Халқи тоҷик чун кошиф ва ихтироъгари абрешим, матоъҳои абрешимӣ, аз ҷумла атласи оламшумул дар ақсои олам шуҳратёр гаштааст. Ба гуфти ҷуғрофиёшиносон дар асрҳои IX-X Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд ва Фарғона марказҳои истеҳсоли матоъҳои пахтагину абрешимӣ маҳсуб меёфтанд. Шоҳӣ, атлас, адрас, беқасаб, карбос, алоча ва чити Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва Истаравшан дар дунё харидорони зиёде доштанд. Дар ин шаҳрҳо дар аввали асри XX беш аз 60 намуди матоъҳои абрешимиву нимабрешимӣ, пахтагиву тибитӣ истеҳсол шуда, ба бозорҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Ҳиндустон, Чин, Россия, Туркия, Қафқоз интиқол меёфтанд.
коршиносон имрӯз аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки солҳои охир корхонаҳои саноатии кишвар тавони истеҳсоли молҳои хушсифати бозоргирро надоранд ва, аз ин рӯ, 90 дарсади маҳсулоти бозорҳои Тоҷикистонро молҳои хориҷӣ ташкил медиҳанд ва ин иллати аслии гаронии нарх дар бозор аст. Дар маҷмӯъ матоъ ба бозорҳои Тоҷикистон аз кишварҳои Туркия, Эрон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Корея ва Ӯзбекистон ворид мешаванд.
Пӯшидани куртаи атласу адрас набояд либоси мавсимӣ бошад ва ба бар кардани он набояд дар арафа ва давраи баргузории иду ҷашнҳо ва илова бар ин бо супориши мақомот сурат бигирад, балки он бояд либоси рӯзмарраи ҳар бонуи тоҷик бошад. Либоси атласу адрас, бешак, ҳам ба зани роҳбару соҳибкор зебанда асту ҳам ба олиму омӯзгор ва ҳам ба донишҷӯву хонандаи мактаб.
- Либоси миллии тоҷикӣ ба ҳусни зебои духтарони тоҷик ҳусни дигаре зам мекунад,–мегӯяд Санавбар Раҷабова, омӯзгори собиқадори шаҳри Ваҳдат.
Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдорандаи оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор мерафт. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хоссаи муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё пироҳани миллии онҳост ва вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо либоси хоссаи миллӣ меояд. Дар кишвари мо нафареро пайдо намудан душвор аст, ки мафтуни сеҳру ҷаззобияти атласу адраси Суғд, гулбасту чакани Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори минтақаи Рашт, алочаву шоҳии водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷӯробҳои Бадахшон набошад. Ва либоси миллии мо маҳз бо ҳамин рангу ҷило дар ҷаҳон муаррифӣ гардидааст.
Мутаассифона, як муддат миёни ҷавонони мо тақлид ба фарҳанги бегона бо роҳи пӯшидани пироҳанҳои кӯтоҳи ба тан часпида, доманҳои кӯтоҳ ва ҳиҷобу сатр густариш ёфт, ки ин хавфи касодии фарҳанги миллиро ба миён овард. Сатр ва ҳиҷоб дар шакле, ки имрӯз маъмул аст, хосси бодиянишинон буд ва ба либоси миллии мо робитае надорад. Сатри сиёҳ бошад, ба мардуми мо куллан бегона аст. Боиси таассуф, ки имрӯз ҷавонони мо бешуурона майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намебаранд. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллати худ аст.
Манижа Сафарова, ки солиёни зиёд ба ҳунари хайётӣ шуғл меварзад, андешаҳояшро дар мавриди либоспӯшии ҷавонон чунин баён намуд:
- Ман шоҳиди онам, ки сайёҳону меҳмонони хориҷӣ бештар ба ҷӯробҳои бадахшонӣ, чиҳози гулбофту муҳракориҳои онҳо, заргариҳои ромитӣ, чаканҳои Хатлон ва атласи нақшин таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Баъзе аз онҳо мепурсанд, ки оё занони сар то по сиёҳпӯше, ки имрӯз дар кӯчаҳо ба назар мерасанд, тоҷиканд? Ростӣ, чунин суолҳо касро ба андеша водор месозанд.
Шоёни зикр аст, ки занону духтарони атласпӯш имрӯз зиёданд, ки бо дидани онҳо баҳри дили кас кушода ва садои қалбҳо бо садои нағмаҳои борону хандаи тифлакон ҳамнаво мегардад. Ин гулдухтарони атласпӯш фариштаҳоеро мемонанд, ки бо рангу тобиши муҷалло зери навои ҳаётбахш ба ҷилва меоянд.
Шаҳло ЭШОНОВА