Ба ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, аз ширхоргоҳ - кӯдакистони №12 бо номи «Наврӯз» дидан намудем. Воқеан ҳам, бо дидани ин бино кас ба дунёи бачагӣ мераваду дубора баргаштан ба он айёми хушу хуррамонаро орзу менамояд.
Бинои кӯдакистон зебову замонавӣ ва саҳни ҳавлиаш гулу гулкорист. Дар саҳни ҳавлӣ айвончаҳои машғулиятгузаронӣ, гулгаштҳои назаррабо ва ҳавзи оббозӣ сохта шудаанд. Атрофи муассиса бо дарахтони мевадору гулҳои рангоранги зебо оро ёфта. Дар айвончаҳо мураббиён тамоми фаслҳои сол машғулиятҳои шавқовар мегузаронанд. Ин боғча соли 2018 бунёд шудаву сарварии онро бонуи кордон Фотима Сафарова бар уҳда дорад. Зимни суҳбат дарк намудем, ки роҳбарест сахтгир, масъулиятшинос ва ҳам ғамхор.
Ӯ хатмкардаи мактаби миёнаи №11 шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) буда, коллеҷи омӯзгории шаҳрро ба итмом расондааст. Ҳамчунин, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бо ихтисоси педагог - психолог хатм намудааст. 15 соли умрро баҳри таълиму тарбияи кӯдакон дар боғчаи бачагонаи №6 шаҳр бахшида, ба ҳайси мураббия фаъолият намудааст. Инак, як сол мешавад, ки ӯ роҳбарии кӯдакистони «Наврӯз»-ро ба зимма дорад. Вале, ба иқрори ӯ, ҳанӯз ҳам қалбаш барои он лаҳзаҳои бо кӯдакон будан, гум мезанаду гоҳе ҳам бо онҳо ҳамчун мураббия машғулият мегузаронад.
- Ҳеҷ гоҳ тасаввур намекардам, ки ин қадар зуд ба кӯдакон дил мебандам. Ҳоло ҳам мехоҳам ба он даврон баргардам,-иқрор омад Фотима Сафарова.
Бинои кӯдакистон аз ду ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои таълимӣ ва истироҳатии кӯдакон фароҳам оварда шудаанд. Ҳуҷраҳо дорои рахти хоб ва мизу курсиҳои замонавӣ мебошанд. Инчунин, ошхона ва толори варзиш низ дар хизматанд. Кӯдакон ба ин ҷо аз синни 1,5 то 6 - сола қабул карда мешаванд. 120 кӯдак бо назардошти хусусиятҳои синнусолиашон дар чор гурӯҳ (кӯдакони хурдсол, миёна, калон ва томактабӣ) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
- Мураббиёни гурӯҳҳои гуногуни боғча бо истифода аз таҷрибаву малакаи омӯзгории хеш мекӯшанд, то дар машғулиятҳо аз маводи намоишӣ, аёниятҳо, бозиҳо ва усулҳои мушоҳида, суҳбат, саволу ҷавоб ва фаҳмондадиҳӣ фаровон истифода намоянд,- иброз дошт Фотима Сафарова.
Субҳи бачаҳо аз машқи пагоҳирӯзӣ шурӯъ шуда, давоми рӯз бо истифода аз бозиҳои ҷолиби ташаккулдиҳандаи зеҳну ҷаҳонбинӣ ба машғулиятҳо фаро гирифта мешаванд. Рафти таълиму тарбия дар «Наврӯз» пурра бо забони русӣ буда, бар замми ин, дар як ҳафта ду маротиба дарси забони русиву англисӣ низ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, фанни математика, расмкашӣ, гаҷкорӣ, адабиёти бадеӣ ва нутқи баён омӯзонда мешаванд. Нақшаҳои таълимӣ бо назардошти меъёрҳои муосиру пешрафта тарҳрезӣ шудаанд. Ба кӯдакони синни томактабӣ аз рӯи барномаи «Омодагӣ ба мактаб», ҳарфу ҳисоб ва санъати суханвариро таълим медиҳанд. Чор мураббия бо ёрдамчиёни худ масъулияти таълиму тарбияи бачаҳоро ба зимма дорад. Дар муассиса семинарҳои гуногун баргузор мешаванд, ки дар онҳо мураббиён аз таҷрибаи пешқадами ҳамкасбони худ огоҳ гардида, ҷиҳатҳои беҳтарини онҳоро дар фаъолияти хеш мавриди истифода қарор медиҳанд.
Ошхонаи кӯдакистон низ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шуда, дар як рӯз се маротиба ба бачаҳо хӯрокҳои гуногун ва нӯшобаву шириниҳо пешкаш мегарданд. Ғизоҳои гуногун, аз қабили шӯла, ширбиринҷ, марҷумаки ширӣ, мастоба, нахӯдшӯрбо, рассолник (шӯрбо бо бодиринги намакин), соус, марҷумак бо қима ва макаронош мувофиқ ба меъёри қабулшудаи байналмилалӣ тақсим карда мешаванд.
- Дар назар бояд дошт, ки хӯрок низ меъёри истеъмоли худро дорост ва аз ҳад зиёду ками он, хатарро дар пай дорад. Масалан, барои кӯдаки ширмак, аз ҳисоби анвоҳои нонӣ 100 грамм хлеб муайян шудааст. Тибқи меъёр, давоми 15 - 20 дақиқа бояд кӯдак хӯроки худро истеъмол намояд,- мегӯяд Ф. Сафарова.
Дар кӯдакистон бо волидайн вохӯриҳо баргузор мешаванд. Он рӯз падару модарон метавонанд бо шароити будубош, ҷойи хоб, сифату таъми ғизоҳо ва рафти машғулиятҳо ошноӣ пайдо намоянд.
Ҳайати кормандони ширхоргоҳ - кӯдакистон дар таълиму тарбияи бачаҳо дониш, кӯшишу ғайрат ва малакаи хешро дареғ намедоранд. Тӯли як сол мешавад, ки кормандони ин муассиса баҳри боз ҳам баланд бардоштани таълиму тарбияи кӯдакон пайваста заҳмат мекашанд ва то ҷое ҳам ба комёбиҳо ноил гардидаанд. Фотима Сафарова пайваста бо мураббиён суҳбатҳо доир месозад. Ба қавли ӯ, мураббия бояд тавре бо бачаҳо гуфтору рафтор намояд, ки аз хурдӣ лутфу меҳрубонӣ ва муҳаббат дар зеҳни кӯдак нақш банданд, хотироти даврони кӯдакиро ширину гуворо дар ёдҳо нигоҳ доранд.
Бунафша РАҲМОНОВА,
шаҳри Бохтар