Дар чорсӯи Дарвоз, аз ҷумла водиҳои баландкӯҳи Ванҷи Боло, Язгулом ва Вахё аз замонҳои қадим миёни мардум тақвимҳои омиёна маъмуланд. Сокинон бо дигаршавии табиат, анъана ва урфу одатҳои хоси хеш, аз рӯи гардиши Офтобу Моҳ, ҳаракати сайёрагон ва дигар ҷирму ҷинсҳои Замин фарорасии фасли баҳор ва Иди Наврӯзро ба худ маълум мекарданд.
Алҳол асри техника ва технологияи навин ин тақвимҳои куҳан, ченаки вақту соати фарорасии Наврӯз хеле содалавҳона ба назар мерасанд. Лекин ин рӯзу солшумориҳои содаяку омиёнаи падару бобоён барои хурду калони кӯҳистон азизу мукарраманд.
ФОЛИ НАВРӮЗИИ ИМАТПАҲЛАВОН
Пирони водӣ қисса мекунанд, ки аз даврони пешин паҳлавонони ванҷӣ баробари об шудани барф, ба соҳилҳои пур аз реги Ванҷоб рафта, машқи майдондорӣ мекардаанд. Бонуи номдор Васила Ғафурова, ки солҳои зиёде раиси Ҷамоати деҳоти Рованд буд, нақл мекард, ки хеши наздики ӯ Иматпаҳлавон, ки то синни ҳафтодсолагиаш гӯштӣ мегирифтааст, суннатҳои наврӯзиро хеле хуб ба ҷо меовардааст.
Ин паҳлавон бо фарорасии фасли баҳор шогирдонашро гирд оварда, ба регистонҳои соҳилҳои Ванҷоб мебурдааст. Мардуми соҳилнишини рустоҳои Ширговад, Ғуҷоваст, Мудехарв, Сумгаду Пои Мазор ва дигар деҳкадаҳои подомони пиряхҳои Федченко ва Хирсон баъди пушти сар намудани рӯзу шабҳои тӯлонии фасли зимистон наврасону ҷавононро машқи гӯштӣ ёд додани Иматпаҳлавонро аз баландиҳо дида, онро ҳамчун фоли фарорасии Наврӯз медонистанд.
НАВИДИ НАВРӮЗИИ САНГИ КАРУ ГУНГ
Дар он рӯзгорон марду зани деҳаи Гишхун ва дигар рустоҳои наздикии қалъаи мирнишини Рохарв ҳисоби гузашти рӯзу шабҳои чиллаи зимистонро аниқ намедонистанд. Онҳо фарорасии фасли баҳор ва Наврӯзро тариқи ашёҳои табиат муайян мекардаанд.
Дар мавзеи Саворбанд хоросанги бузурге ҳоло ҳам пойбарҷост, ки онро санги Кару Гунг ном мебаранд. Омӯзгори соҳибтаҷрибаи рустои Гишхун Муҳаббат Муҳиддинова ҳар доим ба шогирдонаш нақл мекунад, ки дар фасли зимистон ин деҳаи дар канори кӯҳҳои баланди мавзеи Султонкавӣ шуоъҳои офтобро намебинад. Баъди хотима ёфтани чиллаи сармоҳо, ҳангоме ки нахустин нурҳои зарҳалини шамси ховар ба болои санги Кару Гунг меафтид, мардум, пеш аз ҳама, занону кӯдакон хурсандиву шодмонӣ мекарданд, ки давраи дилбазани зимистон охир шудааст. Айёми аз замин ва кӯҳу даман баромадани сабзаву гулҳо, муғҷакушоии дарахтон ва сароғози наврӯзи навбаҳорон фаро расидааст. Бо расидани аввалин нурҳои хуршед ба болои санги Кару Гунг мардуми деҳа шоду мамнун гашта, дар васфи Наврӯз сурудҳо мехондаанд, бонувон дафзанӣ мекарданд.
Имрӯз хурду калон босаводанд ва омадани фасли баҳору Иди Наврӯзро бехато, аз тақвимҳо мефаҳманд. Ба хотири поси хотири ниёгон сокинони рустоҳои Гишхун, Рохарв, Убари Даргов, Скаду Роғ ва Ускроҷи Ҷамоати деҳоти ба номи Муҳаммадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ ҳам ин анъанаҳо ва тақвимҳои ба назар содалавҳонаи гузаштагонро пос медоранд. Пайдо шудани нахустин нури хуршедро болои хоросанги Кару Гунг фоли нек медонанд.
НАВОИ ДИЛНАВОЗИ НАЙ - МУЖДАИ ХУШИ НАВРӮЗӢ
Яке аз куҳансолтарин сокини водии Язгулом Ҳайдар Куҳканов нақл мекунад, ки марди бофарҳангу маҳфилоро Ҳусейни Ноӣ дар давоми умри пурбаракати хеш анъанаҳо ва расму русуми қадимаи сокинони ин водиро басе азизу гиромӣ медошт. Ин санъаткори мумтоз одате дошт, ки дар фасли сармо ягон бор ҳам най наменавохт. Бо пайдо шудани аввалин нишонаҳои гузашти сардиҳо аз ҳамсараш хоҳиш мекард, ки найи аз аҷдодон меросмондаро аз сандуқи чӯбӣ бадар орад. Ин марди даврон субҳгоҳи навбаҳорон ба баландтарин гӯшаи деҳаи Мотравн баромада, навои дилнавози найи хешро ба чорсӯи деҳоти канораҳои Язгуломоб танинандоз менамуд.
