Шуъбаи адабиёти тиббии китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, ки мудираш Марҳабохон Раҷабова аст, бо ташаббусу навовариҳояш дар вилоят ва ҷумҳурӣ намунаи ибрат ва пайравӣ гардидааст.
Дар хидмати аҳли тиб
Чун аксари хонандагони шуъба кормандони тиб, донишҷӯёни коллеҷҳои тиббии ҳудуди вилоят мебошанд, Марҳабо Раҷабова барои ҷалби ҳарчи бештари онон чорабиниҳои зиёд роҳандозӣ мекунад. Номгӯйи чанд чорабинии ташкилкардаи ӯро зикр кардан бамаврид аст. Аз ҷумла, доир намудани ҷашни 75 - солагии зодрӯзи ҷарроҳи кӯдакон Инъомҷон Деҳқонов, 70 – солагии ёдбуди табиби касалиҳои эндокринологӣ Ҷаҳон Набиев, 80 - солагии духтури хизматнишондода Султон Ӯрунов, 60 - солагии зодрӯзи табиби амрози занона Шаҳрбону Умурзоқова, 15 - солагии таъсисёбии беморхонаи микроҷарроҳии чашм, бахшида ба 80 - солагии табиб Сангин Қутфиддинов, чорабинии фарҳангӣ дар осоишгоҳи «Баҳористон», 80 - солагии ҷарроҳи саратоншинос профессор Бахтиёр Аҳмедов, конфронси илмию амалӣ бахшида ба 1000 - солагии таълифи «Ал - Қонун» - и Абуалӣ ибни Сино ва конференсияи илмии хонандагон таҳти унвони «Асосгузори тибби амалӣ» (бахшида ба 1150 - солагии файласуф, табиб Закариёи Розӣ).
Муаррифии гиёҳҳои шифобахш
Вақте вориди шуъба шудам, беихтиёр ба лавҳаю рафҳои китоби озодаву музайян дида дӯхтам. Таваҷҷуҳи маро пеш аз ҳама лавҳаи «Тоҷикистон сарзамини гиёҳҳои шифобахш аст» ҷалб намуд. Аслан чунин лавҳаҳоро пештар ҳам дида будам, ки ному сурати гиёҳҳои шифобахшро таҷассум мекарданд. Лавҳаи орододаи Марҳабо Раҷабова дигар аст, зеро дар он ба ғайр аз тасвиру тавсифи гиёҳҳои шифобахш бо панҷ забон, дар халтаҳои хурди коғазӣ намунаи гиёҳҳо ҳам гузошта шудаанд, ки корафтодагон аз онҳо метавонанд истифода баранд.
Инчунин барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолият дар шуъба «Гӯшаи ёрии аввали тиббӣ» бо дастгирии дорухонаи №7 ва дорухонаи «Мадад» созмон ёфт, ки дар он маводҳои ёрии аввалияи тиббӣ ва доруҳо мавҷуданд, ки дар вақти зарурӣ хонандагону кормандони китобхона аз он ба таври ройгон истифода мебаранд.
Марҳабохон Раҷабова вазифаи китобдориро танҳо аз китобдиҳию ҳисоботнависӣ иборат намедонад. Бо дарк ва эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ софдилона аз пайи иҷрои вазифа шуда, барои зиёд кардани теъдоди хонандагони шуъба дар маркази саратоншиносӣ, маркази эндокринологӣ, маркази саломатии шаҳрии №2, коллеҷи тиббӣ ва дигар муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд 15 нуқтаи китобдиҳӣ таъсис дода, мувофиқи талаби пизишкону ҳамшираҳои шафқат ва донишҷӯён китобҳоро мунтазам ба онҳо бурда мерасонад. Яъне, хизматрасонии сайёри таъсисдодаи ӯ самараи дилхоҳ дода истодааст. Аз ин намуди хизматрасонӣ, махсусан, сарварони муассисаҳои тиббӣ қаноатманд буда, ба китобдорон арзи сипос менамоянд.
Бо дархости хонандагон
Марҳабо Раҷабова ба дархосту пешниҳоди хонандагон таваҷҷуҳи доимӣ дорад. Ӯ ба шаҳри Душанбе сафар карда, барои махзани шуъба адабиёти заруриро аз китобхонаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дастрас намуд. Аз ҷумла, 43 нусха китоби соҳаи тиб ва 1 диски китобҳои электронии тиббиро, ки 3 ҳазору 865 сомонӣ арзиш доштанд, ройгон ба шуъба овард. Ҳамчунин бо кормандони соҳаи тиб, олимони ин соҳа ҳамсуҳбат шуд, ки дар натиҷа муаллифон, ба доктори илмҳои тиб, профессор М.Ф. Додхоева, духтури амрози занона Заррина Рофиева, стомотолог, доктори илми тиб Муҳаммадҷон Шокиров, ҷарроҳ, профессор Бахтиёр Аҳмедов, профессор Ф.А. Абдураҳмонов, табиб Абдуллохон Порсозода якчанд китобҳои тозанашри худро ба махзани шуъба инъом намуданд.
