Ҳамеша барномаҳои радиоиро гӯш мекарду ғоибона чеҳраҳои ровиёнро тасаввур менамуд ва дар дили кӯчакаш шарораи меҳр ба пешаи ровии радио будан меафрӯхт. Бо ин мақсад, пайи орзуҳояш шитофту комёб низ гардид. Фаъолиятро аз вазифаи муҳаррири хурд шурӯъ карда, баъдан муҳаррири варзида ва алҳол муовини сармуҳаррири барномаҳои мусиқии радиои Тоҷикистон аст. Ин нафар Фирӯзаи Шариф аст, ки бо барномаҳои ҷолибу шуниданӣ доираи шунавандагонашро афзуда…
Хушбахтӣ…
- Инсони хушбахт ҳамонест, ки меҷӯянду ба суроғаш меоянд. Хушбахтам, ки шунавандагон ҷустуҷӯям менамоянду ба дидорбинӣ меоянд. Пахши мустақим журналистро бо шунаванда қаринтар месозад. Мухлисон аз шаҳрҳои Истравшан, Хуҷанд, Панҷакент, ноҳияҳои Хуросон, Ховалинг ва ғайра зуд-зуд ба дидорбинӣ меоянд, мисле ки хеш шудаем, - мегӯяд Фирӯза.
Пахши мустақим…
Ба иқрори ин бону, агар журналист барои барандагии барномаҳои мустақим омодагии ҷиддӣ ва таҷрибаи кофӣ надошта бошад, беҳтар аст, то онро доир насозад. Шунавандаҳои имрӯз хеле закиву кунҷкобанд. Ҳолатҳое мешаванд, ки аз суханони шунаванда журналист дар хиҷолат мемонад, даступохӯрда мешавад, вале бояд худро аз ин ҳолат берун карда тавонад. Ва ҳамавақт бо шунаванда бояд муносибати самимӣ дошта бошӣ, зеро дар он тарафи суҳбат ҳам як инсон нишастааст.
Эъроди коргардон…
- Вақте бори аввал ба тариқи эфири мустақим баромад намудам, коргардони барнома - Далер Аббосов норизоиёна гуфт: «Сабки хонишат хоси ин барнома нест, зеро беҳад ғамгин ҳарф мезанӣ…» Ин сарзаниши дӯстона боис шуду рӯйи овоз кор кардам. Он замон ин суханон хеле сахт расида буд, ҳоло мегӯям, ки воқеан он лаҳни суҳбат бо тамошобин бар манфиати кор набуд, - ироз намуд Ф.Шариф.
Муҳити корӣ
Фирӯзаи Шариф имрӯз аз он ифтихор мекунад, ки дар чунин Ватан зиндагӣ дораду дар муҳити солиму комили эҷодӣ, яъне дар Идораи радиои Тоҷикистон фаъолият мебарад. Шукр аз оилаи солиму фарзандону наберагони солеҳаш мекунад, ки имрӯз дар атрофаш парвонаанд.
- То вакте ҷон дар бадан дорам, баҳри Ватану мардумам хизмат мекунам, - мегӯяд Фирӯзаи Шариф.
P.S: Санаи 10-уми апрел Рӯзи радиои тоҷик аст. Ҳайати эҷодии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ҳамкасбонро бо ин рӯз шодбош гуфта, ба кормандони ин мактаби қавии эҷодӣ килки равон ва садои фораму саломатии бардавом хоҳонанд.
Фарзона Восеева