ДИЛСӮЗИҲОИ КАМПИРАКОН
Устод бисёр шеърҳо ва баъзе аз қисматҳои достонҳои «Мавҷҳои Днепр», «Суруши Сталинград», «Достони оташ», «Гаҳвораи Сино», «Исми ман - Тоҷикистон» ва «Падар»-ро дар зодгоҳаш, деҳаи Курговад, дар як макони баланди канори рӯдхонаи кӯҳӣ, дар домони кӯҳҳои «Зартеғ», «Нӯлаи навид», «Зардикав» ва «Офтобниҳол», дар таги дарахтони боғи дилкушое, ки қиблагоҳаш Қаноатшоҳ ва бародаронаш Ғайратшоҳ, Диловаршоҳ ва Анвару Акбар бунёд карда буданд, дар фаслҳои тобистону тирамоҳ, вақти ба аёдати хешу таборон ва ҳамдеҳагон омадан, навиштааст.
Ҳоло ҳам аз ёдам нарафта. Ба муносибати ҷашни 40 - солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши Котиби аввали КМ ҲК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов устод достони «Исми ман - Тоҷикистон»-ро эҷод мекард. Ба таҷлили ин ҷашн вақти хеле кам монда буд ва ин адиби ҳамон давра нисбатан ҷавону овозадор бисёр ҳам шитоб дошт. Болокории ҳамаи ин на танҳо хешовандон, балки паи ҳам хурду калони деҳаҳои Курговад, Пошхарв, Тоғмай ва дӯстону ҳамсабақҳояш ба аёдаташ аз субҳ то шомгоҳон меомаданд. Аз ҳолу аҳволаш пурсон мешуданд ва вақти пурқиматашро мегирифтанд. Деҳнишинон чӣ хеш ва чӣ бегона аз таҳти дил адиби ҳамдиёрашонро ба хонаҳояшон ба меҳмонӣ мехонданд, вале устод, азбаски фурсати ниҳоят танг дошт, ин таклифҳоро рад мекард. Аз субҳи содиқ то намози шом ва баъзан шабҳо низ дар равшании чароғи барқӣ ва карасинӣ аз пайи эҷод буд.
Рӯзе кампиракони деҳа Идимоҳ ва Сайрам, ки аз хешони наздики шоир буданд, пинҳонӣ аз чашми падарам Диловаршоҳ ба наздашон омаданд. Онҳо ӯро модарвор навозиш доданд ва гуфтанд, ки: «Муъминшоҳи ҷун, хеле лоғар шудай, лекин ҳеҷ гапе нест, илоҷашро меёбем, дору тайёр карда, мехӯронемат ва бовар дорем, ки шеърҳоятро тезакак ва нағзакак менависӣ».
Идимоҳ, кампираки содаи дилкушоди дарвозӣ, рӯзи дигар ҳанӯз субҳ надамида, як пиёлаи чойнӯшӣ пур аз равғани бодом дар назди устод пайдо мешавад. Ва бо боварӣ мегӯяд: «Муъминшоҳ, дар ҳамин дами саҳар равғани бодомро бинӯш, барои қувват гирифтани ҷисму ҷонат давои хуб аст, зуд бош, ки хунук нашавад».
Устод, азбаски дар умри худ гапи касеро ба замин намемонд ва бо хурду калон яксон муносибат менамуд, чашм пӯшида, пиёлаи лаболаб пури равғани бодомро менӯшад. Соате баъд ҳамсоязани куҳансоли дигар, очаи Сайрам низ косае дар даст ҳозир мешавад. Ӯ низ бо ҳамон лафзи ширини дарвозӣ «Бачаи ҷун, ҳамин равғанаки пистаро дам бикаш, ҳамаи ранҷҳо аз баданат берун мераванд»,- гӯён бо исрор нӯшидани равғани пистаро намуд.
Ӯ дид, ки кампираки Сайрам дар азми худ чун кӯҳи бовиқори «Зартеғ» устувор истодааст, равғани пистаро низ бо дили нохоҳам дам кашид.
Баъди рафтани холаи Сайрам қиёмат сар шуд. Сари устод чарх зада, дилаш беҳузур гашт. Аз чунин ғамхориҳои пур аз меҳру муҳаббати кампиракон ду рӯз як сатр шеър навишта натавонисту чизе ба даҳон бурда. Устод то охирин лаҳзаҳои умр дилсӯзиҳои кампиракони Курговадро ба хотир оварда, самимона механдид.
