Пешаи падар барояш азиз буду ошно. Ӯйи хурдсол ҳамроҳ бо қиблагоҳ қадамзанон ба коргоҳаш мерафт. Эҳтироми ҳамкорону талабагон, садои марғуладори падар ва ҳамзамон таскинбахшу ба дил қарини вай боиси дар қалби кӯчакаш пайдо гардидани шавқ ба пешаи омӯзгорӣ гардид.
Аз интихоби равияи омӯзгорӣ мамнуну сарбаланд буд, чун аз падар дуои нек гирифту дар ин ҷода ӯро ёвари беҳамто мепиндошт. Бо заҳмати софдилона, адлу инсоф ва фарҳангсолорӣ миёни ҳамкорон маҳбубияту эътибор пайдо кардаву шурӯъ аз зинаи омӯзгорӣ имрӯз то ба симати сарвари факултет расидааст…
- Зиндагиро ман чун ҷадвали дарсӣ вақтбандӣ кардаам ва ҳар рӯзам мувофиқи ин нақша сипарӣ мешавад, -мегӯяд Ҷамила Исломова, декани факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ.
Ифтихорманд аз он аст, ки дар оилаи зиёӣ ба камол расидаву ба қавле «устухонаш бо обу нони пешаи омӯзгорӣ сахт шудааст». Даврони хурдсоливу мактабиаш дар шаҳри Кӯлоби бостонӣ гузаштаасту соли 1986 ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб шомил шуда, дар риштаи забон ва адабиёти рус таҳсил намудааст. Бо дониши қавӣ ва кушодарӯӣ дидадаро шуду ба дидаҳо ҷо. Ин буд, ки соли 1992 паҳлу ба паҳлуи устодонаш ба омӯзгорӣ пардохт. Дар зудтарин фурсат ӯ чун омӯзгори навҷӯю навгӯ байни ҳамкорону толибилмони факултаи забон ва адабиёти руси ин даргоҳ дурахшид. Дар ин миён равзанаи бахт низ ба рӯяш боз шуду шарики ҳаётии хешро дарёфт ва оила бино кард. Ду фарзандро ба дунё овард ва, агарчи зиндагии хубе дошт, зарбаи тақдирро низ озмуд. Риштаи умри ҳамсафари ҳаёташ бармаҳал канда шуд. Ҳарчанд таҳаммул кардани ҳақиқати талх барояш сангин буд, дарк намуд, ки ҳамакнун масъулияти бузург бар дӯши ӯст – тарбияи дурусти фарзандон ва соҳибтаҳсил кардани онон. Дигар натавонист дар зодгоҳ бимонаду ба ёди рӯзҳои пур аз хурраму нишот ашк резад ва роҳ гирифт сӯи пойтахт.
Ҷамила гуфтаи Маҳатма Ганди: «Ҳадафатро маълум намо, василаҳо худ пайдо мешаванд»-ро дар зиндагӣ шиор ангошта, тибқи он амал намуду ба ин тариқ, соли 2003 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба кор омад. Меҳнатдӯстиву ташаббускории ӯро ба назар гирифта, ба ҳайси раиси шӯрои занони донишгоҳ пазируфтанд. Ва баъдан дар вазифаҳои мудири кафедраи забон ва адабиёти рус, ноиби ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, роҳбари бахши таҷрибаомӯзии донишгоҳ заҳмат кашидааст. Баҳри ноил гардидан ба пирӯзиҳо муаллима саҳми устодонаш Абдулҳамид Нозимов, Рустам Давлатов ва Нуралӣ Валиевро бесобиқа медонад. Дар пайравӣ ба устодон ӯ алҳол рӯи мавзӯи илмии хеш «Адабиёти бачагонаи рус ва тоҷик» бо дастгирии устодаш профессор А. Нозимов кор мебарад.
- Дар факултаи мо 21 омӯзгор заҳмат мекашад, ки аз ин 18 нафар бонувонанд. Аксарияти донишҷӯёни шуъбаи ғоибона бонувонанд ва ин шумора тайи солҳои охир 30 - 40 фоиз афзудааст. Завқи илмомӯзӣ ва саъю кӯшиши онҳоро дида, меболам. Зеро аз модари донишманд насли тарбиядида ба воя мерасад, - иброз дошт Ҷамила Исломова.
Ба иқрори ӯ, имрӯзҳо аз дурдасттарин деҳаҳои кишвар духтарон тариқи Квотаи президентӣ ба факултаи онҳо шомил мегарданд ва алҳол шумораи онҳо 54 нафарро ташкил медиҳад. Ин духтарон дар маҳфилҳои гуногуни факулта ширкати фаъол доранд, ки баҳри мустақилият ва эҷодгарии онҳо таъсири амиқ мегузорад. Ба гунаи мисол, дар маҳфили «Русское слово», ки бо дигар кафедраҳои донишгоҳҳо иртибот дорад, духтарон ба дастовардҳои чашмрас ноил гардидаанд. Аъзои ин маҳфил, донишҷӯи курси 3-юм Шаҳноза Иброҳимова барои иштироки фаъолона дар корҳои илмию эҷодӣ ва ҷамъиятӣ сазовори ҷоизаи озмуни донишҷӯён ба номи М.В.Ломоносов гардид. Аъзои маҳфил соле ду маротиба дар хонаи пиронсолон баҳри рӯҳбаланд намудани барҷомондагон бо барномаҳои махсус хотири онҳоро шод мегардонанд.
Ба андешаи ӯ, имрӯз гузариш ба низоми кредитӣ айни муддаост ва ин усул донишҷӯро маҷбур месозад, то иттилоъро ҷустуҷӯ кунад, чун ягона воситаи имтиҳонсупорӣ дониши андӯхтааш аст. Бино ба маълумоти мавсуф, нишондодҳои соли 2018 назар ба се соли қаблӣ беҳтаранд. Таҳлили вазъи имтиҳонсупории донишҷӯёни курси сеюм нишон дод, ки соли 2017, 30–35 фоиз хол ба даст овардаанд ва соли 2018 ин нишондод то 70–75 дарсад расидааст.
- Пешвои миллат дар Паёми хеш, ки 26-уми декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд, аз он изҳори нигаронӣ доштанд, ки такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ чандон қонеъкунанда нест. Мо фаъолияти минбаъдаамонро ба он равона месозем, ки ин дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо сифати аъло ва сари вақт ба анҷом расонем ва барои муассисаҳои таълимии кишвар мутахассисони соҳибкасб омода созем,- мегӯяд муаллима Ҷамила Исломова бо камоли масъулиятшиносӣ.
Фарзона ВОСЕЕВА