«Ситора» аввалин ансамбли рақсии касбӣ дар вилояти Хатлон маҳсуб меёбад. Дар он 14 нафар духтар ва 10 нафар писар аз устоди рақс, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Саидмурод Мирзоев нозукиҳои касб меомӯзанд. Дар зарфи зиёда аз ду соли фаъолият ансамбл дар ҳудуди вилоят чун дастаи беҳтарини рақсӣ ном баровард...
Ансамбли рақсии «Ситора» - и назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар моҳи майи соли 2016 таъсис ёфт. Дар он духтарону писарони дар асоси озмун аз синни 14 то 25 - сола интихоб гардиданд. Дар баробари он ки ҷавонони даста дар мактаби миёна, коллеҷ ва донишгоҳ таҳсил мекунанд, дар вақти муайян ҳамарӯза ба тамрин машғуланд.
- Дар баробари рақси миллӣ рақсҳои ӯзбекӣ, русӣ, украинӣ, қафқозӣ ва дигар қавму миллатҳоро меомӯзонем, вале бештар ба рақси тоҷикии худ таваҷҷуҳ медиҳем. Зеро бо аз худ кардани ҳаракату элементҳои рақси миллии тоҷикӣ, аз бар намудани рақси дигар миллатҳо ба шогирдон осон мегардад, - мегӯяд устоди рақс Саидмурод Мирзоев.
- Эълони созмонёбии ансамбли «Ситора» - ро дар лавҳаи эълонҳои мактаб дидам. Дар он барои дастаи рақсӣ ҷавонону наврасонро даъват мекарданд. Он замон дар синфи 11 мехондам. Дар озмун завқи рақсидан, қаду қомат, чеҳра ва ҳаракатҳои рақсии ҳар иштирокчиро ба назар мегирифтанд. Қариб сад нафар духтар иштирок дошт ва аз ин шумор 25 нафарро интихоб намуданд, ки ман низ дар қатори онҳо будам, - мегӯяд Мавлуда Ватанова.
Тавре ӯ иброз намуд, қариби се соли фаъолият дар даста бисёр нозукиҳои санъати рақсро омӯхтааст. «Навои Хатлон», «Сайри чаман», «Орзу» рақсҳои классикиву бадахшонӣ, валсу лирикӣ аз ҷумлаи рақсҳоеанд, ки Мавлуда ва дугонаҳояш ин ҷо аз бар намудаанд. Ӯ орзуи ба факултаи хореографии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуданро дорад. – Мехоҳам муаллимаи рақс шавам ва ба духтаракон нозукиҳои ин ҳунарро омӯзонам, - мегӯяд ӯ.
- Ман дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар курси якуми факултаи иқтисод таҳсил мекунам. Аз хурдсолӣ рақсиданро дӯст медорам. Вақте хабари озмунро шунидам, барои иштирок дар он омодагӣ гирифтам. Имрӯз хоҳарам Дилангез низ узви ин ансамбл аст, - мегӯяд бо табассум Меҳрангез Бадалова.
- Рақсиданро дӯст медорам, аммо барои дар оянда бетахассус намондан, дар донишгоҳ низ таҳсил карда истодаам. Дар оилаи мо ҳама санъатдӯстанд, аз ҳамин сабаб волидон барои иштироки ману хоҳарам дар ансамбли рақсӣ зид набаромаданд, - илова намуд Меҳрангез.
Хоҳарон Мадина ва Фарзона Хаёлҷоноваҳо низ тариқи озмун шомили ин дастаи ҳунарӣ шудаанд.
- Мо аз хурдсолӣ дар тӯю маърака ва ҷашнвораҳои оилавӣ мерақсидем. Рақсу бозии дигар миллатҳоро аз телевизион дида ба онҳо тақлид менамудем. Чорабиниҳои фарҳангии мактаб низ қариб, ки бе иштироки мо намегузаштанд. Имрӯз хушнуд аз онем, ки дар ансамбли рақсии «Ситора» фаъолият дорем. Шароитҳои коримон хубанд. Сарулибоси саҳнавии мо аз ансамблҳои рақсии пойтахт камие надоранд. Толоре, ки дар он тамрин мекунем, дар ошёнаи дуюми бинои Театри вилоятии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонов ҷойгир аст, - мегӯянд Мадина ва Фарзона.
Алҳол синфхонаи дастаи рақсӣ муваққатан дар бинои театри вилоятӣ қарор дорад. Баъди ба итмом расидани сохтмони қасри фарҳанг, ки соли оянда дар ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад, дар он барои тамрини дастаҳои рақсӣ толору синфхонаҳо пешбинӣ шудаанд.
- Ҳадафи мо тарғиби фарҳанги миллӣ чи дар либос ва чи дар рақс мебошад. Таҳияву дӯхти куртаҳои миллӣ, бахусус чаканро ба чирадастони хатлонӣ ва либосҳои дигари саҳнавиро ба тарроҳони пойтахт фармоиш медиҳем. Чакан дар ҳар баромад ва сафари ҳунариямон, ки дар пойтахти кишвар ва шаҳру ноҳияҳои вилоят сурат мегиранд, моро ҳамроҳӣ мекунад, - иброз намуд Саидмурод Мирзоев.
Имрӯз ансамбли рақсии «Ситора» бо барномаи рангини консертии худ дар қаламрави ҷумҳурӣ номвар гаштааст. Ҳунармандон ҳар рӯз дар тамринанду барои барномаи бузургтаре омодагӣ мебинанд. Онҳо ният дорад дар оянда шумораи ҳунармандони ансамблро аз ҳисоби хоҳишмандон, ки ҳаррӯза барои шомил гардидан ба онҳо муроҷиат мекунанд, зиёд намуда ҳам дар ҳудуди кишвар ва ҳам берун аз он ба сафарҳои ҳунарӣ бароянд.
Далер Сайдамирзода,
шаҳри Бохтар