МУЖДА АЗ ФАСЛИ БАҲОР
Чандин сол аз ин пештар, вақте устод Муъмин Қаноат ҷавонтар буд, дар боғистони аҷдодӣ достони «Мавҷҳои Днепр»-ро таҳрир мекард. Одате дошт, ки ҳар рӯз субҳи содиқ соате дар соҳили дарёчаи Курговадоб қадам зада, ба навои рӯд гӯш медод. Сипас, сангчаҳои гуногунранги зебои соҳилро чида болои мизи кории аз ду тахта сохтаи усто Назрулло Абдулло бо тартиб мегузошт.
Ман, ки он вақтҳо дар синфи ёздаҳ мехондам, вазифа доштам, ки самовори бобоиро ҷӯшонда, барои амакам нон, чой, мева, тут, мавиз ва чормағз омода созам.
Як саҳаргоҳ, вақте чойники чой ва дастархон дар даст ба наздашон рафтам ва ин неъматҳои тоза ва лазизи кӯҳистонро болои миз мегузоштам, дар дасти устод гулдастаи тару тозаеро дидам, ки аз он накҳати фараҳбахше ба машом мерасид. Маро дида, болидахотир, вале ҳайрону андешамандона гуфт:
- Касе ҳамин дастагули тару тозаро аз рӯи меҳру меҳрубонӣ ва ихлосмандӣ, болои мизи кориам гузоштааст. Аз гулдастабандиҳои пурназокат ва зебояш маълум аст, ки хоҳари тозарӯзгор ва хушкоре мебошад ва бадоҳатан ин мисраъҳоро хонд:
Муждаям медиҳӣ аз фасли баҳор,
Во дареғо, ки баҳорам бигузашт…
ИБРАТ
Курговад бо дарёча, чашмасорон ва чанорҳои азими куҳансолаш маълуму машҳур аст. Аҷибаш он аст, ки ин чанорҳо дар канори чашмаҳо ва лаби рӯдҳои кӯҳӣ қад афрохтаанд. Ва боз аҷибтараш он аст, ки дар таги чанорҳои чор бурҷи Курговад, аз замони қадим сангҳои калонҳаҷми табиат чортарошкардаро деҳнишинон аз кӯҳу пуштаҳо оварда, аввало гирдогирдро девор карда, сипас тахтасангҳоро ҳунармандона ва устокорона гузоштаанд. Ин маконҳои сангин ба хотири ҷамъомади сокинони деҳа ҳоло ҳам бо номҳои Сангои Пуни Ду, Хармана, Спод ва Моравн ёд мешаванд. То даврони шӯравӣ ва бунёд гаштани клубҳо ин маконҳо ҷои ҷашну чорабиниҳои мардумӣ буданд. Он айём як рӯз пеш аз оғози идҳо духтаракони чобукдаст майдони таги чанорҳо, лаби чашмаву дарёчаро рӯфта, болои тахтасангҳоро бо латта тоза мекарданд.
Устод ҳар боре ба зодгоҳ омадан, суфаҳои сангинро «хабар» мегирифт. Дар таги чанорҳо, болои кӯрпачаҳои тахтасангҳои қадима нишаста, бо ҳамдеҳагон суҳбат меорост. Аз рӯи одат, як дафъа ба таги чанорҳо ва Сангои Пуни Ду меравад. Он маконро пур аз баргу шохчаҳои хушкидаи тундбодҳо афтондаи чанорҳо ва майдони лаби чашмаро ҳафтаҳо ҷорӯбназада мебинад ва табъаш хира мегардад. Ин манзараи ҳузнангезро адиби номдор дида, ҷорӯб ба даст гирифта, ба рӯфтани суфаҳои сангини таги чанорҳо бо ҳамроҳии чанд тан аз мардони деҳа шурӯъ мекунад.
Ба рӯбучин ва тоза кардани Сангои Пуни Ду даст задани устоди зебопарастро дида, кампири Нигина ва бонувони дигари маҳалла аз рӯзи дигар сар карда, мунтазам ба таги шаҳчанорҳо мешитобанд. Онҳо гирду атроф, майдони назди чашмаро мерӯбанд, болои тахтасангҳоро бо латта пок мекунанд. Занону духтарони дигар низ ба онҳо пайравӣ карда, суфаҳои тахтасангини маҳаллаҳои худро доимо тоза ва озода нигоҳ медоранд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
рӯзноманигор