Таи ду ҳафта аст, ки дар меҳмонхонаи «Сирена» - и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи рассомии яке аз мусаввирони номвари эрону тоҷик Амирҳусейни Пироиш барои тамошобинон дарҳояшро боз намудааст, ки ҳамарӯза аз он даҳҳо сокинони кишвар, меҳмонону сайёҳон дидан мекунанд.
Амирҳусейни Пироиш узви Иттифоқи рассомон ва Академияи бунёди мусаввирони Тоҷикистон, аслан зодаи шаҳри Бирҷанди Хуросони Эрон мебошад. Тавре мавсуф иброз медорад аз айёми мактабхонӣ ба ҳунари рассомӣ алоқаманд буда, аз синни 6-солагӣ дар Маркази омӯзиши ҳунарҳои таҷассумии Вазорати фарҳанги Эрон нозукиҳои касби рассомӣ, хушнависӣ ва тарроҳиро аз худ намудааст.
- Дар 6-солагӣ бо номи Тоҷикистони азиз ошноӣ пайдо кардам. Бори аввал аз родио садои ровӣ хонум Зевар Қандиловаро, ки мегуфт: «Ин ҷо Душанбе, радиои Тоҷикистон!»- ро шунидаму аз падарам пурсидам, ки Тоҷикистон куҷост? Яъне, аз ҳамон замон Тоҷикистонро нодида, бо як садо ошиқи ин ватан шудам. Бо садои Давлатманд Хол, Ҷурабек Мурод ва шодравон Муқаддасу Тоҷиддин Муҳиддин замони тифлию ҷавонӣ ошно будам. Ба ишқу орзуи кӯдакӣ расидам ва инак 22 сол аст дар Тоҷикистони азиз зисту зиндагӣ ихтиёр кардаам, - мегӯяд мусаввир.
Дар эҷотиёти устод Амирҳусейн бештар зебогиҳои нотакрори табиати Тоҷикистон таҷассум ёфтаанд. Мусаввараҳояш дар жанри «реализм» (воқеъгароӣ) офарида шудаанд. Асари «НБО – Роғун» - аш бошад дар жанри «символизм» (рамз) эҷод шуда дар намоишгоҳ ҷойгоҳи хос дорад.
Офароидаҳояшро, ки худ достон номашон кардааст, рамзи эҳтирому муҳаббат ба Тоҷикистон, табиати биҳиштосо ва мардуми меҳмоннавозаш медонад.
Намоишгоҳи мазкур корро то охири моҳи апрел барои дӯстдорони санъати рассомӣ идома дода, барои хоҳишмандон даромад озод аст.
Д. САФАР