Агар ҳамсабақон Гуляманро чун духтараки шӯхшанг ва донову сахткӯш дар ёд доранд, бештари хонандагони васоити ахбор вайро чун журналисти бориз мешиносанд. Ӯ тавонист бо истеъдод, сеҳри сухан ва мавқеъи фаъоли иҷтимоӣ дар дилашон ҷо гирад. Дар солҳои аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ душвортарин, агар бонувони бозори Хоруғ ба мушкиле мувоҷеҳ мешуданд, ба назди Гуляман, ки хабарнигори телевизиони Бадахшон буд, бо арзу шикоят меомаданд. Агар дар маҳале мушкил пеш меомад, сокинон ба Гуляман Алиёрова муроҷиат мекарданд, то масъулинро аз «хоби гарон» бедор созад.
рӯзнома, 45 дақиқа барои радио ва ба ҳамин андоза навор барои телевизион омода мекард. «Қаҳрамонон»-аш мардумони одии кишваранд. Аммо сеҳри хомаи нигоранда ва қобилияти кушодани олами ботини мусоҳибон имкон медод, ки мо пас аз чеҳракушоӣ ба ин қаҳрамонҳо ба чашми дигар нигарему онҳоро дӯст бидорем, ҳисси ҳамдардӣ ба мушкилоти онҳо пайдо кунем ва ё аз зиндагии хоксорона, вале пандомезашон ҳикмате биомӯзем.