- Барои татбиқи забони давлатӣ дар соҳаи тиб мушкилот ҳанӯз бисёранд, - гуфт зимни суҳбат Марҳабо Раҷабова. – Махсусан, адабиёти тиббӣ ба забони тоҷикӣ хеле кам аст. Муқоиса кунед: махзани умумии шуъба аз 10031 китоб аст, аз ҷумла, 9513 нусха ба забони русӣ, 429 нусха ба забони тоҷикӣ ва 89 нусха ба забони ӯзбекӣ. Аз ин рӯ, аз ҳамаи олимони соҳаи тиб, ки ба забони тоҷикӣ асар менависанд, хоҳиш менамоем, ки як - ду нусхагӣ китобҳои худро ба шуъбаи мо эҳдо намоянд, то дигарон, махсусан, пизишкон ва ҳамшираҳои ҷавон аз онҳо истифода баранд.
“Фарҳанги тиббии русӣ - тоҷикӣ – лотинӣ” - и М. Расулӣ яке аз нодиртарин китобҳоест, ки дарёфтанаш душвор аст. Марҳабохон Раҷабова аз китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоикистон нусхаи электронии фарҳангро дастрас намуд, ки он мушкили муштариёни аҳли тибро осон гардонд.
40 соли китобдорӣ
Агар ба шарҳи ҳоли Марҳабохон Раҷабова назар афганем, маълум мешавад, ки бештари умри ӯ сарфи китобдорӣ гардидааст. Ӯ 22 - юми сентябри соли 1962 дар шаҳри Тошканд ба дунё омадааст. Дар яксолагияш волидон, ки тоҷик буданд, ба шаҳри Хуҷанд барои истиқомати доимӣ омаданд. Марҳабохон баъди 7 - солагӣ толибаи мактаби миёнаи № 4 гардид. Модараш Маҳбубахон Исоева дар ҳамин мактаб ба ҳайси муаллимаи фанни кимиё ва биология дарс мегуфт. Модар ба ӯ насиҳат мекард, ки фарзандаш ба китоб меҳр бубандад, зеро танҳо китоб метавонад дар ҳама ҳолат мушкили одамро осон кунад.
Мактабро соли 1979 хатм намуду дар китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ба фаъолият пардохт. Соли 1980 ба шуъбаи ғоибонаи факултаи китобдорӣ ва феҳрастшиносии Донишгоҳи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, соли 1985 онро хатм намуда.
Дар дарозои фаъолияти самаранок ва намунавӣ дар ин муассиса аз вазифаи китобдор то ба вазифаи сардори шуъбаи санъат (соли 1992) расид. Соли 1998 барои вусъат бахшидани корҳои китобхонавӣ дар соҳаи маориф табдили ҷойи кор намуда, мудирии китобхонаи гимназияи №4 - уми шаҳри Хуҷандро ба уҳда гирифт. Бо ташаббуси вай кор дар китобхонаи гимназия ранги дигар гирифта, китобхона ба таври замонавӣ бо аёниятҳо, овезаҳо ва шиорҳои таблиғотии китобхонавӣ ҷиҳозонида шуда, ба маркази озмуну мусобиқаҳо табдил ёфт. Дар китобхона бо иқдоми ӯ як қатор вохӯриҳо бо шоирон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Фарзона, Артисти халқии СССР Ҷӯрабек Муродов, занҳои баруманди диёр Биҳоҷал Раҳимова, Муътабар Иброҳимова ва дигарон гузаронида шуданд.
Аз моҳи декабри соли 2010 Марҳабохон Раҷабова дубора аз гимназия ба китобхонаи вилоятӣ баргашта, вазифаи сардори шуъбаи адабиёти тиббиро ба зимма гирифт.
Хизматҳои шоистаи бо нишони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон қадр шудааст. Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» - и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 баргузор шуд, баробари муаррифии муассисаҳои фарҳангӣ ашхоси зиёдеро аз миёни китобдорону китобдӯстон баргузида намуд. Дар ин озмун Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабохон Раҷабова ширкат намуда, дар миёни китобдорони кишвар бо ҷамъоварии 1101 хол сазовори ҷойи якум ва сазовори унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Директори китобхонаи вилоятӣ Баҳром Мирсаидов бо мамнуният аз фаъолияти хуби ин бонуи фархунда чунин гуфт:
- Марҳабохон Раҷабова ба китобдорони навкору камтаҷриба доимо маслиҳат медиҳад, ки ба мутолиаи китобҳои бадеӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо машғул шуда, ҷаҳонбинии худро вусъат бахшанд. Зеро барои қонеъ гардонидани талаботи маънавии хонанда дониши ҳаматарафа лозим аст. Бояд китобдор ба муроҷиату дархости хонанда хуб посух гуфта тавонад. Ҳамаи ин маълумот аз он дарак медиҳад, ки Марҳабохон Раҷабова дар шумори инсонҳои дӯстдори касби худ қарор гирифта, бо маданияти баланди касбӣ ба хонандагон хизмат мерасонад.
Ӯ ба сифати устод, бо собиқаи 40 - солаи китобдорӣ, шогирдони бисёреро аз қабили Манижа Содиқова, Фирӯза Қаюмова, Мадина Қобилова, Шафоат Тагирова, Парвина Оқилова, Фарзона Юсуфова, Мавзуна Тошматова, Моҳира Шукурова, Ноилҷон Мирзозода ва дигар ҷавононро тарбия намудааст.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
Суғд