Марду зани язгуломӣ баробари шунидани навои рӯҳбахши най мефаҳмиданд, ки айёми сармои шадид гузаштааст ва фасли баҳори нозанин фаро расидааст. Ва аз пайи фаврии тараддудҳои наврӯзӣ мешуданд.
Имрӯзҳо ин марди найнавоз дар қайди ҳаёт нест. Хушбахтона, ин анъанаро шогирдаш, ҳунарманди номӣ Исломиддин Доштов ва дигар санъаткорони язгуломӣ идома медиҳанд.
ПАРВОЗИ МУРҒАКОН БА МАРҒЗОРИ ЯХЧИСОР
Дар шафати шоҳроҳи байналмилалии Душанбе - Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб - Қулма, каме дуртар аз мавзеи Девдара, ки онро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Гулдара номгузорӣ намудаанд, марғзори хуррам ва дилпазирест, ки онро Яхчисор меноманд. Ин макони серобу хушҳаворо марди меҳнаткаш ва ботадбир, сокини деҳаи Зиғар Ҷамол Миров ва ҳамсараш Майна Муҳтарамова (рӯҳашон шод бод) ба рустои ободу зебо ва дорои киштзорони ҳосилхез ва боғистони пурмеваи Тангнои Дарвоз табдил додаанд.
Писари амак, ҷавонмарди ободкор Бачахон Миров нақл кард, ки қиблагоҳаш баъди пушти сар шудани фасли зимистон ҳар саҳар то баромадани офтоб ба пораи осмони хурди силсилакӯҳҳои Дарвоз нигоҳи дуру дарозе мекард. Онҳо аз рӯи одати солҳои тӯлонӣ парвози парандагонро аз маконҳои гармтари Кӯлоб дар дами фасли баҳор интизорӣ мекашиданд. Ҳамин, ки селаи парандагон ба Яхчисор мефаромад, хурсандии зану шавҳарро ҳадду каноре набуд. Мурғакон тайи ду рӯз дар чаманистони Яхчисор истода, сипас парвози худро ба чорсӯи Бадахшон идома медоданд. Амаки Ҷамол ва холаи Майна барои парандаҳо дони эҳтиёткардаашонро нисор мекарданд. Ин марду зани накухислат парвози парандаҳоро ба ин мулк муждаи фасли баҳорон ва Наврӯз медонистанд.
ҶАШНГИРИИ НАВРӮЗ ЗЕРИ ЧАНОРҲОИ АЗИМ
Академик Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ нисбат ба таърихи ҷашнгирии Наврӯз аз даврони шоҳони каёнӣ Каюмарсу Ҳушанг, Фаридуну Манучеҳр мақолаҳои зиёд навиштаанд. Эшон иброз медоранд, ки чанорҳои бузурги шаҳраки Қалъаихумб таърихи зиёда аз 300 - сола доранд. Бонувони покизарӯзгор, ҳамин ки ба рӯбучини суфаҳои таги шаҳчанорҳо оғоз менамуданд, сокинони шаҳрак дарк мекардаанд, ки фасли баҳору Иди Наврӯз фаро расидааст.
Солиёни тӯлонӣ бузургтарин ҷашнҳо зери сояи ҳамин чанорҳои азамат баргузор мегаштаанд. Хушбахтона, ҳоло ҳам ин анъанаи неки ниёгон побарҷост ва қариб ҳамаи тадбирҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ, вохӯриҳои муҳим ин ҷо доир мешаванд.
Боиси тазаккур аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 сол муқаддам, баъди паймудани қитъаи роҳи Кӯлоб- Шоҳон- Зиғар - Қалъаихумби шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб -Қулма аз минбари баланди ҳамин чанорҳо ба сокинони Бадахшон аз кушодашавии ин роҳ, ҳамчун навиди наврӯзӣ муждаи фараҳбахш дода буданд.
БА САНДОН БАРХӮРДАНИ ПУТКИ ОҲАНГАРӢ МУЖДАИ НАВРӮЗӢ
То ба имрӯз деҳаи Курговади ноҳияи Дарвозро мардуми маҳал рустои оҳангарон меноманд. Солҳои пеш дар ин деҳкадаи подомони кӯҳи баланди Зартеғ усто Амирбек ва се писари қавиҷуссааш Аваз, Азизбек ва Сайфиддин дар коргаҳи оҳангариашон аз оҳани баландсифат каланду дос, табару теша, аррадос, новак ва дигар асбобу анҷомҳои деҳқониро тайёр мекарданд. Маҳсули заҳмати онҳо на танҳо дар Дарвоз, балки берун аз он талабгорон доштааст.
Усто Амирбек ва фарзандонаш дар зимистон ба нигоҳубини чорво, тоза кардани барфу пошидани хок ба киштзору боғҳо ва захираи оҳанпораҳо, машғул мешуданд. Танҳо бо фарорасии баҳори гулбасар дари оҳангархонаро ба рӯи мардум мекушоданд. Сокинони Курговад ва рустоҳои Пошхарв, Тоғмай, Шодаг ва дараи Висхарв ин рӯзро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Онҳо баробари ба сандон бархӯрдани путки оҳангарӣ ва баланд шудани садо дар коргоҳи усто Амирбек ва писаронаш дарк мекарданд, ки фасли зимистон рафтаву нахустин рӯзҳои баҳори дилкушо ва ҷашни Наврӯзи хуррам ва деринтизор омадааст.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
ноҳияи Дарвоз