Бисту ду сол аст, ки рӯйи саҳнаи театр ва телевизион ҳунарнамоӣ мекунад. Дар камтарин муҳлат тавонист шуҳрат ёбад. Зимни суҳбат аз овони кӯдакӣ то расидан ба саҳнаҳои бузург, оилаву фарзандон ва ҳаҷву ҳунарнамоияш ҳарф мезаду меболид.
Лӯлӣ
Хурдсол будам, ба хонаамон лӯлиҳо меомаданд ва модарам чун оини меҳмондорӣ онҳоро ба сари дастархон даъват намудаву наздашон хӯрок мегузоштанд. Чун хурд будам, гумон мебурдам, ки онҳо хешовандони мо ҳастанд. Ва ҳамин тавр, аз субҳ то шом лӯлиҳоро ҳамроҳӣ намуда, ба қавле муҳофизи онҳо будам. Лӯлиҳо низ ҳар боре вориди деҳа мешуданд, аввал дари хонаи моро мекӯфтанду маро бо худ мегирифтанд, то бачаҳо нисбаташон суханҳои қабеҳ нагӯянду боиси озорашон нагарданд. Бо ҳамин тарз, лаҳҷаи лӯлиҳоро аз худ намудам.
Дар чорабиниву ҷамъомадҳои мактаб, ба мисли «Ғунчаҳои санъат» пайваста ба ман саҳнаи ҳунариеро лоиқ медиданд, ки он ҷо ҳатман нақши лӯлиҳоро мебозидам. Аз латтапораҳо барои худ куртаву рӯмол ва борхалта дӯхта, талош меварзидам, то нақшам ҳақиқӣ барояд. Ҳатто маро лӯлидухтар низ мегуфтанд, - табассум дар лаб мегӯяд Гулбибӣ Абдулхайрова.
Бародар
Баробари хатми мактаби миёна, волидонам аз ман ба кадом донишгоҳ рафтанамро пурсон шуданд. Бо вуҷуди он ки дар қалб орзуи ҳунарпеша шуданро мепарваридам, аммо аз тарси он ки ҷавоби рад нашунавам, ба онҳо посух додам, ки шояд пешаи омӯзгориро интихоб намоям. Ногаҳон бародарам, ки аз қалби ман огаҳ буд, пурсид: «Магар ту орзуи ҳунарпеша шуданро надоштӣ?» Бародарам дари орзуҳои маро кушоду барои расидан ба муроду мақсадам сабаб шуд.
Рӯзи дигар пайи тартиб додани ҳуҷҷатҳо шудам. То нисфирӯзӣ корҳоямро ба сомон расонда, шодикунон сӯи хонаамон равон шудам. Вале, шодмонии ман дер напоид. Дар роҳ хабари марги бародарамро шунидам. Бародаре, ки мебоист барои расидан ба муроди дил дастгирам мегашт…
Падар
Агарчи дар аввал падарам зидди ҳунарпеша шуданам буд, сухани бародари раҳматиамро дар замин нагузоштанду иҷоза доданд. Муҳассили Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода шудам. Онҳо гумон доштанд, ки аз уҳдаи супурдани имтиҳонҳо намебароям. Аз имтиҳони маҳорат, нақши «ҷӯгидухтар»-ро бозида, баҳои аъло гирифтам. Санҷиши дувумро низ гузаштам ва ҳамин тавр унвони донишҷӯиро соҳиб шудам. Падарам баробари шунидани ин хабар каме нороҳат гашт.
Бо мурури замон, қиблагоҳ аз пешаи интихобкардаам қаноатманд гаштанд. Боре худ шоҳиди он будам, ки падарам гуфтанд: «Ман дар аввал нисбат ба пешаи интихобкардаат ризо набудам. Ҳоло бошад, ифтихор мекунам».
Театр
Театр бароям муқаддас аст. Театр кино нест. Кино чун наворбардорӣ шуд, дигар аз тағйироту таҳаввул барканор мемонад. Мухлисони театр бошанд ҳар рӯз аз ҳунарманд шеваи наверо, гуфтори муассиреро, ҳаракату ҷунбиши ҳамвореро, сеҳри каломеро интизоранд. Аз соли 1997 дар саҳнаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов нақш меофарам. Гоҳе механдаму гаҳи дигар мегирям ва гоҳе хомӯшу бесадо ашк мерезам.
«Лаҳзаҳои гуворо»
Пешаи ҳунармандиву ҳаҷвнигорӣ ин истеъдоди худододист. На ҳар нафар метавонад, бидуни истеъдод нақшро табиӣ офарад. Аз хурдӣ дар кунҷи қалбам алангаи оташаке нисбат ба ҳунармандӣ ҷо шуда буд, ки рӯз ба рӯз равшан мегардид. Аммо, дар гӯшаи хаёлам намеомад, ки мани духтараки деҳотӣ, ҳаҷвнигор мешавам. Агарчи барои бархе ҳаҷв кори саҳлу осон намояду хандондан як ҳолати маъмулӣ, пас ин фикр мутлақо хатост.
Ба гурӯҳи ҳаҷвии «Лаҳзаҳои гуворо» бо дархости акаи Насриддин омадам. Рӯзе вай ба ман пешниҳоди нақшофарӣ дар як барномаи ҳаҷвиро намуд. Чун ҳаҷв барои ман бегона набуду аз замони донишҷӯӣ дар гурӯҳи «Ғарибшо компания» ҳунарнамоӣ мекардам, бе ягон дудилагӣ розӣ шудам. Ҳамин тавр, барнома гурӯҳи «Лаҳзаҳои гуворо» ном гирифт. Баъдан, Ҷамшеди Ҳалим низ вориди гурӯҳ гардид. Ҳангоми тамрин ба якдигар унс гирифтем ва дигар дил кандану дур шудан аз гурӯҳ имконнопазир шуд. Аввалин нақшеро, ки дар ин даста иҷро намудам, нақши модар буд. Имрӯз ҳаводорон маро чун Гулбибии «Лаҳзаҳои гуворо» мешиносанд.
Ҳамсар ва рашк
Ҳамсарамро аз саҳна ёфтам (механдад). Зиёдулло Саъдуллоев, дӯсти яке аз ҳунармандони театр буданду пайваста ба он ҷо меомаданд. Рӯзе маро ҳангоми нақшофарӣ дида «таги чашм» мекунанд. Чанде баъд оиладор шудем. Ӯ шуъбаи режиссёрии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро ба итмом расондаанд, дар бисёре аз мавридҳо ёрӣ мерасонанд. Баъзан, саҳнаҳо навишта пешниҳод менамоянд ва дар ин самт муваффақ ҳам гардидаанд.
Шояд дар рӯзҳои аввали оиладорӣ рашк мекардем ва он ҳам бошад аз ҷониби ман. Шавҳарам ҳамеша мегуфтанду то ҳол мегӯянд: «Агар ақли солим намешуд, шояд рашк зиндагии моро вайрон мекард».
Фарзанд
Фарзанд меваи умри инсон аст. Ҳашт сол ғами бефарзандиро ба сар доштам. Баъд аз ин қадар солҳои интизорӣ ниҳоят фарзанддор шудам. Соҳиби ду гулписар - Бинодилу Озарафроз ва духтараки дӯстрӯяк Абния ҳастам. Вале, ҳеҷ гоҳ тавлиди фарзанди нахустин ва садои гиряи ӯ аз хотиротам зудуда намегардад. Чи қадар душвор аст, барои модаре, ки ба хотири ба даст гирифтани тифл моҳҳову солҳо интизорӣ мекашад...
ШАҲДРЕЗА