Ҳар рӯз тариқи барномаи «100 сония» садои марғуладору ҷаззоби Мошариф дар хонадони ҳазорон шунавандагони радио танинандоз асту онҳоро бо ҷадидтарин воқеаҳои рӯз ошно месозад. Барномаи «Достони меҳр»-аш ҳафтае як маротиба меҳмони кошонаҳост. Холиқзода Мошариф яке аз бонувони муваффақ дар ҷодаи журналистика буда, соли 1998 фаъолияти хешро ба ҳайси ровии барномаҳои Идораи ҷавонии Радиои Тоҷикистон оғоз намудааст. Ҳоло ба ҳайси муовини директори Радиои Тоҷикистон кор мекунад.
Дар арафаи Рӯзи Радио бо мавсуф суҳбате доштем, ки фишурдаи он пешкаши хонанда мегардад.
- Муаллима, иди касбӣ муборак!
- Ташаккур. Аслан бигирем, дар тамоми кишварҳои собиқ шӯравӣ кормандони радио иди касбиашонро рӯзи 7 май ҷашн мегиранд ва дар мо ҳам то ҳанӯз ин анъана давом дорад. Дар Тоҷикистон аввалин бор соати 10-и санаи 10 апрел гуфторҳои Радиои Тоҷикистон бо ибораҳои «Диққат! Диққат! Ин ҷо Сталинобод» пахш гардид. Аз ин хотир, бо ифтихор метавонем аз таърихи пайдоиши радиошунавонӣ дар ватанамон ҳарф занем ва ин рӯзро дар якҷоягӣ бо мухлисони барномаҳои радиоӣ ҷашн гирем.
- Имрӯз дар фазои иттилотии кишварамон беш аз 30 шабакаҳои радио фаъолият доранд ва ҳар яке ба худ хос барномаҳо тарҳрезӣ мекунанд…
- Бале, аз ин шумор 10 шабакаи радиоӣ давлатӣ буда, боқимонда хусусӣ ҳастанд. Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон 4 шабакаи радиоро ба ҳам муттаҳид сохтааст, ки онҳо низ вобаста ба самтҳои муайян фаъолияти худро ба роҳ мондаанд ва барномаҳо омода месозанд. Масалан, дар Радиои Тоҷикистон асосан мавзӯъи барномаҳо иттилоотию таҳлилӣ мебошанд. Радиои бурунмарзии «Овози тоҷик» бо забонҳои тоҷикӣ, рӯсӣ, дарӣ, форсӣ, арабӣ, англисӣ ва ӯзбекию ҳиндугӣ барномаҳои хешро пахш мекунад. Дар радиои «Садои Душанбе» бошад, бештар таваҷҷуҳ ба барномаҳои фароғатӣ дода шудааст. Радиои «Фарҳанг» минбари шахсиятҳои шинохтаи фарҳангии ҷумҳурӣ аст. Хуллас, дар маҷмӯъ 4 шабакаи радио дар як шабонарӯз 96 соат барнома барои мухлисону шунавандагонашон пахш мекунад.
- Имрӯз бо пешрафту тараққиёти технология дигаргуниҳои зиёде низ дар фазои иттилоотӣ ба вуҷуд омад. Бахусус, Интернет, ки феълан ба аксарият дастрас аст. Оё ин навгониҳо метавонад фазои дигар расонаҳои иттилоотиро танг созад, масалан радиоро?
- Ба ин андешаҳо, ки гӯё ҳама рӯ ба Интернет овардаанду касе рағбати радиошунавӣ надорад, бовар намекунам. Чаро ки худ шоҳид ҳастам, ки чӣ қадар мардум ба радио эътимод доранд ва ҳар барномаро бесаброна интизор мешаванд. Бо сабабҳои техникӣ мабодо барномае дертар ба эфир равад, зангҳои телефонӣ пайдарпай ва беохир мешаванд. Аз ин хотир гуфтаниям, ки бо вуҷуди он ки ба қавле замони Интернет асту мардум зиндагиашонро бе Интернет тасаввур карда наметавонанд, радио мавқеашро гум накардааст. Радио аз пайдоиш ҳамдаму ҳамқадами замон буд ва имрӯз ҳам дастрастарин расонаи иттилотӣ барои мардум мебошад.
- Аксари барномаҳои имрӯза тариқи пахши мустақим бо шунаванда сурат мегирад, мушкил нест тамоси бевосита бо ҳар қишри ҷомеа?
- Шунавандагон суҳбати мустақимро хуш мепазиранд. Он василаи ба ҳам пайвастани ровии барнома бо мардум аст. Гуфтугӯи шунаванда бо муаллифони барнома бевосита тариқи ба истилоҳ «зинда» сурат мегирад, ки ба аҳолӣ писанд аст. Хоҳиши шунаванда сари вақт иҷро мегардад. Бартариятҳои он хеле зиёданд.
- Гуфта метавонед, ки кадом радио шунавандаи зиёд дорад?
- Ин қазовати шунаванда мебошад. Ҳар радио, ҳатто ҳар як муалиф ё ровии барнома мухлиси худро дорад.
- Фаъолияти бонувонро дар радио чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Аслан саҳми бонувон дар ҳама соҳаҳо чашмрас мебошад ва дар ҷодаи журналистика, ки басо пешаи пурмашаққату меҳнатталаб аст, заҳмати онҳо дида мешавад. Новобаста ба ин занон ба ин пеша шавқ доранду вориди ин майдон мегарданд ва хушбахтона, аксари онҳо дар ин ҷода муваффақ ҳам шудаанд. Ба назари ман журналистика ба ҷинсият кор надорад. Иродаи қавӣ, ботаҳаммулӣ ва устувор будан ба ақидаи худ бас аст, ки мавқеи хешро дар пешаи интихобнамуда пайдо созӣ. Айни ҳол, дар 4 шабакаи Радиои Тоҷикистон 234 корманд фаъолият доранд, ки 137 нафарашон бонувонанд. Хуллас, бонувон ҷойгоҳи хоссаеро дар радио соҳибанд.
Қутбияи Неъматулло